Аз афзалияти “IRS” то эътирофи мардум

Дар давоми 15 соли фаъолият мардум боварӣ ҳосил намуданд, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамуда барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Дар ин муддат собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад. Бинобар ин мардум эътироф кардаанд:

– Шукр, ки дар симои «IRS» роҳи Душанбе – Чаноқ нигоҳбони боэътимод пайдо карда, аз харобӣ эмин аст;

«IRS» бо масъулиятшиносии худ ба ронандагоне, ки дар масир зиёд ҳаракат мекунанд моҳиятан як автомобили дигар туҳфа кардааст;

– Дар роҳ сари ҳар қадам бо кормандони «IRS» вомехӯрем ва ба чашми худ мебинӣ, ки чӣ қадар техникаҳои пуриқтидору ҳозиразамонро барои нигоҳдории шоҳроҳ ворид сохтанд;

– Агар чанд соат дар интизори кушодани роҳ бошӣ, баъд мефаҳмӣ, ки ин ҳама зарур аст, маблағи пардохтмешуда барои нигоҳдории роҳ, тармиму покизагии он сарф мегардад;

– Агар пули тармими нақлиётро бар асари харобии роҳ шуморем, нисбат ба маблағе, ки алҳол ба ширкат медиҳем, зиёдтар аст;

– Агар сарфи вақтро дар ин роҳи чун оина ба назар бигирем, хеле фоида ба даст овардем;

– Ҳукумат аз мо беҳтар медонад, ки чӣ бояд кард. Ҳар сол пайдо кардани чандин миллион доллар барои нигоҳдории ин роҳ осон нест;

– Агар нафъи 15-солаамонро аз ин роҳ, ки чунин ҳамвору озода менамояд, ҳисоб кунем, маблағи супоридаамон дар қиёс ҳеҷ арзише надорад;

– «IRS» бо масъулиятшиносии кормандонаш ба пайвандгари қалбҳо табдил ёфтааст;

– Дар шабҳои сербориш ва тармафароии зиёд ягона умед чароғҳои равшани техникаҳои пуриқтидори «IRS» буд;

– Бо расидан ба маркази ноҳияи Айнӣ ва ворид шудан ба роҳе, ки нигоҳдориаш ба зиммаи «IRS» аст, кас гумон мекунад, ки роҳи нав ба истифода дода шуда, маҳз ҳамин роҳ аст, на роҳи Айнӣ –Панҷакент;

– Пулакӣ шудани роҳ нархи роҳкироро на афзоиш, балки коҳиш дод. Бо роҳкирое, ки имрӯз ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар мекунед, пеш аз «пулакӣ» шудани роҳ сафар кардан ғайриимкон буд;

– Агар «IRS» намебуд, шоҳроҳи байналмилалии Душанбе –Чаноқ кайҳо хароб мегардид.

Барои огоҳи бештари шудани шаҳрвандон аз сирри комёб будани филиали Ширкат дар нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ овардани чанд далели дигарро бамаврид медонем:

Қабл аз ҳама ёдрас шудан лозим аст, ки барои аҳолии шафати роҳ низоми гузариши имтиёзнок ҷорӣ шудааст, ки баробари 50-93%-и нархномаи муқарраргардида мебошад. Зиёда аз 90 фоизи убури автомобилҳо аз плазаҳои толлингӣ ба категорияи якум — мошинҳои сабукрав рост меоянд. Муқаррар шудани нархҳои пасттарин барои ин категория дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративи филиали ширкат далели он аст аст, ки «IRS» гирифтани фоидаи зиёдро мадди назар надорад, вагарна, бояд баръакс бошад.

Ҳарчанд ба уҳдадориҳои «IRS» ворид нест, вале кормандон ва техникаҳои пуриқтидору махсусгардонидашудаи он мунтазам дар рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ, бунёди иншооти гуногун ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ мусоидат менамоянд. Ин иқдом дар заминаи равобити судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои масири роҳи Душанбе – Чаноқ амалӣ гардида, се сол пеш аз ҷониби филиали Ширкат бо харҷи 496,4 тонна асфалт 3958 метри квадратӣ роҳи самти Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ гардид. Лозим ба ёдоварист, ки нигаҳдории ин қитъаи роҳ ба зиммаи «IRS» вогузор набуда, амалӣ шудани ин ибтикор шаҳодати бетафовут набудани роҳбарияти он ба мушкилоти сокинони маҳаллӣ аст.

Шоҳид ҳастем, ки дар мавсими сармо кормандони «IRS» шабонарӯзӣ роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард, ҳазорҳо тармаро бетаъхир бартараф месозанд, автомобилҳои дар роҳ дармондаро ба макони амн интиқол медиҳанд, мусофиронро муваққатан дар хонаҳои устоҳои роҳ ҷойгир карда, ба ронандагону мусофирон ғизо тақсим мекунанд. Ин аст, ки бо вуҷуди номусоидии обу ҳаво роҳи Душанбе – Чаноқ кушода аст.

Дар масире, ки роҳи Душанбе – Чаноқ ҷойгир аст, ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонии барои бахши роҳсозӣ зарур вуҷуд надошт. Тӯли 13 сол дар минтақаи Варзоб 3 завод, Зарафшон – 3, Суғд 4 завод, дар маҷмӯъ, 10 корхона мавриди истифода қарор гирифтанд..

Ҳоло «IRS» соҳиби пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, шумораи техникаву механизмҳо ба 242 адад расидааст. Дар оянда зиёд намудани он мадди назар аст, зеро бе техникаву механизмҳои муосир, тибқи талабот, роҳандозӣ намудани фаъолият ғайриимкон аст.

Далели дигари тавонмандиву собиткунандаи масъулиятшиносии филиали Ширкат он аст, ки солҳои 2013 -2016 бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии корпоративи худ «IRS» лоиҳаи нигоҳдории қитъаи Нуробод – Нимич дар шоҳроҳи Душанбе – Рашт – сарҳади Қирғизистон (дар масофаи 73 километр)-ро бе мақсади гирифтани фоида татбиқ намуд. Ба ин восита филиали ширкат дар тамдиди муҳлати истифодаи яке аз роҳҳои дигари аҳамияти стратегидошта саҳм гузошт.

Дар маҷмӯъ, роҳбарияти «IRS» масъулиятшинос, кормандонаш соҳибкасбу заҳматпеша, пойгоҳи техникиаш пурқувват, фаъолияти корхонаҳои таъсис­ёфта муназзам, равобит бо шарикон густурда ва дар ҷодаи рушд собитқадам аст.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив роуд Солюшнз ЛТД”

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube