АМИР ОЛИМХОНРО КӢ ВА КАЙ ҶАНОЗА МЕХОНАД?

Бешак, дар олами ислом Олимхон ягона амирулмуъминест, ки бе ҷанозаи исломӣ ба хок рафтааст. Бар тибқи васият ҷанозаи ӯро танҳо бояд дар сарзамини тоҷикон-Тоҷикистон (на Самарқанду Бухорои Ӯзбекистон!) хонда, устухонҳояшро ба хок супоранд. Олимхона онгуна тоҷикият доштааст, ки ҳатто биҳишти аълоро ба хоки поки Тоҷиистон иваз кардааст, зеро амдан рӯ тофтан аз ҷаноза рӯҳи муслимро муаллақ медорад. Оё ёд доред, ки нафаре барои миллаташ ба ингуна риски ахират рафта бошад.

Ҳанӯз солҳои аввали истиқлолият ба дастам китобе уфтод, ки “Хотираҳои Амир Олимхон ” ном дошт. Дар мавриди охирин намояндаи амирони Бухоро зиёд хонда будам ва ҳамеша дар тасаввури мо амир шабеҳи масхарабозе арзёбӣ мешуд ва кулли муҳақиқон моро ба ин бовар мекунонанд. Манзур Олимхон намое аз бозмондагӣ, бесаводӣ ва ақибмондагии замони гузаштаи мост. Дар сӯҳбат бо солхӯрдагони деҳ аён шуд, ки амир васиятнома ҳам доштааст ва дар он омадааст, ки ҷанозаи ӯро ба амонат гузоранд, то озод гардидани кишвараш. Баъди қариб як даҳсола иттифоқ афтод ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка сафаре дошта бошам. Бо кӯмаки дӯстони тоҷик аз сафорати ҷумҳурии мо манзили яке аз духтарони Амир – Шукрияро дарёфт кардам ва ӯ бо як самимияти тоҷикона моро ба меҳмонӣ даъват кард…

Тӯли роҳ аз маркази Вашингтон ба канораи он маро манзараҳои дилфиреби пойтахти яке аз абарқудратони ҷаҳон не, сӯҳбати дар пешистода ҷалб мекард. Роҳбаладамон Назиршо Шарифов бошад, аз он ҳикоят мекард, ки чӣ тавр духтари амири охирини Бухоро аз қудуми ҳар ҳамватани худ меболад. Барқвор ба ёдам мисраъҳои шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб омад:

Сархатти ҷумла хориҳост

Хории духтари Амир

 

Амир Олимхон: дар хона танҳо тоҷикӣ ҳарф занед!

Хонаи Шукриябону дар як макони хушбоду ҳаво ва амсоли коттеҷҳои истироҳатии мо ҷойгир будааст. Ба истиқболамон дари хонаро бонуе мекушояд ва бо лафзи ширини тоҷикӣ “хуш омадед” мегӯяд. Дар ин понздаҳ рӯзе, ки дар ин кишвари муқтадир ба сар мебарам, лафзи ширини модарамро мешунавам ва худро лаҳзае гум мекунам. Дохили хона аввалин чизе ки диққатро ба худ ҷалб кард, акси зани хушсурату хушсимо буд, ки ҳамакнун бо чеҳрае соф тоҷикона моро хайрамақдам мегуфт. Гуё дар Амрико неву дар Сарихосор ё Навобод ё Мастчоҳ ё ва ё Ҳисор бошам. Ин аз диди Шукрия пинҳон намонд:

– Ин акси модари ман аст, аз Ҳисори Тоҷикистон ҳастанд ва хотироте, ки аз падар дорам, аз гуфтаҳои ӯст, аз қиссаҳои дӯстону ҳамсафонаш ва аксаран аз навиштаҳои худи падарам ҳаст. Аз навиштаҳое, ки бо қалами худи ӯ навишта шудаанд. Китоби хотироте дорад бо номи “Ҳузнулмиллал” агар шумо бихонед, як порчаи адабӣ ва шоиронаи тоҷикист, бо забони ширини тоҷикӣ навишта шудааст, воқеан ҳам ҳар сатри ишон, ҳар ҷумлаи ишон пур аз дард аст, дарди миллат. Инчунин аз рӯи меҳру муҳаббату самимияте, ки мардуми ҳамроҳашон омада, ҳикоятҳо мекарданд, мешиносам. Ва боз ҳам қиссаҳои модар аз Тоҷикистон, ин кишвар ва мардуми онро бароям азизтар намуда. Бовар кунед, ҳар гоҳе нафаре аз Тоҷикистон меҳмон мешавад, бидуни ҳеҷ навъ тааллул мегӯям: бигӯед, ки биёяд, бар он асос, ки мо ташнаи дидори ҳамватанон ҳастем ва дари мо ба рӯи дӯстони ҳаммеҳанам ҳамеша боз аст. Падарам низ ҳамеша таъкид мекардаанд, ки дар манзил танҳо бо забони тоҷикӣ суҳбат кунем, навиштаҳояш ҳам бо ин забонанд.

