Бо Раҳими Ашроф (а) мо чӣ рӯзгороне паси сар накардаем. Курси аввали донишҷӯӣ (1983-84), хизмат дар сафи Армияи Советӣ (1984-86), солхои мулҳики мушкилу басо хатарзои ҷанги гражданӣ (1991-97).
Дар Армияи Советӣ (АС) Раҳим шери ғуррону яли дамон будӣ. Авоили хизмат бархе ҳамхизматони ҳаммилатро бо зарби тасмаи солдатӣ ба ҷангу хархашаҳо бо қафқозиён мебурд, то фикр накунанд, Тоҷик тарсуст. АС, бузургсолон нек дар хотир доранд, ки лату кӯбу зарбу ҷангу ҷадалу 1х1 ва 1х10 кас намешуд. Тақозои давру замон ҳам ин буд. Вале 1 нафар наменолид, хабаркашӣ намекард, ба волидайн наменавишт, ки маро мезананд. Шиори аҷибе дошт ун Армия:
–Не можешь-научим. Не хочешь-заставим!!!
Маҳз ҳамин шиор аз навраси 18 сола, дар 19-солагӣ аллакай солдате месохт, ки Аврупову Амрико чун барги бед аз ҳайбаташон меларзид! Ин ҳамту, инфо барои он нафароне, ки аз Армияи Тоҷик бечоранолӣ мекунанд.
… Дар АС барои ҳифзи шараф Раҳимҷон 3 сол зиндонӣ шуд. ДисБат-дисциплинарный батальон, хизмати ислоҳӣ, ки ба ҳукми зиндон гирифтану ҷинояткор шудани сарбоз монеъ будӣ. Дар ун ҷо низ номи тоҷикро паст назад.
Дар солҳои ҷанги гражданӣ нахустин нафаре шуд, ки баробари омадани ҳукумати нав бо сарварии Эмомалӣ Раҳмонови 40-сола, дар охири соли 1992, мурвати радиоро тоб доду ба мардум мужда дардод, ки «Ҳукумати конститутсионӣ баргашт!!!».
…Ёдам ҳаст, соли 1992, бо Раҳим дар навбати хлеб, булка меистодем (он даврон НОН гуфтанӣ истилоҳот набуд). Дар Булказаводи 64 мкр. навбати чандҳазорнафара таъсис ёфта будӣ. Ин ҳин 2 нафар булка дуздиданд ва сӯяшон мусаллаҳон атрофи ин завод тир андохтанд. Он 2 тан афтида, ҷон меканданд ва мардуми гурусна давида омада… ҷои кӯмак ба захмиён, ки мемурданд, булкаҳои хунолудаи ишонро кашида гирифтаву фирор карданд. Халқ гушна буду дар хона барои ин булкаҳо фарзандонашон ҷон медоданд!!!
Ҳар нафаре он солҳоро фаромӯш мекунад, ӯро Худо дар ин дунёву ун дунё мезанад…
Мани ҳайратзада баргаштаву Раҳимро дидам, ки бо чашмони пури ашк, ба ин моҷаро назар дӯхта, зери лаб пиччиррос мезад:
-Худоё! Оё мо миллатем? Чаро мо худро ба ин зудӣ нест кардан дорем. Куҷост он ҳама ифтихороту шарафи ориёнаи мо???
Зимнан чун Сарвари Давлати он замон набуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонови ҷавон муждаи «Ман ба шумо Сулҳ меорам!» дод, Раҳим то дами марг ба ин накӯмард содиқ монд. Ҳар куҷое буд, аз сиёсати Президенти ҶТ пуштибонӣ мекард. Бо онҳое, ки имрӯз, погонҳоро дигар карда, доду фиғону мағалли садоқат ба ин ҳукумат мевардоранду он даврон назарашон куллан дигар буд, дар Душанбе ва сипас дар вилояти Ленинобод, ҳамеша дастобагиребон мешуд. Содиқуссиддиқтарин тарафгири Президент дар ин вилоят Ӯ буд ва инро ман мутмаинан мегӯям…
Расо 10 сол пеш, риштаи умраш, ногаҳонӣ канда шуд. Сари замин кор мекард, чун хоҷагидор гашта буду ҳамзамон хабарнигори СССР дар вилояти Суғд, инсулт аз пояш даровард:
Ҳар кӣ по каҷ мегузорад, хуни дил мо мехӯрем,
Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо…
Ба ҷанозааш рафтем. Дер кардем ва сари гӯраш расидем. Рафтем ва дидем, полковник Бахтиёр Нурматови ҳамкурси кӯлобиамон, ки низ имрӯз ба олами ҷаннатиён пайвастааст, дар қабристони Қарқчиқуми Конибодом, ки Раҳимро ба оғӯш гирифт, ҳайратзада мегуфт:
-Ман ҷасади Раҳимҷонро кушода дидам ва ӯ табассум мекард. Яъне аз умри кутоҳ, вале ҷавонмардона дидааш, розӣ аз ҷаҳон бирафт…
Ҷоят ҳамеша бари ман холист, дӯст, шарикдарс, ҳамхизмат, ҳамватан, ҳамкасб ва ҳаммилатам, Раҳими Ашрофи билоиваз ва нотакрор…
