ФОТЕҲ НИЁЗӢ: САРБОЗИ БО “ВАФО”- И ВАТАН

Нахустин романе, ки овони мактабхонии мо, солҳои 60-70 –уми асри гузашта дасти ба даст мегашт, ин романи “Вафо “-и нависандаи хушкалом Фотеҳ Ниёзӣ буд. Дигаронро намедонам, аммо ман “Вафо”-ро яке аз романҳои хеле ва хеле самимию шавқангези асри бистум меҳисобам. Воқеан ҳам асари мазкур як навъ муаррифгари шоистаи адиб буд.

Соли 1974 романи навбатии устод Фотеҳ Ниёзӣ “Ҳар беша гумон мабар, ки холист…” ба дасти ҳаводорони адабиёт расид. Ва ин асар низ байни хонандагони тоҷик, СССР ва хориҷи кишвар мақоми арзандаи хешро дарёфт.

Нависандаи маҳбуб, сарбози диловари Ватан Фотеҳ Ниёзӣ аз он ба баъд ҳам домани мавзуи ҷангро аз даст раҳо накард ва каме баъдтар романи дигари адиб “Сарбозони бесилоҳ” (…) манзури хонандагон гашт.

Чун тантанаи 80-солагии Ғалабаи халқи Советӣ бар Германияи фашистӣ пешорӯи мост, аз сарбози матин, нависандаи маҳбуб Фотеҳ Ниёзӣ ёдоварӣ кардан айни муддаост.

 

Самарқанд

Фотеҳ Ниёзӣ 110 сол қабл аз ин, 18-уми апрели соли 1914 дар сайқали рӯи замин, шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик.

Мавсуф соли 1929 омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва пас Академияи омӯзгории Самарқандро хатм кардааст.

Фотеҳ Ниёзӣ ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ ба рӯзномаҳои “Ленин юли” ва “Ҳақиқати Ӯзбекистон” ҳамкории доимӣ дошт. Ӯ аввалҳо ба забони ӯзбекӣ шеър, ҳикояву мақола менавишт.

 

Сталинобод

Фотеҳ Ниёзӣ соли 1934 муқими пойтахти давлати тоҷикони дунё,  шаҳри дилорои Сталинобод (ҳозира Душанбе) шуд.  Доманаи шаш сол дар рӯзномаҳои “Тоҷикистони Сурх” ва “ Газетаи муаллимон” ба симати котиби масъул меҳнат кард. Адиб дар ин давра бомаром ба доираи васеъи адибони тоҷик ворид гашт.

 

ФРОНТ

Соли 1941 Германияи фашистӣ аҳдшиканона ба СССР ҳуҷум кард ва ҳамин хел Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар зад. Ҷавонмарди баркамол, Фотеҳ Ниёзии 27 сола низ ба ҳимояи Ватани паҳновари хеш бархост.

Ӯро ба фронт сафарбар карданд. Задухӯрдҳои аввалинро аз фронти Ленинград ба сар дид. Бо фашистон дастбагиребон шуд. Хизматро баъдан дар рӯзномаҳои фронтӣ пушти сар кард.

Пас аз ғалаба бар Германия фаъолияташро ҳамчун муовини муҳаррири рӯзномаи “Фрунзевец” идома бахшид. Дар он миён Фотеҳ Ниёзӣ дар шуъбаи шабонаи Институти давлатии омӯзгории Тошканд таҳсил намуд.

 

ТОҶИКИСТОН

Бо поён ёфтани хизмати ҳарбӣ Фотеҳ Ниёзӣ ба шаҳри Душанбе баргашт. Чанде котиби масъул ва сармуҳаррири маҷалаи “Шарқи Сурх” буд. Соли 1953 котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, солҳои 1968-1970 ҳамчун муовини раиси Кумитаи телевизон ва радиои ҷумҳурӣ ба кор омад. Пас, дуюмбора котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардид.

 

ЭҶОДИЁТ

Устод Фотеҳ Ниёзӣ фаъолияти эҷодии хешро аслан аз нимаи солҳои 30-юми асри XX шуруъ карда, шеърҳои ӯзбекияш дар маҷмуаҳои “Маяк” (1933),  “Таронаҳои рӯз” (1935) ва “Муҳаббат” (1939) ба табъ расидаанд.

Баъд аз он нависандаи хушзавқ асарҳояшро комилан ба тоҷикӣ таълиф кардааст. Соли 1938  Фотеҳ Ниёзӣ бо ҳамроҳии Самад Ғанӣ драмаи “Ватандӯстон”-ро таълиф ва дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ саҳнагузорӣ карданд.

Баъди бо ғалабаи бузурги халқи советӣ анҷом ёфтани Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 адибони тоҷик низ аз корнамоиҳои безаволи фарзандони Ватан хомафарсоӣ намуданд. Ва бегуфтугӯ маҳаки эҷодии Фотеҳ Ниёзӣ мавзуи ҷанг буд. Маҳсули эҷодии адиб ин китоби очеркҳои ҷангиаш “Интиқоми тоҷик” (1946) шуд…

 

“ВАФО”

Хонандагони хушзавқи тоҷик соли 1949 романи якум ва басо мароқангези Фотеҳ Ниёзӣ “ Вафо”-ро ба даст гирифтанд. Ва ин роман дар муддати начандон тулонӣ байни хонандагон маҳбубияти хосаро касб кард.

Романи “Вафо” аз ду қисм иборат буда, он солҳои 1949 ва 1958 ба забони тоҷикӣ нашр гардидааст. Баъдан романи мазкур соли 1959 ба забони русӣ, соли 1960 ба форсӣ аз чоп баромад. Солҳо пас романи “Вафо” борҳо ба тоҷикӣ ва русӣ, соли 1954 бошад ба хитоӣ чоп шуд.

Фотеҳ Ниёзӣ ҳамчунон қиссаҳои “Димаи диловар” (1957), “Ҳисса аз қиссаҳои ҷанг” (1962), “Одамон ва мулоқотҳо” (1964), “Духтари ҳамсоя” (1965)-ро эҷод ва пешкаши ҳаводорони адабиёти муосир гардонд.

 

Ҳар беша гумон мабар, ки холист

Бо сипарӣ шудани беш аз як даҳсола Фотеҳ Ниёзӣ романи дигари хеш “Ҳар беша гумон мабар, ки холист…” (1974)-ро манзури хонандагон гардонд. Аз он пас адиби ҷанговар романи навбатиаш “Сарбозони бесилоҳ” (…) – ро таълиф ва ба нашр расонд. Ҳар ду романи болозикр дар мавзуи ҷанг ва тавсифи ҷавонмардони шердил дар ҷабҳа бахшида шудааст. Ин романҳо борҳо ба забони русӣ тарҷума ва чоп гардидаанд.

Устод Фотеҳ Ниёзӣ соли 1977 барои романи “Ҳар беша гумон мабар, ки холист…” сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ шуд…

 

Адиби сермаҳсул

Нависандаи мумтоз Фотеҳ Ниёзӣ дар мавзуҳои гуногун қаламфарсоӣ кардааст. Қиссаҳои “Пахта ва гул” , “Фоҷиаи Боғистон” дар мавзуи мубрами рӯз – деҳқонӣ ва маданият мебошанд.

Адиби хушкор соли 1969 драмаи “Кӯпрук”-и хешро дар Театри Лоҳутӣ саҳнавӣ гардонд, ки онро чандин сол ба репертуари театр мақом доданд.

Фотеҳ Ниёзӣ дар тарҷума низ қувва озмуда, асарҳои алоҳидаи М. Садовяну, Ш. Рашидов, Ю. Фучик  ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Хушоянд аст, ки солҳои 1974-1978 Куллиёти осори Фотеҳ Ниёзӣ дар чаҳор ҷилд пешкаши хонандагон шудааст.

 

ФИЛМНОМАНАВИС

Адиби хушкалом  баробари дигар нависандагону шоирони вақти хеш ба арсаи кино низ ҷалб гардида буд. Дар асоси филмномаҳояш кинои “Духтари сеюм” (ҳамроҳи Инна Филимонова), режиссёр Анвар Тӯраев, композитор Саид Ҳамроев соли 1970 пешкаши ҳаводорони синамо гашт. Дар ин филм нақшҳои асосиро Ато Муҳаммадҷонов ва Тамара Кокова басо ҷолиб офаридаанд.

Филмномаи дигари адиб “Оилаи Ғаюровҳо” (бо ҳамроҳии А. Стругатский) соли 1975 ба прокат баромад. Режиссёри ин филм Валерий Аҳадов, композитор Фирӯз Баҳор мебошанд. Ҳунарпешаи маҳбуб Ато Муҳаммадҷонов (дар нақши асосӣ) бо ҳунарнамоии волои хеш тамошобинонро қоил кард.

 

ПОДОШ

Заҳмати адиби ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ дар замони хеш бо мукофотҳои зиёд қадрдонӣ гаштааст. Соли 1977 бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, унвонҳои Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1970) , Нависандаи халқии Тоҷикистон (1986), ордену медалҳои ҷангиву меҳнатӣ, ифтихорномаҳо сазовор шудааст.

Фотеҳ Ниёзӣ солҳо узви раёсат ва котиботи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви комиссияи ИН СССР оид ба адабиёти бадеии ҳарбӣ, узви раёсати нашриёти “Советский писатель” ва узви раёсати фонди Адабиёти СССР буд.

Соли 1965 Фотеҳ Ниёзӣ ҳамчун адиби ҷанговар дар кори симпозиуми Байналмилалии нависандагон дар мубориза бар зидди фашизм дар шаҳри Веймари Ҷумҳурии Демократии Германия ширкат дошт.

Фотеҳ Ниёзӣ аз соли 1938 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (СССР) буд.  Адиби маҳбуб 1-уми сентябри соли 1991 аз олам даргузашт.

 

Умари ШЕРХОН

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube