АКБАРИ БУЗУРГ

28 август Рӯзи Бузургдошти Хотираи Акбари Саттор

 

Акбари Саттор яке аз бунёдгузорони матбуоти хусусии даврони навини Тоҷикистон ба шумор меравад. Оғози замони соҳибистиқлолӣ, ҳине ки дар кишвар ҳанӯз алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш нагаштаву иқтисодиёт хароб ва рӯзномаҳо ба гоҳнома табдил шуда буданд, бо таъсиси газетаҳои «Дайджест-пресс» (18.11.1994) ва «Чархи гардун» (25.4.1996), «Авиценна» (16.10.1998) ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ халои иттилоотиро пур кард ва мардумро дубора ба рӯзномахонӣ рӯ овард.

Ҳақ ба шоири ширинсухан Абдувоҳиди Зевар, ки гуфта:

Фазои иттилоотии кишварро

Боли парвози баланд дод,

Охирин 1 пора нонашро

Ӯ барои озманде дод.

 

ПАРЕШОНИЯҲОИ АКБАРИ САТТОР:

«Худо ба мард ҳеҷ чиз надиҳаду саодати оилавӣ диҳад».

***

«Ҷашни зодрӯз сирф маъракаи хонаводагист. Ман, «Кока кола» ва «Марс» ба реклама эҳтиёҷ надорем».

***

«Бовар кун, аз мурдани ту ба ман ҳеҷ фоидае нест. Пас намуру зиндагӣ кун».

***

«То ҳамаи аъзои ИЖТ-ро нагӯронам, намемирам».

«Сайёфи Мизроб, журналистро ба Кӯлоб, Эмомалиро (Э. Сайдамирзод, рӯзноманигор) ба Дарвоз, Равшанро (Равшани Махсумзод, нависанда) ба Бойсун, Боймуродро (Б. Шарифзода, адабиётшинос) ба Элоки Файзобод бурдану мардумро азоб додан чӣ даркор? Ҳамаатонро дар Мортеппа (ноҳияи Ҳисор, зодгоҳи Акбар – У. Ш.) мегӯронаму баъд худам дар паҳлуятон мехобам».

***

Байти рӯймизӣ:

Мансаб, ки гирифтед фаромӯш накунед,

Як вақт шумо мисли ман одам будед.

(Хайрандеш)

 

ҲОЛНОМА

Сатторов Акбаралӣ Қурбоналиевич (10.2.1965, деҳаи Мортеппа, ноҳияи Ҳисор – 28.8.2015, ҳамон ҷо), журналист, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2006-2015).  Пас аз хатми мактаби миёнаи №25-и зодгоҳ соли 1982 ба факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуд. Июни 1983 – июли 1985 хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР. Соли 1987 таҳсилро дар факултети журналистикаи Университети давлатии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ба номи А. А. Жданов идома дода, онро соли 1990 хатм кард.

Аз август то ноябри соли 1990 мухбири махсуси рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), ноябри 1990 то ноябри 1994 мухбир, мудири шуъбаи сиёсат, ҳаёти байналмилалӣ ва ҳуқуқи рӯзномаи «Садои мардум» буд.

Аз 18 ноябри соли 1994 директори генералии ҶДММ «Чархи гардун». Июли 2006 – 2011 то 28  августи 2015 раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Ба бештар аз 30 давлати дунё сафар дошт…

Моҳи декабри соли 1994 рӯзномаи хусусии «Дайджест-пресс»-ро асос гузошт. Баъдан, ҳафтаномаҳои «Чархи гардун» (25.4.1996), «Авиценна» (16.10.1998), «Время-деньги», «Алладин» ва «Зан ва мард» созмон ёфтанд. Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Шурои миллии муқовимати зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ҳайати таҳририяи 14 маҷаллаву рӯзномаҳои кишвар, узви ҳайати Шурои илмию таҳририи «Энсиклопедияи миллии тоҷик», узви Шурои коршиносони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон. Гузориш, новелла, очерку мусоҳиба ва мақолаҳояш дар 7 нашрияи хориҷӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, қазоқӣ ва чинӣ нашр шудаанд. Бо медали «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», ордени «Ҷасорат»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 17 медали Россия ва ИДМ қадр шудааст.

 

НАҶОТБАХШ

Бо таъсиси Нашрияи хусусиаш «Дайджест-пресс» (соли 1994) нафарони зиёдеро гирд овард.  «Дайджест-пресс» аз шумораҳои аввалинаш серхаридортарин газета дар кишвар гашта, 100 журналисти касбӣ, нависандагону ҳунармандон, олимон, ҷавонон ва кормандони гуногунсатҳи техникӣ дар он ҷамъ омада буданд.

Ба баракати иқдоми неки Акбар нафарони зиёде соҳиби ҷойи кор, нонпулӣ шуданд. Рӯзи тақсими «Дайджест-пресс» маҷмаи «Шарқи озод» бозорро мемонд. Паҳнгарони рӯзнома – кампирону мӯйсафедон, нафарони басо ниёзманди қишри ҷомеа аз фурӯши рӯзнома қути лоямут дармеёфтанд.

Бо таъсиси газетаи тоҷикии «Чархи гардун» (25.04.1996), Акбар ҳамсабақони донишгоҳӣ, журналистони кордидаро ба кор ҷалб кард. Ба ҷуз ин ҳама, Акбар ба як идда шахсони солдидаи ниёзманд нафақапулии ҳармоҳа (ҳарҳафтаина) таъин карда буд. Аз ҷумла, ба Абдулло Дӯст (Хоксорӣ), Аслам Адҳам, Обид Умаров, Ҳошим Гадоев. Бузургтарин хизмати вай дар зарфи 21 сол (1994-2015) ҷалби одамон ба кори нашри рӯзномаҳо, таъмини кор ва наҷоти пиронсолон аз ҳисоби фурӯши газетаҳо буд, ки ин далел бебаҳс аст.

 

ЧАРХИЁН

Ҳайати кори ҶДММ «Чархи гардун» (1994 – 2015).

Сайёфи Мизроб, Равшани Махсумзод, Боймурод Шарифзода, Мақсуди Ҳусайн, Нуъмон Низомӣ, Шодмон Каримов, Пӯлод Нуров, Абдухолиқ Давлатов, Абдушукури Раҷабзод (Тошев), Пӯлод Ҷунайдӣ (рассом), Нур Табаров, Абдуфаттоҳ Воҳидов, Шавкат Қодиров, Талъат Нигорова, Даврон Муминшоев, Баҳодур Зоиров («Время – деньги»), Ҳабибулло Ёров, Сайфиддин Суннатӣ, Обид Умаров, Ортиқи Қодир, Ҳошим Гадоев, Мавҷуда Холова, Ҷумъа Қуддус, Ҳотами Ҳомид, Эмомалӣ Сайдамирзод, Алиҷон Юлдошев (аккос), Маҳмадалӣ Мақсадулло, Ҷамила Ҳусейнова, Наҷмиддин Шоҳинбод, Азизмуроди Алиакбар, Шаҳодат Тоҳирова, Ҳусния Ҳафизова, Ворис, Сайдалӣ Сиддиқ, Меҳрафрӯз Неъмонов…

Олга Муминшоева, Володя Яковлев, Гулчеҳра Усмонова, Виктория Наумова (Авиценна), Наргис Зокирова, Рустам Турсунов, Сергей Лагутов, Чхеидзе (Павел Гейвандов), Виктория Литвиненко, Мунаввара Алиакберова, Марҳабо Зунунова, Лариса Исаева, Елена Ермолаева, Олга Кузмичева, Пайрав Чоршанбиев, Далер Муминшоев, Олеся Пашенко, Олеся Бабович, Екатерина Пасторова, Равшан Меликшоев, Гулнора Амиршоева, Татяна, Олга Сенчук, Гулсифат Шаҳидӣ, Барно Қодирова.

