Тибқи дастури Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе то 01.09.2025 тамомии ширкатҳои хизматрасонии таксӣ дар пойтахт бояд ба нақлиёти барқӣ гузаранд. Ин раванд аллакай 1 сол пеш шуруъ гашта, то ба имрӯз аксари ширкатҳое, ки бо хадамоти таксӣ машғуланд, парки техникии худро бо тадриҷ иваз намуда, ба электромобилҳо – ба қавле мошинҳои сабз гузашта истодаанд. Кор дар ин самт ҳоло давом дорад ва дар матлаби зер мо дар бораи ширкатҳои таксӣ ва теъдоди электромобилҳо дар ш.Душанбе ҳатман хоҳем гуфт.
Мақсад аз дастури шаҳрдори муҳтарами мо низ он аст, ки ба сокинони ш.Душанбе бояд таксиҳои муосир, бо доштани хадамоти хуб ва муҳимтар аз ин бо истифода аз энергияи сабз, бо тартибу низом хизмат расонанду кори сокинону меҳмононро осон намоянд.
Аммо мавзуъе, ки мо ҳоло сари он тамаркуз кардаем – ин ба талабот ҷавобгӯ набудани хизматрасонии таксӣ дар пойтахт аст, ки мусофиронро нигарон кардааст. Ронандагони таксиҳои пойтахт вақтҳои охир ба қавле «гузарондаанд» ва бояд сари ҷилави онҳоро кашид, то ба ҳамон чаҳорчӯбаи кории системавии худ баргарданд.
Алло, таксӣ…?
Ё ронандаҳои нозук, «час пик» ва мо
30.12.2024. Соат бо вақти Душанбе 13:53 дақиқа. Макон Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе. Ба ширкати «3333» занг мезанам ва таксӣ фармоиш медиҳам – дар дастам туҳфаҳои зиёд асту ба танҳоӣ бурдани онҳо ғайриимкон. Фармоишро оператор қабул мекунад, аммо танҳо пас аз 17 дақиқа посух меояд, ки «Мизоҷи муҳтарам! Ҳамаи мошинҳо банданд, мо наметавонем талаби шуморо қонеъ намоем. Маъзарат мепурсем!».
Баъди ин ба ширкати «1111» занг мезанам, оператори ин ширкат дарҳол шинохта – замоне мо «VIP»- клиенти ин ширкат будем, дар посух мегӯяд, ки айни замон мошини холӣ надорем…
Маҷбур пакетҳои калонро гирифта, сари роҳ мебароям ва хушбахтона 1 таксии сабз истода, ронандаи он макони мерафтаро пурсида, пасон иҷозати нишаст медиҳад. Имрӯз ронандаҳои таксӣ, хосса экомобилҳо ин қадар эркаву боғурур шудаанд, ки агар баногоҳ бубинанд, ки бор доред, намеистанд ва ё бор намекунанд!
10.01.2025. Соат бо вақти Душанбе 17:17 дақиқа. Макон Нашриёти «Шарқи озод». Ба ширкати «3333» занг зада, барои сардабир мошин фармоиш медиҳем, посух-СМС танҳо пас аз 27 дақиқа меояд, ки пешатон фалон такси хоҳад расид… Ронандагони таксиҳо «час-пик» ва тамбашавии воситаҳои нақлиётро баҳона карда, вақтҳои охир аз сафар ба ин ё он минтақаи шаҳр, хосса самти сирку Текстил ва Гипрозему Саховат худдорӣ мекунанд.
26.12.2024. Соат бо вақти Душанбе 15:27 дақиқа. Редаксия ҳанӯз ҳам дар интизори таксии фармоишии 3333 аст…
«Ба «Парвиз ТВ» мепартоям!»
ё ин ки таксиҳо аз назорат дур монданд
Агар нагирифтани бору дар вақти «час-пик» ба баъзе аз минтақаҳои шаҳри Душанбе нарафтани ронандагони таксӣ 1 тарафи масъала бошад, тарафи дигараш дар дағалгуфторӣ ва бадрафтории онҳост.
Ронандагони таксӣ имрӯз он қадар танбал шудаанд, ки ҳатто вақте таксиро то дами дари хонаат фармоиш медиҳӣ, ба манзил нарасонда, мусофирро дар нимароҳ пиёда мекунанд. Агар норозигӣ баён намоӣ, баръакс ба ту ҳамлаи лафзӣ намуда, таъкид медоранд, ки: «Ман туро ба «Парвиз ТВ» (инро бароям журналист Зайнаб Ҳусейнова нақл кард) мепартоям…Ёбу гир!
1 чизи дигар ҳам байни ронандагони таксӣ имрӯз мӯд шудааст: ба ҷойи бо роҳхату фармоиш фаъолият намудан, онҳо бо насби навиштаҷот пеши оина дар хатсайри «Корвон- Саховат» ё «Садбарг – Қараболо» баҳузур равуо доранд ва инро аз гирифтани фармоиши оператори ширкат болотар медонанд. Медонед барои чӣ? Зеро агар ман аз сирк то фурудгоҳ таксӣ фармоиш диҳам, харҷи роҳкиро ҳамагӣ 21-22 сомонӣ мешавад, аммо агар ронандаи таксӣ 4 мусофирро 10 сомонӣ гирифта, аз «Садбарг» то «Саховат» биёрад, 40 сомонӣ хоҳад шуд. Пас кадоме беҳтар барои ӯ!?
ВИП таксӣ ё Тангем таксӣ?
Ва боз ҳам аз дурӯғҳои ронандагони таксӣ: «Мо таксиҳои аэропортем барои ҳамин 20 сомонӣ зиёд мегирем!», «Ман ВИП таксӣ – нархам 70 сомонӣ!» ва ғайраҳо…
Дар ягон ҷо ин хел гап нест, ки барои гирифтани мусофир аз фурудгоҳ пули иловагӣ пардохт карда шавад, мисли оне, ки ВИП – клиент – мизоҷро танҳо ширкати хадамотӣ аз рӯи теъдоди фармоишҳо муайян мекунад, на ронандаву мошинаш!
Тавре ба назар менамояд, таксиҳои мо, аз сабаби беназоратии кул дар ин соҳа, рӯз ба рӯз ба тангемҳои 10 сол пеш монанд шудаанд: дар куҷо хоҳанд одам мегарданд, кадом мусофирро хоҳанд савор мекунанд, ба куҷо нахоҳанд намераванд, ҳар куҷо хоҳанд мусофирро зада пеш мекунанд. Ё ин ки фаъолияти микроавтобусҳоро такрор доранд: 7-8 сол пеш шумораи микроавтобусҳо он қадар зиёд буд, ки ронандаҳо саҳар ба автобаза даромада, аз муоинаи тиббиву техникӣ гузашта, роҳхат ба хатсайри муайян мегирифтанд, вале дар дилхоҳ масир мегаштанд. Бетартибии чандинсола, ки ҳоло дубора дар таксиҳо мебинем!
13 ширкати таксӣ ва 3429 электромобил
Тавре ба мухбири мо дар МДК «Душанбенақлиётхадамот» итиллоъ доданд, айни замон дар пойтахт 13 ширкат, ки тавассути воситаҳои нақлиёти сабукрави таксӣ фаъолияти мусофиркашонӣ менамоянд, фаъоланд.
Инҳо:
ҶСП «Холдинг Осиё гуруҳ Тоҷикистон» (1616),
ҶДММ «Сайёҳон» (3333),
ҶДММ «Сабоҳ таксӣ» (4444),
ҶДММ «Шоҳроҳи Бадахшон» (8989),
ҶДММ «Сорбон-14» (6161),
ҶДММ «Олуча Авто» (7000),
ҶДММ «Сомон такси сайр» (888),
ҶДММ «Талко персия» (1111),
ҶДММ «Сафар ориён» (1111),
ҶДММ «Нақлиёт» (2525),
ҶДММ «Чархи иқбол» (333),
ҶДММ «Аҳмар» (3434),
ҶСП «Эко таксӣ» (9090) мебошанд.
Шумораи умумии квотаи электромобилҳо 4350 ададро ташкил намуда, то ба имрӯз 3429 адад (78,8%) таксиҳо рақамҳои қайди давлатии тагрангаш сабз гирифтаанд. Яъне, ҳамин ҳоло дар кӯчаҳои пойтахт 3429 электромобил ба фаъолият машғуланд.
Шумораи таҷҳизоти пуркунандаи қувваи барқ барои ин электромобилҳо дар умум 223 ададро ташкил медиҳад.
69 садама ва 17 кушта дар 1 сол
Бино ба итиллои Раёсати БДА ВКД ҶТ, дар миқёси ҷумҳурӣ дар соли 2024 69 садамаи нақлиётӣ бо иштироки воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ рух додааст, ки дар натиҷа 17 нафар ба ҳалокат расида, 69 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Санҷиши 11 312 мусофирбар пеш аз кор
Тавре дар суҳбат бо мухбири СССР дар маркази матбуоти Раёсати БДА ВКД ҶТ таъкид доштанд, бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбар, баланд бардоштани маданияти хизматрасонии онҳо ба аҳолӣ дар соли 2024 аз ҷониби Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати техникии зиёда 11 312 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар пеш аз ба сафар баромадан дар терминалу корхонаҳои мусофирбарӣ таҳти санҷиш қарор дода шуд.
– Зиёда аз 4795 далели вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ошкор карда шуда, барои ба сафар иҷозат додани воситаҳои нақлиёте, ки дар ҳолати носозии техникӣ қарор доштаанд, нисбати 46 нафар роҳбарони корхонаҳо протоколҳо тартиб дода шуд. Дар ин давра аз чониби Раёсати БДА ВКД ҶТ 356 маротиба суҳбату вохуриҳо бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва риоя гаштани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гузаронида шуд, – афзуданд дар ин ниҳод.
Пас чаро бо ин ҳама санҷишу назоратҳои ҳамарӯза фаъолияти таксиҳои пойтахт бетартибу бенизом аст? Роҳбарони ширкатҳои хадамоти таксӣ дар шаҳри Душанбе дар ин ҳолат чӣ мегӯянд?
Мавзуъро пайгир мемонем! Мо Метавонем!!!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
