14.03.2025. Соат ба вақти Маскав 11:19 дақиқа. Шаҳри Руднев, хона-музеи қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, Михаил Егоров.

Рӯзи 1-ми майи соли 1945, яъне 80 сол пеш, сержанти Артиши Сурх (АС) Михаил Егоров (1923-1975) дар гунбади кохи “Рейхстаг”-и шаҳри Берлин, бо сержанти хурди Артиши Сурх (АС) Мелитон Кантарияи гурҷӣ (1920-1993) парчами СССР-ро афрохта, аз анҷом додани бузургтарин набарди тамоми давру замон бо номи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, мужда доданд.

Артиши Олмони фашистӣ 27 миллион мардуми меҳнаткаши СССР-ро қир карда, миллионҳо дигарро бе дасту по, маҷрӯҳ ва 1000-он шаҳру деҳаро ба хок яксон намуданд. Дар бораи Кантария достон хеле зиёд аст, ки дар ягон рӯзи дигар ёд бояд кард. Имрӯз мухбири мо меҳмони зодгоҳи Қаҳрамони СССР Егоров Михаил буд.

Мо ҳамроҳи гурӯҳи хабарнигорони хориҷӣ бо духтари қаҳрамон дар шаҳри Рудневи вилояти Смоленск дидор доштем. Егоров соҳиби 3 духтар буд, ки дуи онҳо дар қайди ҳаёт нестанд. Сеюмӣ Ирина Михайловна Егорова роҳбари хазинаи падари қаҳрамон аст, ки дар расм мебинед. Бояд қайд кард, ки дар сарзамини вилояти имрӯзаи Смоленск дар 2-3 соли ҷанг, 540.268 низомӣ, маҳбусони ҳарбӣ, шаҳрванду кӯдаконро дар ҳандақу чуқурӣ, ҷангалу ботлоқ ва мурдасӯз (крематория) мисли ҳайвони чорпо паронданд, ханҷар заданд, ба дор овехтаанд, гурусна куштанду сӯхтанду зери хок карданд, ки таърих чунин ҷинояти ваҳшиёнаи “бузург”-ро ёд надорад.

Хонум Ирина Михайловна дар бораи падари қаҳрамони бузургвор, ҳамяроқону дӯстонаш, достони зиёде ривоят карданд. Мухбири мо дар дафтари хотироти ин хона-музей аз номи аҳли эҷоди рӯзнома чунин хотирот гузошт:
-Ба Михаил Егоров, Мелитон Кантария ва мардуми Ҷамоҳири Шӯравӣ барои қаҳрамонии абадӣ, саҷдагузору эҳтироми бузург дорем. Бо эҳтиром, Шамсиддини Муқим, мухбири рӯзномаи “СССР” дар Россия. 14.03.2025″.

Расмҳои муаллиф аз хона-музейи шаҳри Руднев.