Аз хонум Шукрия мепурсам: Амир Олимхон дар тасаввури онҳое, ки дар мавриди хонадони амирони Бухоро тадқиқоти таърихиву илмӣ ва адабӣ бурданд, чун шахси бесавод, ҷоҳил, золим, подшоҳи бераҳм таҷаллӣ меёфт. Оё воқеъан ҳамин тавр буд?

– Падарам аз рӯи навишта, хат ва таҳсилоташон, ки дар Петербург карда буданд, чандин забони хориҷиро медонистанд. Ин гуфтаҳо дурӯғи маҳзанд, ки ӯ гӯё бесавод будааст. Зеро он айём ба хотири бадномии ҳукумати кӯҳна бояд чунин мегуфтанд. Дуруст аст, ки подшоҳон нисбат ба аҳолӣ зиндагии беҳтаре доштанд. Хусусан дар кишварҳои исломӣ онҳоро сояи худо мегуфтанд. Аммо то ҷое, ки ман падарамро аз рӯи нигоштаҳояш мешиносам, одами бисёр ҳалим, ба мусиқӣ алоқаманд буданд, бисёр мақбул танбур менавохтанд ва хатташонро агар шумо бубинед, одами таҳсилёфта ва фаҳмида ҳаст. Воқеан, мо гарчӣ хурдсол будем, мешунидем, ки гӯё мардуми Бухоро бесавод буданду ба ғайр аз муллоӣ чизеро намедонанд. Аммо тамоми хонумҳои бухороии омада, босавод буданд, китобхон буданд, таҳсилдида буданд. Ҳофиз мехонданд, Саъдӣ мехонанд, яке аз ин хонумҳо нуҷумро дарс медоданд. Ҳар вақте баҳс мешуд, ки соли нав кай оғоз мешавад, ин хонуми бухороӣ мегуфт, ки инҳо 3 дақиқаву чанд сония ғалат гуфтанд. Ва ё тақвими эрониро мегуфтанд, ки як сонияву чанде кам аст.

   – ВақтеАмир ба Афғонистон омаданд, албата танҳо набуданд

   – Бале, 3 ҳазор ҳамроҳ доштанд.

   – Хуб, бо мақсад омаданд, ки дар ин кишвар паногоҳ ёбанду боз ба ватани худ бозгарданд. Аммо ин мақсад ҷомаи амал напӯшид

– Воқеан, Амир Амонуллохон (шоҳи Афғонистон З.И.) ба падари ман ваъдаҳои бисёре дода буд. Аммо ба аҳди худ вафо накард. Давлати коммунистиро ба расмият шинохт ва монеи берун баромадани падарам шуд, ҳатто монеи фаъолиятҳояшон шуд. Ҳол он ки инҳо тамоми дору надори зиндагии худро кӯшиш мекарданд, ки ба хотири озодии ватанашон масраф кунанд. Аммо мутаассифона шароит ин тавр буд, ки худашон назарбанд буданд. Яъне дар манзил буданду иҷозаи берун рафтанро надоштанд. Шароит хеле сахт буд, тамоми чизҳои худро фурӯхтанд, то ин ки ба ҳамон се ҳазор нафар ғизову дигар зарураташонро таҳия созанд. Эродаш мегирифтанд, ки бас аст, хараҷот бигзоред ҳар касрову дави аспаш. Аммо падарам мегуфтанд, ки ман остини ҷомаамро мефурӯшаму намегузорам, ки ҳамроҳони ман хор шаванд. Аммо бояд бигӯям, ки шароит мушкил шуд ва ҳукумати Афғонистон он чизе ки шоистаи як амир буд, ба падарам раво надид. Ҳарчанд, ки дар замони Амонуллохон тамоми дороӣ, амвол ва ҷиҳозашонро ба ишон дода буданд. Ҳама чиз аз байн рафт.

 

Ҷанозаи ба амонат

– Солҳои охири умри падарам хеле сахт гузоштанд. Бештар хаста шуда буданд, бештар мехостанд, ки аз он муҳит берун раванд, аммо Афғонистон ҳатто барои тадовии бемории қанд, ки доштанд, иҷозат надоданд. Гарчӣ рӯшноии чашмро аз даст дода буданд. Ва албатта аз ин бисёр ғамгин мешуданд, азоб мекашиданд. Оҳиста-оҳиста чашмонашон кӯр шуд. Ва дар сахтӣ дур аз ватан аз дунё гузаштанд.

   – Дар васиятномаи амир омадааст, ки ҷанозаи ӯ хонда нашавад. Ин чӣ маънӣ дошт?

– Ман васиятномаро, ки бо қалами худашон навишта шудааст, нишонатон медиҳам. Он кас васият кардаанд, ки ҷанозаашон ба амонат гузошта шавад ва гуфтанд, ки ҳар вақте Тоҷикистон озод шуд, маро дубора дар он ҷо ҷаноза ва дафн кунед. Ва яке аз орзуҳои ман ин аст, ки бояд ин васияти падарро бароварда созем. Ҳар боре, ки мерафтам сари мақбараи ишон бисёр ҷигархун мешудам. Ду – се бор қабри падарро хароб сохтанд. Гумбаде сохта буданд. Онро ҳам аз байн бурданд. Мутаасифона бар асари ҷанг оромгоҳи падар тахриб шудааст.

 

Шукриябону Олимхон – шоҳдухтари Бухорои Шариф, рӯзноманигори касбӣ, сокини Вашингтони Амрико, худро тоҷик мешуморад ва бо лаҳҷаи ширини ҳисорӣ ҳарф мезанад.

 Ашк Шукриябонуро гӯлугир мекунад…

– Хушбатии ман ин аст, – баъди чанде идома медиҳад суҳбатро Шукрия, ки солҳои охири ҳаёт модарам бо ман ҳастанд. Тамоми эҳсосӣ дурӣ аз Ватан аз суҳбатҳои ширини модар рафъ мешаванд. Модар барои ман Тоҷикистонро муаррифгар аст. Вай аз Ҳисор аст. Падараш Муҳаммадшарифхон аз бузургони Ҳисор буд. Модар ҳамеша бо фикри ватан буданд. Чандин бор ҳаҷ рафтанд, аммо орзуи дидани ватанро доштанд. Вақте имкони рафтуомад пайдо шуд, ки дигар на пойи равона доранду на чашми бино. Бо вуҷуде, ки ман ҳеҷ Тоҷикистонро надидаам, аммо ман лаззатеро, ки аз оҳангҳо ва мусиқиҳои тоҷикӣ мебарам, аз ҳеҷ дигар навъи мусиқӣ намебарам. Баъд аз он Аҳмад Зоҳир асту дигарон. Ҳамеша орзуи Тоҷикистон, суҳбат аз Тоҷикистон барои ман қиматтарин чиз аст, дар қалби ман ҷойи асосӣ дорад. Тоҷикистон ҳамеша ба ёди ман аст ва ин орзуро амалӣ кардан мехоҳам, ки раваму дар Тоҷикистон ватани волидони худ зандагӣ кунам.

… Суҳбати мо бо духтари амири Бухоро тӯлонӣ буд ва дар суфраи бо усули тоҷикӣ оростаи Шукриябону идома ёфт. Ӯ аз муҳаббати самимиаш ба Тоҷикистоне, ки ҳанӯз надидааст, аммо аз забони модараш шунидааст, ҳикоят мекард. Орзуяш аз афсонаҳои халқӣ бо забонҳои инглисиву тоҷикӣ филмҳои тасвирӣ сохтан аст. “Лаззати ин эҷодиёти мардумиро бояд дигарон низ эҳсос кунанд”- мегӯяд ӯ.

Мо ба Шукрия нону кулча ва намунаи тангаҳои тоҷикиро тӯҳфа мекунем. Нону намаки кишвари азизашро ба дида мемолад ва шукрона мекунад. Шукрия мегӯяд: ман воқеан ҳам алоқаманди кишвари шумо ҳастам ва орзуи дидор бо шуморо дар Тоҷикистон дорад.

Мо ба мошина савор мешавем то бирасем ба меҳмонхонаи Вашингтон. Берун торик шуда, посе аз шаб гузаштааст. Ҳангоми аз шоҳроҳи бузург гузаштан оҳубараеро дучор мегардем, ки чобук аз таъқиби чашмони мо мегурезад ва худро дар торикӣ пинҳон мекунад. Чӣ тасодуфе. Қариб 100 сол пеш ҳамин тавр мардуми мо низ рӯ ба ҳиҷрат оварданд, аз тарси таъқиби дигарон, аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот бо ёди Ватан, ба номи Ватан содиқ буданд, вале то ҳанӯз мисли ҳамин оҳу аз назари мо дар торикистон ниҳон мондаанд.

 

Зинатуллоҳи Исмоил,

Душанбе-Вашингтон-Душанбе

махсус барои “СССР”,

18.09.2018

Мавсуф дастпарвардаи факултаи журналистика ва тарҷумони ДДМТ (1989-1994). Аз соли 1993 дар кумитаи ТВ ва Радио кор кардааст. Барои силсилаи барномаҳои муаллифии телевизионӣ соли 2002 Барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи А. Лоҳутӣ гардидааст. Аз соли 2006 муассис ва сарвари шабакаи телевизионии СМТ – “Симои Мустақили Тоҷикистон” мебошад.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube