РЕЗААХБОР

12-13.03.2025. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон хоҳад рафт: дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ дод.

Аввалин ҷаласаи Парлумони тозаинтихоби Тоҷикистон рӯзи 19-уми март баргузор мешавад.

Раёсати ВКД дар ш. Душанбе алайҳи 5 нафар савдогар барои беасос баланд бардоштани нархи гӯшт парвандаи маъмурӣ боз кардааст.

Фирдавс Ҳаётзода, сарпрокурори нави ҳарбии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки аз роҳҳои ғайриқонунии даъват ба Артиш, ки миёни мардум бо номи “Облава” маъруф аст, пешгирӣ карда шавад.

МИҲД ш. Душанбе ба тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва дигар нуқтаҳои хӯроки умуми пойтахт дастур додааст, ки дар моҳи Рамазон бо назардошти ташрифи меҳмонони хориҷӣ ва рушди соҳаи савдову сайёҳӣ, фаъолияти худро пурра ба роҳ монанд.

Дар Бешаи Палангони Тоҷикистон банаворгирии филми ҳунарии «Моҳӣ барои рафиқ Черчилл», ки ба 80-солагии Ғалаба бар фашизм бахшида шудааст, оғоз шуд: бори аввал дар ин бора газетаи СССР навишта буд.

Пас аз ҷашни Наврӯз парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Бишкек дубора шуруъ хоҳанд шуд.

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube