АПАЙ ГУЛЧЕҲРА

  1. Пешниҳод ва пешбарӣ

Модари Матуботи Тоҷик, нафаре, ки 52 сол дар 1  газета кор кардааст, сазовор аст, соҳиби Ҷоизаи Лоҳутӣ гардад!!!

…Намедонам дар кадом аср ин номро фаромӯш хоҳанд кард, вале то ман ҳастаму матбуоти тоҷик ҳаст, ин ном бо журналистикаи Тоҷик, пайванд аст. Зеро 2 аср беш шуд, ки матбуоти тоҷик бо номи Апаи Гулчеҳра сахт пойбанд мебошад.

Имрӯз ГЖК кадом нафаре аз асри пор, қарни ХХ, қадам нагузорад, ҳатман суроғи Апаи Гулчеҳра меравад. Зеро ЯГОНА нафаре, ки шахсан медонисту мешинохт, Апаи Гулчеҳра буду ҳаст…

  1. Аз духтари матбуот то Модари Матбуот

Беш аз ним аср пеш, 52 сол муқаддам, тасаввур кун, хонанда, ҳанӯз авохири солҳои 1960-ум дари редаксияи Комсомоли Тоҷикистонро гулдухтари лоғарандоми кокулпарешу мӯйсардарозе куфта, тарсону ҳаросон кор ҷуст. Номашро чу пурсиданд, Гулчеҳра гуфт ва андаке шармида афзуд:

-Фозилова… Гулчеҳра Фозилова…

Ва ӯро сардабир бо ханда ба кор гирифт; ба ҳайси ҳуруфчин, машинистка. Воқеан ҳам машинисткаҳои онсола аз журналистони манам мегуфтаи имсола хеле босаводтарак буданд!

Он солҳо меҳмони Комсомол шуда, ба ин гулдухтар нигариста, кадоме аз Титанҳои матубои шӯравӣ, бо шумули Нур Табаров, Ато Ҳамдам, Бахтиёр Муртазоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Мардон Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, Меҳмон Бахтӣ, Отахон Латифӣ, Муъмин Қаноат, Гулрухсор Сафиева, Нозирҷон Ёдгорӣ,  Сайф Раҳим…бовар мекард, ки ин аср ҳам мегузараду даҳаи дуввуми асри 21 низ, вале ӯ, Гулчеҳра, ин паричеҳраи нозукандом, аз духтари редаксия ба апаи умумижурналистӣ ва сипас ба Модари Матуботи даврӣ бадал мегардад?

Ҳич кас!

  1. Қаҳрамоне, ки намебинем!

Агар матбуоти мо, журналистикаи Тоҷик, 110 сола мешавад, пас нафаре, ки 50 сол дар ҳамин матубот хидмати пурарзише кардааст, чаро қадрдонӣ нагардад? То ба кай мо думболаи афроде гардем, ки худ думболаи ҷоизаву медалу орденанд?

Ба фикри сирф шахсии ман, Модари Матуботи Тоҷик, нафаре, ки 52 сол дар 1  газета кор кардааст, сазовор аст, соҳиби Ҷоизаи Лоҳутӣ гардад!!!

Думболаи  бюрократия наравед. Гулчеҳра Фозилова БОЯД барандаи ин ҷоиза шавад. Танҳо ҳамин 1 факт кофист, ки ӯ дар ин гирудори ҷоизапарастии мо назир надошта бошад:

-Ӯ 52 сол, бе ягон прогул кор кардааст!!!

Ва медонед чанд рӯз? Ба арифметикаи оддӣ рӯ меорем:

Х=52х365

Х=18980 рӯз!!!

Агар дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, агар дар Тоҷикистон, агар дар рӯи олам адолат ҳаст, пас Гулчеҳра Фозилова БОЯД барандаи ҷоизаи Лоҳутӣ гардад!!!

Ва агар 1 журналисти аз худ эҳтиром қойил, на рӯзноманигори тасодуфӣ, ки бидуни хеш дигар касеро намешиносад, зидди ин тасмим барояд, шахсан ман, Сайёфи Мизроб, ҷоизаи Лоҳутиямро ба ҳамон нафар тақдим месозам…

Мо Метавонем!

PS: Апай Гулчеҳра, ки умре ҷавонони Ҷавононро нону об медод, ба вежа солҳои сахти ҷанги гражданӣ, ба таҳқиқ ШАКАРОВЕ дорад, ки бидуни очаҷонҳоямон дигар ягон нафар омода карда наметавонист. Ҳар нафаре намаки Апаро хӯрдааст, ҳатман ба ҷонибдории ин пешниҳод садо хоҳад кард. Мо Метавонем!

 

PSPS: Ин матлаб 4 сол пеш навишта шуда буд ва хушбахтона раиси ИЖТ, Зиннатулоҳи Исмоил ба Апаи мо ҷоизаи Лоҳутиро доданд. Шумо медидед, ки толори иҷлоси Рӯзи Матбуоти Тоҷик ин рӯз чигуна аз қарс кафид, бовар мекардед, ки арзандатарини арзандаҳоро ИЖТ ахиран бо ин ҷоиза қадр кардааст…

Рӯҳат шод ва хонаи ахиратат обод бод, Апаи ҳамаи мо, Модари Журналистикаи Тоҷик, Гулчеҳра Фозиловаи нозанин….

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube