РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ОБЕД КУН!

Ҳафтаи гузашта ба унвонии редаксияи газетаи мардумии СССР чанд тан сокинони шаҳри Бохтар дар тамос шуда, аз хизматрасонии бад, муомилаи нохуб ва нархҳои гарону ошхонаҳои булаҷаби ҳудуди шаҳр изҳори нигаронӣ карданд. Дар робита ба ин шикоятҳо редаксия супориш дод, ки ҳафтаи равон бояд аз чанд ошхона ва тарабхонаи ш.Бохтар дидан намуда, дар баробари ин ҳатман ҳам обед кунем. Ногуфта намонад, ки аз рӯзи маҷлиси идорӣ сар карда, барои баррасии пурра ва таҳлили ҳамаҷонибаи мавзӯъ мо 1 бор не, 10 бор дар якчанд ошхонаҳои шаҳр чошт-обед кардем.

Симои ошхонаҳоро дар шаҳр дида, шукр мекунӣ, ки пешравиҳо дар авҷи аълоянд. Зеро дар ҳар гардиши 1 кӯча ҳатман ошхона ё тарабхонаро мебинӣ. Аммо чаро нафарони зиёд аз хизматрасониҳои ошхонаҳои шики шаҳр розӣ нестанд? Ва ё чаро нафарони оддӣ наметавонанд дар чунин ҷойҳо хӯрок хуранд? Чаро нархҳои газандаи ошхонаҳо мардуми одиро аз худ дур кардааст?!

 

Номҳои ғайритоҷикии ошхонаҳои Бохтар

16.01.2025. Соат ба вақти Бохтар 12:09 дақиқа. Баъди анҷоми корҳои вазифавӣ тибқи супоришоти инҳафтаина бояд дар ошхонае хӯрок мехӯрдам. Дар шаҳри Бохтар ошхонаву марказҳои гуногуни хӯрокхӯрӣ хеле зиёданд, аммо чун хизматчии давлатӣ бошӣ албатта, ки макони арзони болаззат мекобӣ! Ё гапам нодуруст мӣ?!

Ба номҳои хориҷие, ки дар ошхонаҳо гузошта шудааст шояд аксаран мисли мо сарфаҳм нараванд. Ба монанди «Стар-фуд», «Урумчӣ- 1», «Уйгурӣ», «Рич – Бургер» ва амсоли инҳо, ки гӯё бо номгузории худ аз ошхонаҳои миллӣ боло бошанд. Бо номгузории забони ғайридавлатӣ ин ошхонаҳо то куҷо риояи забони давлатӣ мекунанд, савол матраҳ мемонад. Борҳо маъсулон барои иваз кардани номҳои ғайритоҷикӣ кушиш карда бошанд ҳам, аммо то ҳол чунин ҳолатҳо ба назар мерасад. Масъалаи номгузории ошхонаҳоро мавзӯи дигар аст, ки ҳатман дар гузоришҳои оянда пайгир хоҳем шуд.

 

 Ошхонаи «Урумчӣ 1» – нархҳои газанда ва муҳит….

17.01.2025. Соат ба вақти Бохтар 12:22 дақиқа. Ҳамроҳи дӯстон маслиҳат кардем, ки хӯроки нисфирӯзиро дар яке аз ошхонаҳои номдор тановул намоем. Ва ҳам дар пасманзари он аз нархнома ва хизматрасонии он хулоса барорем. Тибқи маслиҳатамон «Урумчӣ – 1»- ро интихоб намудем. Дар толори калон мардуми зиёде нишаста хӯрок фармоиш медоданд. Мо низ 1 мизу курсиро интихоб намуда, нишаста интизор мондем, то пешхизмат наздамон ояду фармоишамонро ба ҷо орад. Аслан ба андешаи мо имиҷи ошхонаҳоро пешхизматҳои он метавонанд муаррифӣ намоянд. Албатта бо сатҳу сифати хизматашон. Лекин баъди чанде дар ин ошхонаи номдор ҷавони ношиносе бо сару либоси ғайрихизматӣ наздамон меояд ва чи фармоиш доданамонро пурсон мешавад. Мо кӣ буданашро пурсида, дар ҳайрат мондем. Пешхизмат бо овози баланд ман “пешхизмат ” гуфта, хоҳиш кард то мо чӣ фармоиш доданамонро бигӯем. Барои қабули меҳмонон пешхизмат бояд рӯҳан ва равонан омодагии хуб дида бошад, то муносибати хубро бо мизоҷ ба роҳ монад. Сару либосаш бояд ҷобгӯ ба касбаш бошад. Агар чунин омодагиҳоро дид, пас вай аз уҳдаи қабули меҳмонон баромада метавонад. Вале шаклу симои ин «пешхизмат» мегуфт, хоҳед ҳамин нахоҳед 4 тарафатон қибла!

1 амали дигаре, ки шояд бисёриҳоро нороҳат мекунад, ин ҳангоми истеъмоли ғизо фаррошон ба мизоҷон нигоҳ накарда, фаршу мизу курсиро тоза кардан мегиранд, ки ин кор дар ягон гӯшаи дунё нест. Кадом фасле, ки набошад набояд ҳангоми хӯрокхӯрӣ ба поккорӣ роҳ дод, чун дохили ошхона одамон равуо мекунанд. Баъдан дар ин ошхона мурғу самбӯсаҳои номии уйғурӣ дар лаби роҳ пухта шуда, ҳолати санитарии он риоя намешавад. Тобистон ин ҷо аз равуои зиёди мошинҳо ва тамбашавӣ чангу хок ба вуҷуд меояд. Мавзеи пухтупази онҳо дар таги чароғак воқеъ аст. Мазза ва истеъмоли хӯрок 1 сӯ, аммо муносибат сӯи паллаи дигари тарозу меистад!

Дар ин ҷо бо дӯстон мо ош ва шӯрбои каллаву поча, чой ва кулча хӯрда, дар назди дар чек талаб намудем. Ва маълум шуд, ки нархи хӯроки одӣ дар ин ҷой 75 сомонӣ арзиш доштааст. Боқӣ худатон қазоват намоед, ки барои 1 табақ оши серравған, ки дар таги табақ буду иштиҳои касро баста менамояд, 75 сомонӣ магар аз рӯйи инсоф аст?

 

«Рич – бургер» ҷойи бекорхуҷаҳост?

18.01.2025. Соат ба вақти Бохтар 12:17 дақиқа. Ҳамин гуна рӯзи дигар ба ҷойи дигаре бо номи «Рич – Бургер» меҳмон шудем. Пештоз бигӯям, ки муҳити зебо ва мусоиди ин ҷо роҳат аст, лек агар нархҳояшро пурсон шавӣ аз осмони ҳафтуманд. Ба ин ҷо меоям ва мунтазир мешавам то ягон нафар наздамон ояд. Чанде баъд ҷавоне омада, баъди салом фармоишро пурсон шуд. Ин ҷо муҳит хуб аст, аммо мунтазирии меҳмон мушкилоти рақами 1 боқӣ мемонад. Агар ман соати 12 омада бошам маҷбурам барои фармудаи худам то 40-50 дақиқа интизорӣ кунам. 1 чойи оддӣ ба 10 сомонӣ баробар аст. Ва агар ман коргари давлат бошам, мунтазир шудаву хӯрокро бароҳат хӯрда наметавонам. Шояд ин гуна ҷойҳо барои мо набошанд? Ин ҷо асосан ҷойи бекораҳост, ки вақти зиёд доранд.

Хулласи калом баъди истеъмоли хӯрок, ки дар номгӯйи инҷо аз хӯрокҳои миллӣ асаре нест, нархҳо газиданд! Ва боз ҳам саволе оромамон нагузошт, ки чаро дар ошхонаҳо ғайр аз номгӯйи хӯрокҳои уйғурӣ рӯйхати хӯрокҳои миллӣ дида намешавад? Ва ё ошхонаҳо барои пешниҳоди хӯрокҳои тоҷикӣ дар ҳаросанд, ки бозорашон коҳиш меёбад?  Ба куҷое, ки нигоҳ накунӣ, ҳама ҷоро хӯрокҳо ва рекламаҳои уйғурҳо забт кардааст. Оё боре андеша кардаед, ки уйғурҳо хӯрокҳои моро ҳам ҳамин гуна дар Ватанашон тарғиб мекунанд?! Неъ, ҳеҷ гоҳ!  Вале ошхонаҳои Бохтарро ҷамъ кунем, 1 Уйғуристони дигар мебарояд. Масъулин куҷо менигаранд?

 

 «Доставка»

Мардуми мо одатан бисёр меҳмондӯст ҳастанд. Ба хотири назди меҳмон обру гирифтан чӣ корҳое намекунанд. Гоҳо дар хона нишаста, кадбонуҳои мо хӯрокҳои ошхонаӣ фармоиш медиҳанд. Бехабар аз оне, ки агар дар хона онро дастпухт намоянд, ҳам арзону ҳам лазизтар меояд.

Ба ин андешаи мо нафари дигаре бо номи Исмоил, сокини шаҳри Бохтар ҳамроҳ шуда, афзуд, ки

– Ҳоло дар мо «доставка», яъне ғизои фармоишӣ мӯд шудааст. Дар хориҷа, ки занҳо ҳам кор мекунанд, шояд ин қобили қабул аст. Вале дар мо, ки бонувон 24 соат назди подъездҳо семичкахӯрӣ ва ғайбат карда мешинанд, магар айб нест?

 

Хӯрокҳои миллӣ куҷо шуданд?

19.01.2025. Соат ба вақти Бохтар 12:12 дақиқа. Боз ба ошхонаи «Урумчӣ -1» меҳмон шудем. Ин навбат 1 табақча қайла ва ним коса шӯрбои каллаву почаи гов 97 сомониро ташкил доду дар ниҳоят надоштани чекро баҳона пеш оварданд. Ҷои бақия фурӯшанда 1 сақичи “Дирол”- ро дода, 100 сомониамонро гирифт. Аҷиб! Вақте коғази чек надоред, аз куҷо мо фаҳмем, ки кадом хӯрокатон чи қадар нарх дорад? Вале дар умум муносибату муомилаи пешхизматҳо имрӯз бад набуд. Шояд шикваҳои 2 рӯз пешинаи мо корбаст шудаанд!!!

Дар ин рӯзҳое, ки мо барои таҳлили мавзӯъ дар ошхонаҳо будему обед кардем, мушоҳида намудем, ки нархҳо дар ҳақиқат тибқи шикоятҳои хонандагон гарон аст. Аммо барои аз уҳдааш баромадан мо ошхонаҳои шаҳрӣ даромада, ба маблағҳои зиёде хӯрокҳои миллӣ кофта, истеъмол кардем. Ҳарчанд дар муҳити хона ҳам ин кор имкон дошт, лек супориш супориш аст.

Хурокро ку хурдем, лекин дар сар фикри супориши навбатист, ки ин навбат чӣ хоҳад буд…Дар ҳар сурат, Мо Метавонем!

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

Бохтар  

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube