ШАСТИ КАМОЛ

15.03.2025. Маъруфтарин бонкдори Тоҷик ба синни мубораки 60-солагӣ расид, ки муборакаш бод!

Тоҷиддин Пирзода 15.03.1965 дар деҳаи Кӯли Сӯфиёни н. Данғараи вилояти Кӯлоби РСС Тоҷикистон дар оилаи шикорчии номдори кӯҳманзари Виёни Балҷувони Тоҷикон, Бобои Табаралӣ ба дунё омадааст. Модараш аз авлоди маъруфи Паҳлавон-Вайси Виёнӣ, аз дудмони Маҳмадрозиқ-Паҳлавон аст. Қаноти модариву падарӣ ҳар 2, ки аз табори сайёду шикорчиву паҳлавонони кӯҳистон будандӣ, дар хуни ӯ ҷавонмардӣ мавҷ мезад. Ин аст, ки баробари расидан ба синни 18 солагӣ, бо аризаи худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, ба Афғонистон ба ҷанг рафт.

Дар солҳои 1983-1985 дар суфуфи кӯшунҳои десантӣ хизмат карда, соҳиби ордени «Ситораи Сурх» (1985), медали «Барои шуҷоат»(1985) гардид. 2 медали дигари дар ин набардҳо ба дастомадааш, баъдан қаҳрамонро ёфтанд: медали «Аз мардуми сипосгузори афғон»(1989), медали «Барои корнамоиҳои ҷангӣ» (1990)…

Кишоварз ва бонкдор

Тоҷиддин Пирзода хатмуттаҳсили Донишгоҳи аграрӣ (Селхозинститут), шарикдарси журналисти муваффақи Тоҷик-Бахтиёр Сафарови раҳматист, ки дар ТВТ то ҳанӯз ҷояш холист. Доктори илми кишоварзӣ, иқтисодшинос, бонкир ва полковники мустаъфист.

Соли 1990 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, солҳои 1991—1993 аспирантураи рӯзонаи Институти илмию таҳқиқотии сабзавотшиносии Маскавро  дар риштаи технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди меваю сабзавот хатм кардааст. Дар соли 1996 рисолаи номзадӣ ва соли 2003 рисолаи докториро дар Академияи ба номи К. А. Тимирязеви шаҳри Маскав ҳимоя намуд. Баъдан факултаи иқтисоди ДДМТ-ро бо ихтисоси «Молия ва қарз» ва факултаи энергетикаи ДТТ ба номи академик М. Осимиро дар шаҳри Душанбе хатм кард. Аз соли 2003 инҷониб ҳамчун профессор дар кафедраи «Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»-ии ДАТ ва дар факултаи иқтисоди ДДТ дарс медиҳад.

 

Осори илмӣ

Муаллифи 16 китоби дарсӣ, 2 монография ва 200 мақолаи илмӣ мебошад, ки аксаран бо забони русӣ эҷод шудаанд:

  • Современное состояние и продуктивность репчатого лука в Таджикистане. — Д., 2000;
  • Прогнозирование лежкопособности овощей на основе оценки их качества. — Д., 2000 (соавтор);
  • Современная технология производства уборки и хранения лука репчатого. — Д., 2001 (соавтор);
  • Лук репчатий (Учебное пособие). — Д., 2002; Теоретические основы хранения плодов и овощей. — Минск, 2002;
  • Душанбе (Книга-албом). — Д., 2003 (соавтор);
  • Контроль качества овощной продукции. — Д., 2004;
  • Таджикистан: исторические события, персоналии, термины, Том I—II. — Д., 2010 (соавтор).

Соҳибкори муваффақ

Аз соли 2007 ҳамчун Раиси Шӯрои нозирони Бонк фаъолият намуда, 17 марти соли 2012 Раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» таъйин гардид. Дар тули фаъолияташ ин бонк ба яке аз пурнуфузтарин бонкҳои кишвар табдил ёфт. Мутаассуф, бо вазиши боду борони буҳронӣ Тоҷиксодиротбонк муфлис шуд. Вале Тоҷиддин Пирзода дар назди Худову мардум ваъда кард, ки то охирин пайсаи мизоҷон баргардонидан талош мекунад. Ин аст, ки аксарияти мизоҷон, ба оҳистагӣ, вале пайваста, талафотҳои пулияшонро талофӣ мегиранд.

Мо низ бар боварем, ки Тоҷиддин Табаровичи ашрофзода ба ваъдаи назди виждон додааш вафо карда, пасандози тамомии мизоҷони худро, ки аз рӯи инсоф, аксарияти кулл фоизу даромади аз пасандозашон зиёд низ дар даврони то муфлисӣ ситонидаанд, бармегардонад. Ин ҷо наметавон аз Мирзо Қаюмзода-1 соҳибкори муваффақи дигар ёд накард. Вақте ба Мирзо-акои раҳматӣ мегӯянд, Тоҷиксодиротбонк муфлис шуду ба суд муроҷиат кун, бо лабханда мегӯяд:

-Инсоф ҳам лозим бачаҳо! Мо тули фаъолияти бонк аз Тоҷиддин Табарович он қадар фоидаи пасандоз гирифтаем, ки аз пасандозамон зиёд буду кам на…

Ва аммо давлату сарвати асливу усулии Тоҷиддин Пирзода ин аст, ки падару модараш, 2 боли зиндагонӣ, хушбахтона зинда ва дар паҳлӯяш ҳастанд. Момои Моҳлиқоб ба синни 90 ва Бобои Табар-Полвон ба синни мубораки 95 солагӣ расидаву давлати воқеии пирӣ дар ҳузури фарзанди нозанин мегузаронанд, ки ҳалолашон бод!

М. Муббориз,

махсус барои СССР

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube