Имсол тибқи солшумории ҳиҷрӣ Иди Қурбон ба санаи 06.06.2025 рост омад ва аз ҳама муҳимаш дар рӯзи ҷумъа. Рӯзи ҷумъа барои кулли мусалмонон рӯзи махсус ҳисоб мешавад. Имсол низ дар ҳамин рӯз қайд кардани он аз ҷониби аҳли ҷомеа рамзист. Тибқи супориши навбатӣ мо ба идгардак рафтем. Албатта мисли кӯдакон на бо халтачаҳои пури сақичу қанду чормағз, балки ба хотири аз наздик шинос шудан бо ҳолати руҳии онҳо. Ба ин рӯз рост омадани супориш моро ҳай хурсанд кардееее. Зеро ҳам идгардак меравам ва ҳам идгардак медиҳам.
Иди нав муборак!!!!
Соат ба вақти Бохтар 04:50 дақиқаи субҳ. Аллакай кӯдакон бо шодию хурсандии зиёд, ба тан либоси идона бо нидои ширини “Иди нав муборак!” аз дару дарвозаи ба пушт кушодаи ҳавлиҳо ворид мешуданд. Бонуҳои хонадон ҳам бо чеҳраи кушода, табъи болида, ки онҳоро интизорӣ мекашиданд, кӯдаконро “Хуш омадед!” гуфтаю меҳрубонӣ намуда, идона медоданд. Ин гуна ҳолатро мо албатта дар рустоҳо бештар мушоҳида мекунем. Дар шаҳрҳо бо ин барвақтӣ кам кӯдаконро дар кӯчаҳо дидан мумкин аст.
Соли гузашта шоҳиди бевосита будам, ки 10 қутти сақичро, ба истиснои тухм ва чанд намуди дигари бозичаҳо барои хурсандии кӯдакон то бегоҳ тақсим карда будем. Аммо имсол мушоҳида менамоям, ки кӯдакон кам ба идгардак меоянд. Ҳарчанд аз субҳи содиқ овозашон соҳибхонаро бедор кунад, ҳам аммо назар ба соли пор камтар кӯдакон идгардак карданд. Чаро?
Ид барои қурбонӣ аст ва ё хурсандии кӯдак?
Одатан мо, калонсолон зери мафҳуми иди Қурбон танҳо забҳи чорво қурбонӣ ва тақсими онро мефаҳмем. Аммо кӯдакон на парвои қурбонӣ ва на тақсими онро доранд. Зеро онҳо ин идро ҳам мисли иди Фитр барои хонагардак дӯст медоранду барои ба бар кардани либосҳои нав интизор мешаванд. Баъди соати 6 мо ба тақсим кардани идгардак шурӯъ кардем ва то соати наздик ба 09:00 қариб 4 қуттӣ сақич ва тухмҳо тақсим карда шуд. Дар ин миён чандин ёру рафиқ ва шиносу ҳамсояҳо ба хонаамон меҳмонӣ омаданду бо ҳам нишастем. Чун татбиқи Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо солҳост амалӣ мегардад, тибқи он дастурхони идона партофта будем. Дар ин рӯз кӯдакон чунон хурсанд буданд, ки ҳатто аз дигар деҳаҳо барои табрики соҳиби хона меомаданд. Хубтар фикр кунем, на ба хотири чанд дона сақич, тухм ё шириние, балки баҳонае барои иртибот бо атроф, инсонҳои гуногун, зеро аз идонаҳои номбурда, дар ҳар хона фаровон захира шудаасту ба дигар кӯдакон медиҳанд. Магар аз ин дида, самимитар чизе ҳаст?
Атрофи идгардак дар шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳо гуногунанд. Бархе тарафдор, бархе зид. Гумон мекунам, ки вақт инро муайян мекунад. Алҳол ба ҷуз аз шодии кӯдакон чизи бадеро мушоҳида накардем. Кӯдакон зеби ҳама чӣ доранд. Кӯдакон зеби дунёи моанд. Аз ҳамин ҷо мардум мегӯяд, ки “Ид кунад, кӯдак кунад!” Дигар ин ки шодию хурсандии онҳо ҳамагӣ 1 рӯз нест. Бархе ҳафтаю моҳҳо омадани идро бесаброна интизорӣ мекашанд, омодагӣ мебинанд. Шаби пеш аз омадани ид машғули омодагӣ хобашон мебарад. Мабодо саҳар бедорашон накунанду аз ид қафо монанд, сахт ғамгин мешаванд. Шукуҳи ид табиист, ки дар деҳот бо ҳама маънию мазмун ва тобишаш боқӣ мондааст.
Дар арафи идҳо на танҳо хурдсолон, балки модарону хоҳарон аз баҳри хобу истироҳат гузашта, ҳар кадоме кӯшиш мекунад, ки ҳунари доштаи худро ба намоиш гузорад. Беҳтарин пухтупазҳоро пеши меҳмонон гузорад. Барои ин 2 – 3 рӯз пештар ба пухтупази ҳалво. Нону кулчаҳои ширмол ва дигар ширинҳо, орзуқу хворост сар мекунанду рӯи дастурхонро бо дастпухтаҳои миллӣ пур мекунанд.
Дар иди Қурбон ҳарчанд мо худ қурбонӣ накарда будем, аммо бароямон аз чанд хонаи ҳамсоя, ки имконияти молиашон беҳтар аст, гӯшти қурбонӣ оварданд. Бештар аз усули бо роҳи хомталош истифода намудани гӯшти қурбонӣ ва ба ҳукми анъана даромадани он қобили дастгирист, зеро он пеш аз ҳама ба хонадонҳои серфарзанд, бемордор, ятимдошта, умуман, имконияти иқтисодиашон маҳдудтар тақсим мегардад.
