АЛОООО, ТАКСИ!

Метавон квотаи таксиҳоро бозбинӣ намуд, зеро аҳолии шаҳри Душанбе сол аз сол афзоиш ёфта, ҳамин ҳоло шояд аз 1, 2 миллион зиёд бошад ва 4350 адад таксӣ дар баробари ин қадар аҳолӣ хеле кам аст... Шояд масъулини соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе сари ин масъала андешанд.

 

1 моҳи охир ронандагони таксӣ ва онҳое, ки худ автомашинаи таксӣ доранду он дар иҷора аст ва ё фарзандонашон таксӣ меронанд, бо редаксияи газетаи СССР тамос гирифта, аз мушкилоти худ пас аз ба тасвиб расидани Қарори раиси ш.Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар бораи то 01.09.2025 аз фаъолият баровардани таксиҳои зардранг ва ба ҷои онҳо пурра гузаштан ба электромобилҳо арз карданд. Бояд гуфт, ки Қарори раиси ш.Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи  пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаштани воситаҳои нақлиёти автомобилии таксӣ таҳти №362 ҳанӯз 04.06.2024 ба тасвиб расида, дар он таъкид шудааст, “ҷамъиятҳое, ки ба хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ (таксӣ) дар шаҳри Душанбе машғуланд, дар доираи квотаҳои муқарраргардида барои пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаштан то 1 сентябри соли 2025 чораандешӣ намоянд”. Яъне гуфта мешавад, ки ҷамъиятҳо беш аз 1 соли дигар фурсат доранд, то таксиҳои зардрангро ба электромобил иваз намуда, фаъолияти хешро дар доираи талаботҳои нав ба роҳ монанд.

Мо тасмим гирифтем ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ намуда, масъаларо аз чанд тараф омӯзем. Мо метавонем!

 

Нав ба ҷои кӯҳна

Бояд гуфт, бори нахуст моҳи апрели соли 2019 аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар дар самти истифода ва хизматрасонии таксиҳои мусофиркаш маҳдудияти синусолӣ ҷорӣ шуда буд. Он замон Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд, ки аз аввали соли 2020 танҳо он автомашинаҳое, ки соли бароришашон аз соли 2014 болост, метавонанд ба мусофиркашӣ – таксӣ машғул шаванд. Ин тасмимро Вазорати нақлиёти мамлакат пас аз дастури раиси ш.Душанбе бобати таъмини амнияти мусофирон қабул карда буд. Ҳатман сарозер шудани таксиро аз болои пули гардиши назди Кӯли ҷавонон ёд доред, ки боиси аз фаъолият баровардани таксӣ – автомашинаҳои соли бароришашон то соли 2014 гашт.

Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон» итиллоъ доданд, соли 2019 теъдоди таксиҳои хизматрасон дар пойтахт 2300 ададро ташкил менамуд ва аз ин шумора танҳо 1271 адад ба қарори нав ҷавобгӯ буданд, яъне соли бароришашон аз соли 2014 боло буд. 5 сол пеш танҳо таксиҳои ширкати «Олуча – таксӣ» 7000 ба қарори нав мутобиқ буданд – ҳамаашон нав ва замонавӣ. Вале баъдан бо баромадани электромобилҳо ба бозори хизматрасонии таксӣ ҳаёҳӯй гирди ин қарор ва талабот хомӯш шуд.

  

Лимит чӣ қадар аст?

Тавре аз манбаҳои муътамад дар БДА, Хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт ва баъзе аз ҷамъиятҳои нақлиётӣ, ки дар самти хизматрасонии таксӣ ҳам фаъолият доранд, маълум гардид, лимити таксӣ дар ш.Душанбе бояд на бештар аз 4350 адад бошад. Ин меъёррро масъулини соҳаи нақлиёти пойтахт дар якҷоягӣ бо сохторҳои дигар амсоли БДА ва Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт байни ширкатҳои хизматрасонии таксӣ вобаста ба имконияти технопаркӣ тақсим кардаанд ва дар ин бора ба раиси ш.Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ ҳисобот додаанд.

Яъне, меъёр – квота (ҳамон квотае, ки дар Қарори №362 гуфта шудааст), набояд аз ин теъдод зиёд бошад! Аммо ҳамин ҳоло шумораи таксиҳо дар пойтахти мамлакат 1 баробар аз ин квотаи муайаншуда бештар аст!

 

12 ширкати таксӣ ва таксиҳои «пинҳонӣ» …

Айни замон дар шаҳри Душанбе 12 ширкати таксӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғуланд. Инҳо: 1111, 3333, 7000, 1616, 888, 333, 8989, 2525, 6161, 4343, 9090 ва 4444 мебошанд. Ҳамин меъёри 4350 адад таксӣ дар аввал байни ин ширкатҳо аз рӯи имконияти техникӣ ва бо дарназардошти шароит тақсим шуда буд. Масалан, дар оғоз ба ширкати 1111, ки автопарк ва шароити хуби техникӣ дорад, 800 квота ва ширкатҳои дигар, ки ҳатто автопарк надоштанду ҷойеро иҷора гирифта, кор мекарданд, то 80-100 квота ҷудо шуда буд.

