Фаъолияти «IRS» чунин масир дорад
Бориши пуршиддату давомдори барф ва тармафароии бениҳоят зиёди мавсими имсола, хоса охири моҳи феврал ва рӯзҳои аввали фасли баҳор дар роҳи Душанбе – Чаноқ бори дигар кордониву масъулиятшиносӣ, ҷасорати роҳбарият ва кормандони «IRS»-ро ҳамчун масъули нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ ба маъраз гузошт. Эътирофу арҷгузорӣ бояд кард, ки ба шарофати азми қавӣ ва иродаи хастагинопазири онҳо дар ин марҳилаи бениҳоят муҳим эътимоди шаҳрвандон ба нигоҳбони боэътимоди роҳи мазкур будани «IRS» афзунтар гардид. Бидуни муболиға тадбирандешиҳои аҳли «IRS» дар ин рӯзҳо, ки моҳиятан роҳкушоӣ бо баҳои ҷон маҳсуб мешавад.
Қобили зикр аст, ки бориши пуршиддати барф ва тармафароии ин мавсим бесобиқа буда, маҳз омодагии ҷиддӣ, тавонмандии қобили мулоҳиза, масъулиятшиносии роҳбарият ва ҷонфидоиии кормандони «IRS» боис гардид, ки ин марҳила бо сарбаландӣ паси сар гардад.
Шабонарӯзӣ тоза намудани роҳ аз барф, коркарди он бо маводи зиддилағжиш, бетаъхир бартараф намудани садҳо тарма, муваққатан ҷойгир намудани мусофирон дар хонаҳои устои роҳ, тақсим намудани озуқа ба онҳо, ба макони бехавф интиқол додани автомобилҳои дар банди тарма монда аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки бо ҳисси масъулиятшиносӣ амалӣ гардид.
Рӯз то рӯз болотар рафтани мақому манзалати филиали Ширкат ва тамоюли афзоишро касб намудани маҳбубияти он миёни мардум, пеш аз ҳама, натиҷаи хизмати содиқона маҳсуб мешавад. Табиист, ки дар ин раванд саҳми роҳбарият, хоса директори филиали Ширкат Нодирҷон Сафаров арзанда аст. Месазад ёдовар шавем, ки номбурда дар рӯзҳое, ки бориши барф пуршиддат буду тармафароӣ бениҳоят зиёд, дар раванди бартарафсозии тармаҳо шахсан ширкат дошт. Муҳим он аст, ки номбурда дар наҷоти ронанда ва панҷ мусофире, ки зери тарма монда буданд, саҳми босазо гузошт. Илова бар ин, бо нишони арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ, ба ронандагону мусофирони автомобилҳое, ки интизори кушодашавии роҳ буданд, озуқа дастрас шуд. Овардани далели мазкур ба худситоӣ умуман дахл надошта, мақсад комилан муътақид намудани шаҳрвандон ба масъулиятшиносии кормандон ва роҳбарияти “IRS” маҳсуб мешавад.
Қобили зикр аст, ки ин муддат «IRS» зиёд мухотаби аҳли ҷомеа буд ва хушбахтона, аҳли он тавонистанд, ки новобаста аз мушкилоти зиёди марбут ба иқлим, ҳаракати муназзаму бехатари нақлиётро тавассути роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин намоянд.
Дар давоми 15 соли фаъолият мардум боварӣ ҳосил намуданд, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамуда барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Дар ин муддат собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад. Маҳз ин омилҳо замина фароҳам оварданд, ки ширкати мазкур дар нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ комёб бошад ва назари мардум тамоюли густурдаи мусбатшавиро касб намояд. Миннатдории ронандагону мусофирон, қаноатмандии роҳбарони сохторҳои давлатӣ, баҳои баланди меҳмонони хориҷӣ роҳбарият ва кормандони «IRS»-ро беш аз пеш рӯҳбаланд месозанд.
Чунин қадршиносӣ рӯҳияи онҳоро баландтар карда, водор менамояд, ки вазифаи худ – нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқро минбаъд низ сарбаландона ва дар сатҳи хубу сифати баланд ба ҷо оранд.
Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛДТ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