4 рӯз хомшӯрбооооо! Чаро маҳз хомшӯрбо?
Иди Рамазон яке аз дӯстонам шикоят кард, ки баъди Рамазон 4 рӯзи расо дар хона фақат хомшӯрбо хӯрдаанд. Албатта ин ҳам ҳикмати худро дорад. Магар ягон хӯроки дигар намешавад дар ин рӯз тайёр кард?
Гап сари он аст, ки аз нигоҳи тиббӣ баъди 30 рӯзи рӯза доштан, якбора ба хӯрокҳои сахту вазнин гузаштан, ба меъда, саломатии инсон зарар дорад. Хомшӯрбо, ки хӯроки сабуку парҳезӣ аст, дар кори оҳиста – оҳиста мутобиқ гардидани организми одам мусоидат менамояд.
Дар рӯзи ид дар хонаи мо ҳам мисли ҳама занҳои оила хӯроки сабук, яъне шӯрбои маъмулӣ, аммо бо каме гӯшти зиёдтар пухтанд, ки меҳмони омадаро гурусна гусел накунем. Он гӯштҳое, ки мо харид карда будему барои рӯзи ид бояд масраф мекардем, якҷоя бо қурбониҳо барои меҳмонҳо ва худи оила басанда буд. Дигаронро намедонам, аммо ман рӯзи ид ҳатто агар то нисфирӯзӣ ҳам хӯрок нахӯрам, эҳсоси гушнагӣ намекунам. Шояд бо шарофати дидори дӯстон ва хешу табор, банди суҳбат бо онҳо бошад? Рӯзҳои муқаррарӣ бошад, то соати 12:30 базӯр тоқат мекунам. Бо сабуктар гардидани омадани меҳмонон, ниҳоят тасмим гирифтам, ки худ ба идгардак бароям.
Одатан 1 ҳафта пеш аз идҳо дар бозорҳо ва гирду атрофи он аз анбуҳи мардум ҷойи сӯзанзанӣ ёфт намегардад. Ягона рӯзе, ки бозорҳо аз одамҳо холӣ мемонанду фаъолият намекунанд, рӯзи ид ҳасту бас. Аҳли савдою тиҷорат ҳам дар арафаи идҳо хеле сертакопӯ мешаванд. Барои онҳо назар ба дигар рӯзҳои муқаррарӣ шароити бештари фурӯхтани молу маҳсулот ва фоидаи пулӣ ба даст овардан фароҳам меояд. Дар ин ҷода онҳоро ба имону инсофи доштаашон ҳавола мекунем. Вазифаи ман бошад, ҳамчун рӯзноманигор иҷрои супориши редаксионӣ буд, он чӣ дар доираи имконотам анҷом додам.
Тибқи одати ниёгон ба хонаи дӯстон ба меҳмонӣ рафтам. Шоҳиди такопӯю тараддуи онҳо, аз ҷумла забҳи чорво гардидему бо он тасаввуроте, ки аз бобоҳою падарҳо доштем, кӯмак ҳам кардам. Аммо гуфтанӣ нестам, ки қассоби моҳирам, зеро ки намехоҳам худситоиам боиси он шавад, ки редаксия супориши “Қассоб шав!” – ро ба ман диҳад.
Мардуми тоҷик аз азал меҳмондӯст аст. Ва на натанҳо дар рӯзҳои ид, балки дар дилхоҳ рӯз барои қабули меҳмон чеҳраи кушода дорад. Солҳои пеш мардумро “бемории ” – урфу одатҳои сермасрафи хурофотӣ ғасб карда буд, ки оқибатҳои ногувор ҳам дар пай дошт. Аммо имсол чуноне мебинем ҳамин гуна “беморӣ” оҳиста – оҳиста аз байн рафта истодааст. Одамони саховатманде пайдо шудаанд, ки дасти ятимону бечорагонро дар ин рӯзҳо мегиранду намегузоранд, ки ҳамватани онҳо хорӣ кашаду рӯзҳои иду айём бенаво монад.
Бар ҳама ид муборак бошад!
Баъди анҷоми меҳмонӣ, бо баҳонаи иди саиди Қурбон ки барои ҳар нафар шукӯҳи хоса дорад, идгардаки мо ҳам хотима ёфт. Дар идгардаке, ки мо тибқи супориши редаксия иҷро намудем лаҳзаҳои беҳтарин дар хотираҳо сабт шуданд. Ба дидори дӯстони деринтизор расидем. Аз ҳама муҳимаш супоришро иҷро кардем.
Дар ниҳоят ҳамагонро бо ид муборакбод мегӯям! Бигзор дар ҳар оилаи тоҷику тоҷикистонӣ фараҳу шодмонӣ ҳукмфармо бошад. Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Роҳбарияти олии мамлакат, бо шукргузорӣ аз тинҷию амонии мулк бо ҳам дӯсту қарин ва меҳрубон бошем. Аз ҳама муҳим, идҳои мардумиро олудаи хурофоту таассуб ва зиёдаравию исроф насозем.
Бо ҷаҳоне орзуҳои нек ба ҳама Идро муборакбод мегӯем!
Мо метавонем!
Нуриддин Қосимзода, СССР,
вилояти Хатлон
