08.03.2025. Соат бо вақти Душанбе 18:12 дақиқа. Бо аҳли оила барои хуроки шом – ифтори идона дар Рӯзи Модарон ба тарабхонаи «Family» омадем. Имрӯз байни мардум расм шудааст, ки ифтор ҳатман ба ягон ошхона ё тарабхона раванд, ки ин албатта хуб аст – далели он, ки зиндагӣ ва шароти оилавӣ беҳтар шудааст.
Тарабхонаи «Family» ҳамин ҳоло шояд яке аз маъруфтарин тарабхонаҳо бошад, ки дар ошёнаи 1-уми тарабхонаи «Яккасарой» ҷойгир буда, онро мардуми суғдӣ ба иҷора гирифта, хуб мечархонанд. Мо ҳам, ки аслан зодаи ҳамин вилоятем, гуфтем дар 1 сол 1 бор ба тарабхона равему ҳамранги мардуми пулдор бошем, баде нест. Ба хотири он, ки ҷойи хуб насибамон гардад, ман 2 рӯз пеш омада, миз интихоб ва фармоиш додам. Администратор – маъмур ба рӯйхат гирифту гуфт, ки агар хоҳам, бе миз намонам, кафолатпулӣ гузорам. Ман ҳам ба хотири дар пеши аҳли оила ноҳинҷор нашудан 100 сомонӣ гузоштам ва фикр кардам, ки ин маблағ пас аз ҳисоби умумӣ кам мешавад. Вале ин тавр нашуд…
Хулоса, омадем, нишастем, хурмову нишолло, ғулингоб ва оби одӣ барои рӯзакушоӣ рӯи миз аз ҳисоби тарабхона гузошта шуда буд. Ҷойи холӣ набуд – ҳамаи мизҳо банд ва хеле одам зиёд.
Мо хӯроки 1-ум супориш надодем, бароямон самбӯса оварданд, 2 оби газноку 2 афшураи «Добрый», ба хотири сарфаи пул 1 кабоби калони омехта барои 6 нафар супориш додем. Нархи он кабоби омехтае, ки мо интихоб кардем 600 сомонӣ буд дар меню ва албатта ба 10 нафар мерасид. Аммо вақти ҳисоб онро 800 сомонӣ ҳисоб карданд… Инҷо аллакай 200 сомониам гум шуд!
Вақте ҳисобро оварданд ҳуш аз сарам парид: 1386 сомонӣ!
Ба ҳисобварақа диққат кардам. Дар тарабхонаи «Family» дар моҳи шарифи рамазон ба ҷойи тахфифу арзон кардан, баръакс нархро дучанд бардоштаанд. Наход 1 нӯшокии Арси –колаи 1 литра, ки дар мағозаи гаронтарин 8,50 сомонӣ нарх дорад, дар ин ҷо 15 сомонӣ бошад? Соки «Добрый»- 30 сомонӣ, дар мағоза 20 сомонӣ, 2 мурғ- табака -150 сомонӣ, вақте дар дилхоҳ тарабхонаи дигар 50-60 сомонӣ арзиш дорад, 10 дона самбӯсаи «ғижда»- 70 сомонӣ, шашлики омехти супоришдодаи мо, ки 600 сомонӣ буд, 800 сомонӣ ҳисоб шудааст. Вақте аз пешхидмат пурсидам, ки чаро 100 сомонии кафолатпулиро кам накардед, гуфт намедонам. Бо ин ҳама надонистанаш 10% , яъне 126 сомонӣ барои хизматрасонӣ гирифт. Дигар касе посух надод, ки 100 сомонии ман куҷо шуд…
Ман мефаҳмам, ки тарабхона аст ва бояд нархаш гарон бошад, аммо вақте 50% ба болои ҳар 1 маҳсулот ё хурок нарх зам мекунӣ ва он ҳам дар Рамазон ва дар ифтор, магар аз рӯи инсоф аст? Чунин нарх дар ягон тарабхонаи дигари пойтахт нест, ҷуз «Family».
Дур намеравем, 2 ҳафта пеш бонувони газетаи СССР мардони идораро барои хуроки нисфирӯзӣ ба тарабхонаи «Яккачинор» даъват карданд. Бо назардошти хуроки 1-уму дуюм, табакаву моҳӣ, сушӣ, дег-кабоб, муҳимтар аз ин 1 шишаи гардандарози брендӣ ҳисоб ҳамагӣ 940 сомонӣ шуд! Ҳол он, ки дар тарабхонаи «Family» мо ин қадар супориш надода будем.
Ин шикоят нест, ин 1 ҳушдор ба идораҳои дахлдори МИҲД ш.Душанбе аст, ки бояд дастури раиси ш.Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро роҷеъ ба фаъолияти пурраи ошхонаву тарабхона ва нуқтаҳои хуроки умумӣ (на ҳамаи ошхонаҳо ҳоло рӯзона кор мекунанд!) дар моҳи рамазон ва назорати нарху навои онҳо дар ин моҳи шариф зери назорат бигиранд. Мардумро ғорат накунед, ресторандорон!
Мо-ку дигар ба тарабхонаи «Family» намеравем, вале мехоҳам ба соҳибонаш бигӯям, ки шумо ин корро дар Хуҷанд наметавонед кард, зеро хуҷандиҳо намегузоранд ва хуб ҳам мекунанд!
Ҷамила Ҳусейнова,
ш. Душанбе
