ТОҶИКИСТОН – ҚИРҒИЗИСТОН: САҲИФАИ НАВ ДАР ТАЪРИХИ ҲАМСОЯГӢ

12 – 13.03.2025. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доштанд. Ин сафар, ки пас аз 4 соли бастани сарҳад дар пайи даргириҳои хунбори марзӣ сурат гирифт, воқеан саҳифаи наверо дар таърихи 2 кишвару 2 миллат боз намуд.

Боздид аз Боғи миллии «Ала Арча»

12.03.2025. Пас аз пешвози ботантанаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар фурудгоҳи «Манас», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Боғи миллии “Ала Арча” ташриф оварданд.

 Дар ин ҷо сарони 2 давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз Боғи миллии “Ала Арча” ва намоиши фарҳангӣ, ки ба хотири ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, боздид намуданд. Бояд гуфт, ки Боғи миллии “Ала Арча” дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр дар масофаи 40 километр дуртар аз пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек қарор дорад. Боғи миллӣ дар мавзеъи зебои табиат қарор дошта, барои сайру саёҳат маҳалли дилфиреб аст.

Сарони давлатҳо зимни ташриф ба ин ҷо аз манзараҳои дилкаши боғ ва намоиши ҳунарҳои мардуми қирғиз боздид намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунармандон суҳбати самимӣ доир карда, ба ҳунарҳои воло ва маҳсули дастони онҳо баҳои баланд доданд.

 Эҳтиром ва гиромидошти таърих  

13.03.2025. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз оғози музокирот дар сатҳи олӣ ба Маҷмааи таърихӣ ва ёдгории “Ата-Бейит” омада, ба нишони эҳтиром ва гиромидошти таърих ва адабиёти мардуми қирғиз дар пояи муҷассамаи “Уркун” ва мақбараи нависандаи маъруф Чингиз Айтматов гулчанбар гузоштанд.

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон

Сипас музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки ҳайатҳои расмӣ доир шуд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди онҳо батафсил баррасӣ гардид.

 Ба масъалаҳои афзун намудани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва истифодаи имконоти ҳарду кишвар дар ин самт таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Дар рафти гуфтушунидҳо сарони давлатҳо ба қароре омаданд, ки Шурои байниҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазирон таъсис дода шавад. Ба ин ниҳоди нав дастур дода шуд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро то ба 500 миллион доллар расонад.

Густариши муносибатҳо дар бахши ояндадори саноат, ташкили корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама CASA-1000, истифодаи захираҳои об, рушди робитаҳои нақлиёту коммуникатсия, истифодаи мутақобилан судманди имконоти транзитӣ ва нақлиётӣ аз масъалаҳои муҳими музокироти сатҳи олии 2 кишвар буд.

Дар мулоқот ба идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ байни кишварҳо, инчунин хатсайрҳои нақлиёти мусофиркаш, аз ҷумла байни ноҳияҳои наздисарҳадӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш аз мавзуъҳои муҳими музокирот шуд.

Ҳамчунин ба масъалаҳои муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла киберҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддира табодули афкор сурат гирифт.

Баъди 101 сол Санади № 1 ба имзо расид!

Имзои 16 санади нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардид.

Нахуст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд. Санади деринтизор муборакамон бод!

 

15 санади нави ҳамкорӣ

– Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғиз содирот””-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон;

– Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;

– Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёт миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;

– Барномаи ҳамкорӣ миёни ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Чон-Алайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2025-2027;

– Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва фарҳангу гуманитарӣ барои солҳои 2025-2030;

– Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон;

– Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2025-2027;

– Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барои солҳои 2025-2027;

– Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини тобоварӣ ба зилзила, рушди технологияҳои самаранокии энергияи “сабз” ва шаҳрсозӣ, инчунин рақамикунонии раванди сохтмон;

– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар соҳаи назорати шахсоне, ки бо амалиёт (аҳдҳо) бо сангу металлҳои қиматбаҳо, оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда машғуланд;

– Созишнома миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ;

– Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард.

 

 Дарахти дӯстӣ биншон

13.03.2025. Ин рӯз ҳамчун санаи тақдиру таърихсоз барои мардумони 2 кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя – Тоҷикистону Қирғизистон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардид, зеро чанд лаҳза қабл, сарони 2 кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров Созишнома дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда, гузаргоҳҳои марзии “Қайрағаш” (ноҳияи Лайлак) ва “Қизил-Бел” (ноҳияи Бодканд) байни Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳузури онлайнии роҳбарони кишварҳо дубора кушода шуданд.

Ҳуҷҷати муҳиму таърихие, ки солҳои тӯлонӣ барои имзои он талош мекарданд, имрӯз дар мулоқоти муштараки раҳбарони 2 кишвар дар Бишкек ба имзо расид.

 

Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷоратро таҳким медиҳем!»

13.03.2025. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ, пас аз ба имзо расидани санадҳои нав, таъкид доштанд, ки мулоқоту музокирот дар фазои созанда ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмию ҳамсоягии нек баргузор гардиданд.

– Мо ба таври муфассал маҷмуи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намудем. Мо, тавре Садир Нургожаевич таъкид намуданд, ба аҳду созишҳои муҳим даст ёфтем. Ин, пеш аз ҳама, имзои санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ мебошад.

Ҳамчунин дигар санадҳои дуҷониба қабул шуданд, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҷонибҳоро комилтар мекунанд.

Дар гуфтушунидҳо мо афзалиятҳои ҳамкории муштаракро дар ояндаи наздик муайян карда, бар аҳамияти идомаи муколамаҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд таъкид намудем.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии тадбирҳо доир ба таҳкими бахши тиҷоратию иқтисодии шарикии мо нигаронида шуд. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин самт имконоти бузург доранд. Бо дарназардошти ин, мо аҳамияти фаъолтар намудани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро таъкид намудем ва ба мувофиқа расидем, ки онро ба Шӯрои байниҳукуматӣ табдил дода, ҳамраисони Шӯроро дар сатҳи сарвазирон таъин менамоем. Мо бар он таъкид намудем, ки нахустин ҷаласаи он дар наздиктарин фурсат баргузор хоҳад шуд.

 Мо ба вазорату идораҳои дахлдор супориш додем, ки барои афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва дарёфти шеваҳои нави зиёд намудани номгӯйи маҳсулоти мубодилашаванда тадбирҳои зарурӣ андешанд. Барои то ба 500 миллион доллари ИМА расонидани ҳаҷми гардиши мутақобили молу маҳсулот мувофиқа ба даст оварда шуд.

Дар ҷараёни гуфтушунид дурнамои рушди кооператсияи саноатӣ ҳамчун асоси рушди робитаҳои иқтисодии 2 давлат дар оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Мо пешниҳод намудем, ки таҷрибаи ташкили истеҳсолоти муштарак дар бахшҳои ояндадори саноат идома дода шавад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар айни замон дар Тоҷикистон беш аз 40 корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон фаъолият доранд. Мо ҳамчунин имконоти бузурги ҳамкории байниминтақавиро дар комплекси агросаноатӣ таъкид намудем.

Ба мувофиқа расидем, ки ҳамкории 2 давлатро дар бахши гидроэнергетика густариш диҳем. Дар ин самт татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама, КАСА-1000 аҳамияти муҳим дорад.

Мо қарор қабул намудем, ки Комиссияи муштараки хоҷагии об таъсис дода шавад. Ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор доштанд.

Мо бар аҳамияти истифодаи мутақобилан судманд аз имконоти транзитӣ-нақлиётии ҳамдигар бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти 2 кишвар ва дар маҷмуъ минтақа таъкид намудем. Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ байни 2 кишвар, ҳамчунин хатсайри автобусҳо, аз ҷумла байни минтақаҳои наздисарҳадӣ, тадбирҳои амалӣ андешанд.

 Имрӯз бо имзои Шартнома оид ба сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон мо бо муҳтарам Садир Нургожаевич ба мувофиқа расидем, ки дар фурсати наздик Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро оид ба пайванди нуқтаҳои сарҳади давлатӣ имзо намоем. Имзои ин санадро мо дар доираи таҷлили ҷашни дарпешистодаи Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба нақша гирифтаем.

Ба мақсади идомаи муколамаи созандаи байнидавлатӣ ман бо камоли эҳтиром аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Нургожаевич Жапаров даъват ба амал меоварам, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҷавобии давлатӣ анҷом диҳанд, – таъкид доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

 Кадом қисмати марз ва заминҳо ба Тоҷикистон гузашт?

Бояд гуфт, ки байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон 984 километр сарҳад вуҷуд дорад. Зиёда аз 519 километри он то соли 2011 мувофиқа ва беш аз 486 километри боқимонда дар 3 соли охир мушаххас шудааст.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, ҳангоми муаррифии созишнома дар порлумони кишвараш гуфт, ҷонибҳо хати марзро бар асоси харитаи соли 1991 кашида, дар ҷараёни музокироти 3 соли охир ба ҳамдигар “гузаштҳо” карданд.

Қамчибек Тошиев аз ҷумла гуфт, ки тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки роҳҳои Хоҷаӣ-Аъло – Дача – Қапчиғай – Ворух бо дарозии 3425 метр ва паҳноии 40 метр ва Мин-Орук – Самарқандак – Ориёна – Шуристон бо дарозии 3241 метр ва паҳноии 40 метр бо мақоми бетараф бунёд ва истифода шаванд.
Ӯ ҳамчунин тавзеҳ додааст, ки роҳи Ворухро ҷониби Тоҷикистон ва роҳи Самарқандакро ҷониби Қирғизистон месозад.

Тибқи ин протокол деҳаи Достук, ки дар роҳи мошингарди Хуҷанд – Конибодом қарор дошта, аз 91 га замин иборат аст, пурра ба ихтиёри Тоҷикистон гузашта, бар ивази он кишвари мо ба Қирғизистон 30 га замин хоҳад дод.

Дар ин бора мо ҳатман дар шумораҳои баъдӣ маълумоти бештар хоҳем дод. Мо Метавонем!

 

Чашмандози Ҷамила Ҳусейнова,

 СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube