Биёед ба ҳоли имрӯзаи ҷомеъа назар кунем! Бубинем, равиши забони модарӣ-давлатро ба кадом самт бурда истодаем. Ҳаст забони давлатие, ки аз тарафи дигар ташкилотҳои ҷаҳонӣ зери ҳимоя ва рушд бошад? Кафолати ҳуқуқи ҳифзи забони давлатӣ дар дохил ва берун аз он ҳаст? Барои чӣ қисми зиёди бузургтарин адибони тамоми давру замонро маҳз намояндагони мардуми порс-тоҷик ташкил кардаанд, лекин имрӯз ин қадар ноэҳтиромӣ ба сари забони ӯст? Хулоса атрофи ҳимоя ва равнақи ин забони хеле нодири куҳанбунёди Тоҷдорон суол хеле ва хеле зиёд аст…
Андар достони маҳви бесаводӣ дар СССР
Соли 1924, яъне 101 сол пеш, роҳбари давлати СССР дид, ки дар кишвари ҷавон забони ягонае нест, ки байни Ҷумҳуриҳои навташкил муносибати хуб пайдо гардад, барои ҳамин аз 7 сола то 70 соларо пушти парта оварда, дарси забону одоб доданд, ки то соли 1935 мардуми кишварро аз чунин торикӣ раҳо диҳанд. Барои чӣ ин кори муҳим карда шуд? Барои он ки одами ҷамъяти нав худаш қарору қонун ва ахбори он рӯзро хуб хонад, сарфаҳм равад. Ана ҳамин забони ягонаи СССР буд, ки аз болои фашизм ғалаба кард, одамро ба кайҳон бурд. Яъне одами Шӯравӣ русиро омӯхта, забони давлатиро ёд гирифта, сухани давлату кори мардумро хуб сарфаҳм мерафт.
Андар баёни ғалабаи маъориф дар Ҷопон
Охири моҳи августи соли 1945 Аскари Сурхи СССР артиши шоҳаншоҳии Квантуни Ҷопонро шикст дод. Баъди ин шиксти бузург, Ҷопон Артиш, яъне Қувваҳои Мусаллаҳашро аз даст дод. Дар буҷа ҳам харҷи ин сохтор боқӣ монд. Ана барои ҳамин аввали соли 1946 Ҳукумати нави Ҷопон маблағи калони ҳарбиро ба маъориф дода, бузургтарин мактабу омӯзгоронро ба майдон баровард, ки баъди 5-10 сол беҳтарин маҳсулоти ниёзи мардум “Нокия”, “Кодак”, “Тоёта” ва ғайраро барои олам ба савдо гузошт, ки то ҳол дар равнақи техникӣ дар ҷои намоён меистад. Ҳамаи ин хизмати устоду омӯзгорон буд.
Дар олам чанд забон аст?
Тибқи маълумоти бузургтарин марказҳои забоншиносӣ дар ҷаҳон, то соли 2024 7164 забони фаъол мавҷуд буд, ки ба 142 оилаи забонҳои гуногун тааллуқ доранд. Бо забони маъмултарин, ки 40 адад мебошад, тақрибан аз 2/3 қисмати аҳолии Замин суҳбат мекунад. Бештари мардум бо забони чинӣ, ҳиндӣ, англисӣ, испанӣ, арабӣ, русӣ ва португалӣ суҳбат мекунад. Бубинед, ки ҳиндӣ, ё ҳинду вожаи порсӣ буда, маънояш сабзина ва худи мардум писарамӯи порсиёни куҳананд, дар ҷои 2 буда, 60% вожаҳои сарзамини Ҳиндӯстон тоҷикист. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки нест забоне дар ин дунё, ки вожа, ё ба самти худ табдилдодаҳои порсӣ-тоҷикӣ надошта бошад. Ба монанди “ОДАМ”, “ШОҲМОТ”, “НАРД”, “ЧОЙ+ХОНА” ва ғайра. Ана бузургиву мана шаҳомат.
Талош барои истиқлоли забони адабӣ!!!
Имрӯз мо суханро бозорӣ намуда, танҳо барои иҷрои савдо “равнақ”, яъне паст кардем. Ҳамаи мардумро бо забони ягонаи адабӣ метавон наздику муттаҳид кард. 35 сол аст, ки мо якҷоя ба паст кардани эътибори забони давлатӣ машғулем. Наздики 80-85% одами соли таввалуди 1980-1985 ба ин сӯ навишту гуфтори адабӣ надорад. Дар 95% телефони мардум ҳарфи тоҷикӣ нест!!! Вакууми безорӣ аз забони модарӣ ба миён овардаем. Садои пои сумби аспи таърихи имрӯза ба гӯши мо бояд расида бошад, ки танҳо иттиҳоди мардуми дорои 1 забони адабии оммафаҳм зинда мемонад. Дигар ҳама беобу рӯ аз ин зиндагӣ хоҳад рафт.
Саранҷом, яъне имрӯз ҳақиқатро бояд наҷот дод. Ин ҳақиқат барқарор кардани забони адабист, ки мардуми тоҷикро аз варта наҷот медиҳад.
Куруши Бузург, ё Кири Калон?
Бадхоҳон ҳар чӣ ки хоҳанд метавонанд, зеро имрӯз зӯру тавоно, дорои қудрати электронӣ ҳастанд. Барои чӣ имрӯз дигарон ба ҳоли мардуму ба чунин забони шикастаи фалаҷкардаи мо механданд, ки худ 2 асра таърихи пайдойиш надоранд? Айб дар ош аст ё мош?
Ба ин расми қолини дар шаҳри Қайроқум бофта нигаред, ки аз тарафи ягон бегона нею, аз ҷониби кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия рӯзи 14 октябр дар шаҳри Москва бо тантана намоиш дода шуда буд. Зери ҳар 1 сухани мо ФИО-и зиёди кормандони намояндагӣ ва ташкилоти тоҷикон ҳастанд, ки сазои овардан ҳам нестанд. Танҳо ба 1 суол посух гирифтанӣ ҳастем, ки барои чӣ душман нею худи мо асосгузор ва ягона нависандаи Эъломияи Ҳуқуқи Башар-Куруши Бузургро ба Кири бузург табдил додаем??? Аз бегонаи бадхоҳ чӣ нолем, ки худамон нисбати бузургворон чунин пасткорӣ дорем?
Бисёр маъзарат мехоҳам, вале Кир, агар ба алифбои ниё нависем, медонед, чӣ маъно дорад? Курушро чаро пас масъулини сафорати ҶТ дар Москва “Кир” кардаву ба маърази омм гузоштаанд? Кадом Тоҷик Курушро дар кадом аср “Кир” мегуфт, ки сафорат фармоиш медиҳаду Қайроққум метанаду оварда дар Маскав меовезем? Куруш Великий менавиштем, оё русҳо моро зада пеш мекарданд?
Муроҷиат ба вазири хориҷаи ҶТ
Берун аз кишвар сатҳи дониши адабии ҷавонон аз даст рафта истодааст. Бояд онҳоро дар роҳи омӯзиши забони адабӣ рост кард. Ҳар сол наздики 1-2 миллон мардум ба кишвари дигар баромада, аз паи кору таълим аст. Зиёда аз 1 миллиони он дар қаламрави Россия ҳузур дорад. Соли 2019 устоди МГУ Мавзуна Ҳайдарова ба Пешвои Миллат дар ҷаласаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муроҷиат карда, мушкили аз байн рафтан ва набудани омӯзиши забони модарӣ дар Россияро баррасӣ карда буд. Ҳамон замон аз тарафи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дар бораи ташкили омӯзиш дар назди намояндагии Тоҷикистон, ба хусус дар назди Сафорати ин кишвар дода шуд, ки имрӯз тамоман фаромӯш кардаем.
Зимнан аз Вазири корҳои хориҷии ҶТ, муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин қотеъона дархост дорем, ки дастури Президенти кишвари азизи моро, зимни омӯзиши забони давлатии модарии Тоҷикӣ ба инобат гирифта, дар назди сафорату консулгарии на танҳо Россия, балки дар тамоми ҷаҳон курсҳои омӯзиши забони модарӣ-давлатиро кушоянд.
Хатари бузург дар он аст, ки наздики 300 ҳазор тоҷики берун аз кишвар зода шуда, аз забони давлативу сарфу наҳви забони модарӣ маҳрум аст. Пагоҳ ин забонгумкардаҳоро Ватан аз даст хоҳад дод. Ин камбудиро зуд бояд ислоҳ кард.
Биёед, эй рафиқон, дарс хонем!
Каму беш 100 сол пеш аз ин, дар аввали саддаи XX, дар оғози ташкилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравӣ, сардафтари адабиёти советии Тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон (2006) устод Саддриддини Айнӣ (1878- 1954) аз дарду алами бесаводии мардум ба шӯр омада, ақидаи асосгузори маъорифпарварии Аҳмади Дониш (1827-1897)-ро омӯхта, чунин сухани бузурги болдорро гуфта буд, ки то ҳол аҳамияти иҷтимоии худро аз даст надодааст:
Чаро аз ин гулистон гул начинед,
Чаро дар кунҷи бекорӣ нишинед?
Биёед, эй рафиқон, дарс хонем!
Ба бекориву нодонӣ намонем!
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Шамсиддини Муқим,
СССР, Москва.