Майрам Муродова, Фарҳод Ҷабборов, Гулҷаҳон Қодирова, Аҳлиддин Салимов, Акрами Санг, Фирдавс Таушаров, Мавзуна Муҳаммадалӣ, Насрулло Тӯйчизода, Нозукниҳол Тошева, Саъдулло Абдуллоев. Равшан Қодиров (саҳифабанд), Идибек Маҳмудҷонов (саҳифабанд), Хуршед Толибов (саҳифабанд), Сафаралӣ Сатторов (саҳифабанд) Нуриддин Сатторов, Хайриддин Сатторов, Бахтиёр Сатторов, Оксана, Света, Люда, Саида (корректор)…

 

ТАЛАФОТ

28.08.2015. Шомгаҳӣ хабари марги нобаҳангоми раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов барқосо паҳн шуд. Ӯ ҳамагӣ 50 сол умр дид. Ӯ ба қавлаш вафо накард ва аввалтар аз дӯстони қаринаш – Сайёф, Эмомалӣ, Равшан ва Боймурод дар баландии оромгоҳи деҳаи Мортеппаи Ҳисор маскан гирифт…

Инак, соли 8-ум аст, ки раис Акбар моро тарк гуфта ва 8 соли расост, ки ӯро доираи аҳли назар ҳар лаҳзаву ҳар соат ба некӣ пеши рӯ меоранд. Бавижа, он дӯстоне, ки имрӯзҳо дар бинои нашриёти «Шарқи озод» фаъолият доранд, зеро Акбар дар зарфи 21 соли будубош дар ин маҷмаа чандин ҳуҷраву ошёнаҳоро дидаву хуш рӯзҳоеро пушти сар кардааст. Аз қабати 6 ба 4-ум, аз 4 ба 3-вуму дувум ва ниҳоят дар ошёнаи якуми бино, назди фаввораи нашриёт, шафати дарахти сершоху барги зардолу орамид.

Идораи «Чархи гардун», ҳуҷраи кории Акбари Саттор маъвогаҳи дӯстону шахсиятҳои номвари ватанию меҳмонони хориҷӣ, макони суҳбатҳои дилнишини журналистони дуру наздик буд. Ба хотири дӯстону ҳамкорон чанд соли охир Акбар қаҳвахона (бар)-и худ – «Де-факто»-ро созмон дод. Ҳамаро дар як марказ, дар як ошёна: идораи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ҶДММ «Чархи гардун» (идораи ҳамаи рӯзномаҳояш), қаҳвахонаи «Де-факто», ҷамъ овард.

Акнун вақти роҳату фароғаташ расида буд, ки… Ҳайҳот! Сад дареғ!…

 

 ХУШДИЛИҲО

Рӯзи чопи рӯзнома Акбари Саттор (директори генералии ҶДММ «Чархи гардун») муҳаррири ҳафтавори «Время-деньги» Р. Қ. – ро, ки мудом ширакайф мегашт, дуд дод:

– Арақнӯширо камтар куну барои саҳифаи 8 рубрикаи нағз ёб!…

Муҳаррир фурсате пас баргашта, варақеро ба дасти «шеф» қапонд. Дар он саҳфа навишта буд: «Сам не можешь пить, не мешай другим»

 

 Толори калон

Нашриёти «Шарқи озод» 2 маҷлисгоҳ дорад, яке калону дигаре хурд. Тасодуф, рӯзе аз толори аввалӣ 3 марди «ҷингиламӯй» – директори вақти нашриёт Манзур Додохонов, муовинаш Умари Шерхон ва раиси журналистон Акбари Саттор якҷоя мебароянд… Он лаҳза онҳоро Ҳабибулло Ёров (журналисти собиқадор) дида, ханда бар афлок мезанад. Дӯстон ҳайрон ба устод менигаранд. Ҳабибулло Ёров ба пушти дари толор ишора мекунад. Он ҷо омада буд: «Толори калон».

 

 ҶАВОНМАРД

Дар ошхона, чойхона, тарабгоҳе ҳини бархостан Акбар касеро имкони пешдастӣ кардан намемонд. Акбар дили бузург дошту дасти кушод. Ӯ пайваста ҳамасабақони душанбегӣ – питерии худро гирд оварда, ҷойи кор дод ва ҷомеаи журналистонро думболи худ бурд. Акбар беҳтарин дӯст, вафодортарин рафиқ, беҳтарин бародар, дӯсти беғараз буд. Акбар хушгуфтор буду зарофатгӯиро нағз медид. Акбар марди назарбаланд буд, хушомадгӯиву чоплусиро намеписандид.

Акбар мард буд, марди мард!!!

 

Умари ШЕРХОН

28.08.2023       

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube