1 ПУЛА КОРУ ОЛАМЕ САРГАРДОНӢ

Шаби 8 ба 9 – марти соли ҷорӣ бинобар тамом шудани маблағи Сурат – ҳисоб барқамон қатъ гардида бошад ҳам, “ Кори шаб хандаи рӯз” ва “ Субҳ аз шаб хирадмандтар аст” гуфтагӣ ворӣ, нахостем, шабона навбатдори Шабакаи барқи ноҳияи Синоро ташвиш диҳем. Бехабар аз он ки барои онҳо рӯзу шаб бо маънои манфиаш фарқе надоштааст.

Субҳ аз хоб хестан баробар маблағи барқро пардохта, интизор шудем. Баъди хеле интизорӣ ба рақами телефони маркази номбурда – 46 610 18 18 занг болои занг задему бе натиҷа.  Ба коргоҳ омадан замон, ҳамроҳ бо ҳамкорам Собир Абдураззоқов рақамчиниро идома бахшидем. Аммо аз санг садо буду аз онҳо не. Духтарам ҳам нақл кард, ки баъди чандин маротиба кӯшиши занг задан бо рақами мазкур, нохост аз он тараф овози занонае ба гӯш расид, ки рақами “Литсевой счёт” – ро пурсон шуд, вале мунтазир нашуда, бо ҳамин дигар тамоман гӯширо набардошт.

Бегоҳ ҳини ба хона баргаштан, аз хонагиҳо фаҳмидам, ки рақами телефони кадом 1 корманди Шабакаи барқи ноҳияи Синоро аз зани ҳамсоя дарёфт намудаю барқро барқарор кардаанд…

Рости гап, норозигии мардумро аз сифати бади хизматрасонӣ дар аксар шабакаҳои барқ хондаю шунида, чандон боварам намеомад, зеро бо чунин ҳолат аввалин маротиба дучор омада будам. Ҳарчанд дафъаҳои пешин ҳам танҳо туфайли рақами телефони ягон корманди барқ дар алоқа мегардидему корро ҳаллу фасл менамудем.

Аҷабо! Корхона корхонаи давлатӣ. Рақами телефонро ҳам худи роҳбарияти шабака ба мардум пешниҳод намудааст. Вазифаи бевоситаи навбатдор ё худ корманди масъули аз ҳисоби пардохтпулии ҳамин мизоҷон маошхӯри сари телефон нишаста, ҳамагӣ бардоштани гӯшию шунидани арзу посух гардондан аст. Дар сурати акс он корманду он телефоне, ки рисолаташонро иҷро намекунанд, ба кӣ даркор бошанд? Корманде, ки вазифаи асосии худро иҷро намекунад, ба чӣ коре банд бошад?  Ба ҷуз бемасъулиятию хунукназарӣ нисбати иҷрои вазифа дигар чунин муносибатро ба кор ҳеҷ гуна шарҳ додан мумкин нест!

Мирзо Рустамзода,

сокини деҳаи Шодоб,

Ҷамоати Чорбоғ,

н. Варзоб

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube