Пробкаҷон пробка…
11.03.2025. Соат ба вақти Душанбе 09:31 дақиқа. Аз соати 5 дақиқа кам 9 дар ҳаракат ва пробка будам. Бо азоби алиме (уффф, кай роҳи самти Комбинати Гӯшт соз мешаваду мардум аз азияти тамбашавӣ мераҳад?), 36 дақиқа дар ҳаракатам, то роҳи ҳамагӣ 2-3 километраи Сирк-Театри Опера ва Балетро тай кунам. Ахиран мерасам ва дар таваққуфгоҳи пулакӣ, аккурат 9 сомонӣ, барои 3 соат, мегузаронаму ба театр ворид мешавам.
Театри Опера ва Балет

11.03.2025. Соат ба вақти Душанбе 09:36 дақиқа. Вориди театр шуда, бо анде ҳамкасбон дидор мекунам. Усулан, шахсан ман ин Идро барои 1 чиз доиман мунтазирам:
-Танҳо дар ҳамин рӯз ба дидори ҳамтоён ва собиқадорон метавон расид. Раҳмоналӣ Шерализодаи хушсуханро мебинам, ки аз дастам гирифта, таклиф менамояд, ба маҷлисгоҳ дароем. Мегӯям:
-Раҳмоналӣ, андаке сабр, 1 чархида, бузургонро бинем…
Мегӯяд:
-Аз бузургон ҳамин ману Шумо мондаем…
Ин лутфро ба дигарон қисса мекунам ва он шлягери идӣ мегардад.
Каҷ шину рост гӯй

11.03.2025. Соат ба вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Тибқи ин масал бояд гуфт, ки воқеан ҳам чунин шукуҳу шаҳомат ва тартибу низом дар чанд Рӯзи матбуот, баъди сари Акбари Саттор, надида будам. Толор тамиз, ҷойҳо муқаррар, тартиб ҳукмрон. Доду войу бигиру бизани донишҷӯёни ба зӯр овардашуда ба чашм намехӯрад. Аҳсант ба вазири фарҳанг ва муовинонаш, ки корро басе ҷоннок намудаанд.
Консерти идона низ дар байни маросими ҷоизасупорӣ баргузор гашт, на мисли қабл дар охири маҷлис, ки ҳамеша мардум саҳнаро тарк мекарду мерафт, баъди чорабинӣ. Ҳатто ёдам ҳаст, ки соле Афзалшоҳ Шодии нозанин, гиламанд аз саҳна гуфта буд, ки куҷо мешитобед, ин ҳунармандон барои шумо омадаанд…
Ҷоизаи Лоҳутӣ

Дар соли тақвимии 2024-25 Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ин нафарон дода шуд:
Дар бахши матбуот:
- Латофат Кенҷаева – собиқадори матбуот, директори ТҶБ “Истиқбол”;
- Ӯрун Калонов (Ворис) – корманди рӯзномаи “Садои мардум”;
- Шодӣ Малахов – корманди нашрияи “Омӯзгор”;
- Сироҷиддин Иззатуллоев – сармуҳаррири “Время & деньги”
- Музаффари Имом – муовини сармуҳаррири нашрияи “Шаҳриёр”.
Дар бахши телевизион:
- Луъбат Ризоева – корманди “Телевизиони Тоҷикистон”;
- Шералӣ Саидов – корманди Телевизиони”Хатлон”.
Дар бахши радио:
- Зарангез Гирдакова – корманди радиои “Овози тоҷик”.
Дар бахши пажӯҳиши илмӣ:
- Абдуҳалим Раҳимов – доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия.
Қадршиносии собиқадорон

Муҳимтарин нукта ҳам ин шуд, ки Вазорати фарҳанг ба собиқадорони матбуоти кишвар аввал туҳфаҳои пулӣ дод. Бигзор кам, 1000 сомонӣ, вале дод охир. Умедворем дар оянда суфуфи собиқадорони қадршуда ва миқдори маблағ низ боло меравад. Зеро вақте метавонем ба 1 дуторзану устодаш 50000 сомонӣ диҳем, пас чаро ба 20 журналисте, ки умрашонро сарфу харҷи ин касби пуршараф кардаанд, ақаллан 40000 (барои ҳамаашон!!!) ёфта натавонем? Метавонем! Агар хоҳем…
СССР ва Рӯзи матбуот

Бо дастгирии бевоситаи вазири фарҳанг, Матлубахон Сатториён ва муовини вазири фарҳанги ҶТ, шоири халқӣ, устод Давлат Сафар дар ин Рӯз ба газетаи мардумии СССР Сипосномаи вежа дода шуд, ки дар он навишта шудааст:
-Ҳафтаномаи «СССР» барои иштироки фаъолона дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат, таблиғи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ба ифтихори «Рӯзи матбуоти тоҷик» қадрдонӣ карда мешавад.
Ҳамзамон дар байни ангуштшумор журналистоне, ки соҳиби унвони “Аълочии матбуот” шуданд, Нуриддин Асомуддин (Қосимзода), хабарнигори музофотии СССР низ буд, ки аз вазири фарҳанги ҶТ барои ин қадршиносӣ сипосгузорем. Мо Метавонем!
Чанд эрод
Борҳо гуфтаву боз мегӯям, Ҷоизаи №1 дар олами журналистикаи мо ин ҳамоно Ҷоизаи Лоҳутӣ боқӣ мемонад. Пас қурбу манзалати ҷоизаро бояд боло бурд!!!
Хушбахтона, Тоҷикистони имрӯза, дигар ун Тоҷикистони 30 ва ҳатто 20 сол қаблӣ нест. Зимнан бар шарафи Ҷоизаи №1 барои журналистон бояд афзуд. Бояд ин Ҷоиза маблағи бузурге, ақаллан дар ҳаҷми ҳамон туҳфаҳои пулии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дошта бошад. Пурсида мешавад, чаро ҷоизаҳои, фарзи мисол, ИНТ пул доранду аз ИЖТ на?
Зимнан барандагони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» имтиёз ҳам мегиранд, ки бар дилхоҳ донишгоҳу донишкада шомил шаванд. Пас чаро Ҷоизаи №1 барои журналистикаи тоҷик имтиёзе надошта бошад? Ақаллан соҳиби ҷоиза наметавонад 1 сол ба троллейбус ройгон шинад ва ё ҳаққи барқу обашро нимбайъ супорад?
Метавонад! Вале барои ин бояд масъулини ИЖТ ба Вазорати фарҳанг номаи расмӣ нависанд ва ба ҳукумат пешбарӣ кунанд. 300% бовар дорам, Ҳукумати Марказӣ ҳатман ин ҷоизаро дастгирӣ хоҳад кард.
Мо Метавонем!
