Гӯшт, забҳ, воридот ва нарх
Мухбирони газетаи СССР 2 шумора аст, ки мавзуи гӯшт, нархи он дар бозор ва чорворо дар маҳал пайгирӣ доранд. Дар баробари ин хонандагони зиёд низ бо идора дар тамос шуда, дар бораи танзими нархи гӯшт, воридоти гӯшт аз кишварҳои Беларус ва Қазоқистон, алалхусус забҳ ва сифати он пурсон мешаванд. Воқеан ҳам ҳамин ҳоло дар тамомии бозорҳои ш.Душанбе ва дӯконҳои махсусе, ки шаҳрдорӣ бунёд кардааст, гӯшти воридотӣ аз Беларус ба фурӯш гузошта шуда, нархи он назар ба нархи гӯшти моли маҳаллӣ ва қассобҳои тоҷик ба маротиб арзонтар аст. Мо тасмим гирифтем ин шумора мавзуи гӯшти воридотӣ аз Беларус, забҳ, сифат ва нарху навои онро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Мо Метавонем!

540 тонна гӯшти Беларус ба фурӯш рафт
Бояд гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои раиси ш.Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» масъули воридоти гӯшти гов аз Ҷумҳурии Беларус аст ва ин корро соли аввал нест, ки анҷом медиҳад.
Тавре дар суҳбати ихтисосӣ бо мухбири мо Фарҳод Расулзода, директори КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» гуфт, аз моҳи январ то рӯзи 13 марти соли ҷорӣ ба ш.Душанбе аз давлати Беларус 540 тонна гӯшти гов ворид карда шудааст.
– Гӯшти гов тавассути мошинҳои гаронвазни боркаши яхдондор аз корхонаҳои гӯшт – мясокомбинатҳои шаҳрҳои Слоним, Гродненск ва Слутскийи Ҷумҳурии Беларус ворид мешавад. Айни замон боз 75 тонна гӯшт дар роҳ буда, танҳо дар 73 рӯзи охир 30 мошини гаронвазне, ки ҳар яке метавонад то 18 тонна маҳсулот бор кунад, ба ш.Душанбе омада, гӯшт пурра ба бозорҳо тақсим ва ба фурӯш рафт. Ин амал дар асоси дастуру супоришҳои раиси ш.Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, ҳадаф танзими нархи гӯшт ва бо ин роҳ пешгирӣ намудан аз гароншавии сунъии нархи маҳсулоти номбурда дар бозор аст, – таъкид дошт Фарҳод Расулзода.

Забҳи мусалмонӣ ва гӯшти ҳалол
12.03.2025. Соат ба вақти Душанбе 15:11 дақиқа. Дар мавриди гӯшти воридоти аз Беларус байни мардум ҳар гуна назару андеша асту бархе ҳалол будани онро зери суол мебаранд. Зимнан дар ин рӯз мухбири мо дар қабули воридоти гӯшти навбатӣ аз Беларус дар анбори корхонаи мазкур ширкат дошт ва бо чашми худ дид, ки ҳар 1 пораи калони гӯшт мӯҳри тамғаи «Ҳалол» – «Халял» ва сертификати Стандарти давлатии Ҷумҳурии Беларусро дошт (ниг. ба акс). Масъулони забҳхонаи мясокомбинати ш. Слоним бо маъмурияти КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» дар тамос шуд, дар бораи қабули гӯшт суҳбат мекарданд.
Лозим ба таъкид аст, қассобоне, ки тариқи қарордод ба забҳи чорвои ба Тоҷикистон содирот мешуда, дар ҳудуди Беларус машғуланд, ҳама (!!!) мусалмон ва зодаи кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонанд. Яке аз қассобон зодаи ш.Конибодоми худамон аст, ки бо аҳли оила, писарону бародарон дар ин корхонаи гӯшт кор мекунад ва маҳз ӯ ба забҳи чорвои ба Тоҷикистон равонашуда машғул аст.
Сокинон ва харидорони пойтахт бояд ба ҳар гуна овозаҳо, ки маҳз худи даллолон ва гоҳо қассобони маҳаллӣ дар мавриди дасткуш набудани гӯшти воридотӣ паҳн мекунанд, дода нашаванд ва донанд, ки ҳеҷ гоҳ шаҳрдории Душанбе намегузорад, ба пойтахт маҳсулоти ғайристандартӣ ва гӯшти ғайри ҳалол ворид шавад!

1 кило гӯшт – 60 сомонӣ!
Пас аз қабули мошини навбатӣ мо ҳамроҳи кормандони КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» аз дӯконҳои корхона дар 2 бозори пойтахт – «Деҳқон» ва «Саховат» дидан кардем. Чунки пас аз қабули бори навбатӣ ва тақсимоти он ба бозорҳои коммуналии пойтахт, ки мошинҳои корхонаи мазкур ба тақсимот аз рӯи меъёри баробар машғуланд, фурӯш оғоз мегардад. Ба ҳар 1 дӯкон аз 200 то 300 кг (4 – 5 линги гов) гӯшт барои фурӯш дар 1 шабонарӯз дода мешавад.
Нархи гӯшти гови воридотӣ аз Беларус 60 сомонӣ барои 1 киласт! Ин муболиға нест ва нарх дар даромадгоҳи дӯконҳои КВД дар назди бозорҳои пойтахт ва гӯшаҳои дигар зада шудааст.
Ҳушдор: Агар баногоҳ ба шумо гаронтар аз ин нарх фурӯхтанд, пас ба СССР бо факту далел шикоят кунед, мо ҳатман ба шахсони дахлдор мерасонем. Мо Метавонем!

Баробарӣ & бародарӣ
Ба хотири он, ки гӯшт ба ҳама расад, КВД меъёри фурӯшро муайян кардааст- ба 1 харидор то 3 кило ё ба андозаи то 200 сомонӣ. Баробарӣ ва бародарӣ! Аммо мардум аз ин бояд нигарон набошад, захираи гӯшт фаровон аст, мисли равғану шакару биринҷу картошкаву пиёз, ки дар борааш мо шумораи баъдӣ муфассал хоҳем гуфт.
Тавре мо мушоҳида намудем, бо чунин нарх гӯшти Беларус хеле зуд ба фурӯш меравад, бе ягон ажиотаж. Фурӯшандагони ин гуна дӯконҳо кормандони КВД буда, аз корхона маош мегиранд ва ҳоҷат ба фиреби тарозуву харидор нест. Агар чунин будӣ, худи корхона муҷозот хоҳад кард, ки назар ба ҷавобгарии маъмурӣ садҳо маротиба сахттар аст.
Нархи гӯшти маҳаллӣ набояд аз 75 сомонӣ зиёд бошад, вале тавре мушоҳида мекунем, савдогарони «имондор» сари ҳар 1 кило то 94 сомонӣ меситонанд. Агар гӯшти 75 сомонӣ хоҳед, пас омода бошед, он ҳатман пур аз чарбу ва устухон аст. Раёсати ВКД дар ш.Душанбе, ки ҳамин ҳоло ба шикори гӯштфурӯшони беимон баромадааст, аллакай беш аз 10 нафарро ҷазо дод.
Фақат гӯшти буқача!
1 сирри дигарро бояд ба сокинон ва харидорони гӯшт ошкор кунам: гӯшти воридотӣ аз Беларус танҳо гӯшти буқачаи то 2 сола аст, на модагов! Аз ин лиҳоз гӯшти буқача мулоим, камравған ва хушхӯр мебошад, зеро ин буқачаҳо мисли говҳои маҳаллии мо ин сӯву онсӯ намегарданд, дар якҷо парвариш меёбанд ва танҳо хӯроки серғизо – витаминдор мехӯранд. Муҳимтарин нукта ин аст, ки чунин мол ва чунин гӯштро бо дастури махсуси раиси ш.Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, корхонаи мазкур барои сокинони пойтахт меорад. Брависсимо, раиси ҷавони мо!
Бояд гуфт, ки гӯшти омодашуда барои содирот 21 рӯз муҳлат дорад, барои сафар бошад аз Беларус то Тоҷикистон 5-7 рӯз лозим аст. Ин гӯштро дар сурати лозима метавон дар анборҳои корхона боз 14 рӯзи дигар нигоҳ дошт, вале ин тавр нест: он зуд тақсим ва ба фурӯш меравад.

Талабот афзуд, нарх ҳам
Тавре Агентии омори назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ медиҳад, дар соли 2024 ҳаҷми воридоти гӯшт 6 ҳазор тонна нисбат ба соли 2023 афзуда, 15,7 ҳазор тоннаро ташкил дод. Яъне талабот, ки зиёд шуд, воридот ҳам боло рафту нарх ҳам. Давоми 1 соли охир нархи гӯшти истеҳсоли ватанӣ гарон шуд: гӯшти гов ба андозаи 28,5% ва гӯшти гӯсфанд – 19,9%. Чорводорон сабабҳои асосиро дар талаботи зиёд, афзоиши хароҷот барои парваришу нигоҳубини чорво ва болоравии нархи ему хошок мебинанд. Лозим ба таъкид аст, ки соли 2024 Тоҷикистон аз рӯи воридоти чорвои калони шохдор рекорд гузошта, ба маблағи 14,1 млн доллар говҳои зотӣ ва ҷӯшоӣ харид. Ин нишондиҳанда қариб 2 баробар аз соли 2023 зиёд аст (ба маблағи 7,2 млн доллар харида шуда буд).
Миллати гӯштхӯр шудаем!!!
Масъулин мегӯянд, ки дар 1 шабонарӯз танҳо дар бозорҳои коммуналии пойтахт аз 180 то 200 тонна гӯшт ба фурӯш меравад! Ва ин омори танҳо гӯшти гову гӯсфанду буз аст. Мо ҳоло гӯшт барои тарабхонаву ошхонаҳои пойтахтро ҳисоб накардаем. Бо назардошти он, ки тамомии тарабхонаву ошхонаҳои ш.Душанбе ҳар шом бо ифтор банданд, шояд омори гӯштхӯрии мо ба маротиб бештар бошад.
Ба арифметикаи одӣ рӯ меорем:
Х=200 тонна=200000 кг
200000х30рӯз=6000000
Яъне дар 1 моҳ, танҳо дар пойтахт, мо тоҷикон, 6 млн кило гӯшт мехарему мехӯрем! Ва ин ҳам танҳо аз бозору қассобхонаҳо. Тарабу ошхонаву ресторанҳо бе ҳисоб…
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