Квота – лимит дар тули 3 соли ахир на зиёд шудааст ва на кам, вале шумораи таксиҳо зиёд, аз кадом ҳисоб?

Ширкатҳои таксӣ, ки дар ин муддат ронандагони бештарро ҷалб намуда, бо ҳар гуна восита (!) шумораи мошинҳои худро афзоиш дода, берун аз квота соҳиби рақамҳои зард шуданд, имрӯз маҷбуранд барои мутобиқат намудани квотаи худ ба Қарори №362 аз мошину ронандаву рақамҳои зарде, ки ғайриқонунӣ гирифтаанд – берун аз квота (пинҳонӣ), оҳиста – оҳиста халос шаванд (Айнан коре, ки 10 сол пеш ҷамъиятҳои нақлиётӣ ҳамин тавр теъдоди микроавтобусҳоро дар хатсайрҳо зиёд менамуданд!).

Ана гап дар куҷо, хонандаи азиз! Барои бархе ҷамъиятҳо дигар муҳим нест, ки ронанда ба ваъдаҳои онҳо бовар карда, пули зиёд дода, мегӯянд то 5-6 ҳазор сомонӣ, шомили ширкати таксӣ шудааст. Ин ҳам дигар муҳим нест, ки 1 ҷаовнмард бо қарзи ҳангуфти бонкӣ мошин харидаасту ба кор баромадааст. Ӯ  ҳамакнун бояд рақами зардашро супорад…

Масъулин бояд донанд, ки фоҷеаи 1 инсон ҳам ҳам фоҷеаи инсоният аст, ки гуфтаанд:

-Дар хонаи мӯр қатрае тӯфон аст!!!

 

Нархи рақами «сабз» чанд пул аст?

Тавре ба мухбири СССР дар МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» итиллоъ доданд, айни замон аз 4350 таксӣ 2450 адад аллакай электромобил буда, дар ҳудуди пойтахт барои таъмини онҳо бо неруи барқ 136 истгоҳи зарядгирӣ фаъоланд.

Шуруъ аз 2 апрели соли 2024 зимни бақайдгирии электромобилҳо новобаста аз моликият – хизматӣ, идоравӣ, шахсӣ ё боркаш рақамҳои давлатии сабзранг дода мешавад. Ин тартиб аз рӯи талаботи ҷории Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Тоҷикстандарт» дар якҷоягӣ бо Раёсати БДА ВКД ҶТ сурат мегирад.

Бино ба гуфтаи ронандагони таксӣ рақамҳои сабз имрӯз танҳо ба таксиҳои ширкати нав «Эко таксӣ» – 9090 дода шуда истодаасту халос.

Хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт дар ш.Душанбе низ иҷозат – литсензияи фаъолияти мусофиркашониро ҳоло танҳо ба таксиҳои рақами сабз дошта медиҳаду халос. Ба гуфтаи ронандагони экотаксиҳо барои рақами сабз дар якҷоягӣ бо иҷозатномаи фаъолият аз 2500 то 3000 сомонӣ сарф мешавад.

 

Квотаро зиёд кунед!

Масъулини ширкатҳои таксӣ мегӯянд, ки новобаста аз гузаштан ба электромолибҳо таксиҳои зардрангро низ бояд қисман нигоҳ дошт, зеро дар шароити зимистони кишвари мо, ки мушкилоти норасоии қувваи барқ пайваста пеш меояд, дар сурати сар задани проблема бо электромобилҳо метавон аз таксиҳои куҳна истифода кард.

Ва ин дар ҳолест, ки тибқи бонги изтироби задаи соҳашиносони аврупоӣ ва русиявӣ таксиҳои хитоӣ ба замистони сард тобовар нестанд ва роҳат аз кор мебароянд! Раваду дар Тоҷикистон замистони сарди 2023 такрор шавад, ки ҳарорат то 24 дараҷа паст фаромада буд, пас мардуму мусофирон чӣ мекунанд? Илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ гуфтаанд, муҳтарам масъулини соҳа!!!

Дар баробари ин метавон квотаи таксиҳоро низ бозбинӣ намуд, зеро аҳолии шаҳри Душанбе сол аз сол афзоиш ёфта, ҳамин ҳоло шояд аз 1, 2 миллион зиёд бошад ва 4350 адад таксӣ дар баробари ин қадар аҳолӣ заррае беш нест. Аллакай аз ин теъдод 2000 адад рақами зардро ширкати «Эко таксӣ» дорост, ки 400 электромобил оварда, боз 1400 адади дигар ворид хоҳад кард. 2350 квотаи дигарро 12 ширкати таксӣ чӣ гуна байни худ тақсим мекарда бошанд?

Масъулини соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе имрӯз сари ин масъала андешанд. Фардо дер нашавад мегӯям…

Пайгири мавзуъ мемонем. Мо метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова,

А. Собир, суратгир,
СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube