13 -уми июн зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Одина Ҳошим аст
Дар санъати сарояндагӣ ба кам ҳунарманде муяссар мегардад, ки ба мисли Одина Ҳошим зиёда аз сӣ сол суруд хонаду мардум ӯро гӯш кунад ва боз зиёда аз сӣ соли дигар шефтаву шайдои савту наво ва лаҳну овояш бошанду дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ва балки дар аз нисф зиёди мамлакатҳои Шарқу Ғарб соҳибиззату соҳибэҳтиром ва маҳбуби дилҳо бимонад.
Чаро ба аксар сарояндагоне, ки услубашон нав асту мусиқиашон тоза, пайваста дар ҷустуҷӯянду каму беш аз шеър ҳам огоҳанд, бисёр мехоҳанд, ки сурудҳошон умри дароз бинанд, чунин маҳбубият даст намедиҳад? Вале Одина Ҳошимро то ҳанӯз мепарастанду рӯз ба рӯз мухлисонаш бештар мегарданду кам не? Ва имонам комил аст, ки садсолаҳои дигар дар осмони санъати тоҷик ҳамчун яке аз ситораҳои пурҷило медурахшад.
Аз хурдсолӣ мухлиси Одина Ҳошим будам. Он вақтҳо магнитофонҳо кам буданд ва на ҳар кас дошт онро. Як радиоприёмники “Латвия” доштем, дар болояш қартаҳоро гузошта, гӯш кардан мумкин буд, вале мо қарта ҳам надоштем. Бинобар ин овози устодро гоҳе аз телевизион ва асосан, аз радио мешунидам. Ҳар барномаи консертиро аз оғоз то охир гӯш мекардаму интизори сароидани ӯ мешудам. Тӯлонитарин барномаро, ки “Гуфтор ва консерт барои коркунони хоҷагии қишлоқ” ном дошту расо ду соат идома меёфт, то охир гӯш мекардам. Баъдтар инро дар рубоие чунин овардаам:
Хоҳам, ки фақат нусхаи Қосим хонад,
Дар гӯши дилам башавқ доим хонад.
Дусоата консерти радио шунавам,
Эй кошки Одинаи Ҳошим хонад.
Рӯзе бемор шудам ва чанде рӯи бистар хобидам, якчанд рӯз об аз гулӯям намегузашт. Доруе дармонам намебахшид. Падарам ранги хазони маро дида, дилаш сӯхту гуфт:
– Бачам, чӣ кор кунам, ки сиҳат шавӣ? Бигӯй, чизе бигӯӣ, мехараму бемор нашав, ки ман тоби дидани туро дар ин ҳолат надорам.
– Барои ман магнитофоне биёр, ки овози Одина Ҳошим дошта бошад, – эркагӣ карда, гуфтам ба ӯ.
Худи ҳамон рӯз овози Одина Ҳошим дар фазои хона танин андохт ва ман дар андак муддат шифо ёфтам.
Саидалӣ Вализода санъати овозхонии Одина Ҳошимро мепарастид, мафтуни ҳунараш буд. Падарам Ашӯр Сафар мегуфт, ки ҳарчанд устод Вализода худ Ҳофизи халқии Тоҷикистон буду дар синну сол қариб 40 сол аз Одина Ҳошим бузург, аз дӯстдории зиёд номи ӯро шикаста намегирифт ва Одинааҳмад мегуфташ. Ҳар гоҳе аз дар медаромад, ба ҳамин бузургӣ ба эҳтиромаш аз ҷо бармехест:
Ба тани хаста тавон буд Вализодаи мо,
Балки ҷон дар бари ҷон буд Вализодаи мо…
Пеши Одина ба ин мартаба аз ҷо мехест,
Аз бузургон, ки нишон буд Вализодаи мо…
Устод Қутбӣ Киром то нафаси вопасин ихлосманд ва шунавандаи ашаддии Одина Ҳошим монд, нафасе бе суруди ҷозибаноки ӯ буда наметавонист.
Чаро мани хурдсол, ки ҳанӯз чӣ будани суруду мусиқиро хуб намефаҳмидаму ба шеър бегона будам, Вализодае, ки худ ҳофизи андак набуд, шоир буду адабиёти гузаштаро хуб мефаҳмид ва шеъру абёти беҳтарину зиёдеро азёд медонисту Қутбӣ Кироми номдоре, ки устухонаш бо “Шашмақом” шах шуда, ашъори Ҳофизу Бедил, Ҷомию Ҳилолӣ, Шоҳину Туғралро об карда, хӯрда буд, мухлиси Одина Ҳошим будем?
Ба фикри мо, дар сурудаҳои устод Одина Ҳошим аввалин чизе, ки ҳушу гӯши ҳар шунавандаро новобаста ба ҷинсият, синну сол, касбу кор, маҳал ва ҳатто миллат ба худ ҷалб мекунад, ин ҷозибаи овози ширину ширадори ӯст, ки табиат ба ӯ ато карда буд.
Соли 1970, вақте бачаи 10-сола будам, ҳамроҳи падар ба ҷашни 70-солагии устод Саидалӣ Вализода, ки рӯи ҳавлияш мегузашт, рафтем ва чун падарам мухлиси сахт буданамро хуб медонист, маро бурда, дар як лаби кати Одина Ҳошим шинонд то ба серӣ аз базмаш ҳаловат барам.
Ҳине ки устод аз базм бозмонду навбати суханро ба адибе доданд, марди хидматгоре омада, аз рӯи дастархон чойнаки холиро ба даст гирифта, аз Одина Ҳошим пурсид:
– Устод, як чойи гарматон биёрам-чӣ?
Одина Ҳошим ба ӯ гуфт:
– Чойнакро ба Гурезмад (ба ман ишора карда) бидеҳ, ӯ меорад.
Ҳарчанд марди хидматгор ба устод мефаҳмонд, ки гӯё ман ҳоло кӯдакаму назди самовор рафта наметавонам ва мумкин чойнакро афтонаму бисӯзам, Одина Ҳошим маҷбураш кард, ки чойнакро ба ман диҳад ва ман рафта, чойнакро чайқонаму ба он бо дасти худ чойи хушк андохтаму аз самовор чой дам намуда, омадам ва онро гардонда, пиёлаеро ба устод дароз кардам.
Вақте калонтар шудам, дарк кардам, ки устод Одина Ҳошим овозашро сахт эҳтиёт мекард ва аз дасти ҳар ношинос чой наменӯшид.
Ӯ ин овозро тамоми умр эҳтиёт карда, тарбия бинмуд, сайқал дод ва бо беҳтарин матнҳову дилкаштарин мусиқиҳо ба хидмати мардум гузошт.
Аз рӯзе, ки бо устод Одина Ҳошим аз наздик шинос шудем (ин тобистони соли 1968, дар тӯйи арусии аммаам буд ва ман рӯи суфра, чуноне мегӯянд, дар таҳи фукаш нишаста, базмашро тамошо кардаам), оҳиста-оҳиста бештар дилдодаи ҳунари волову овози гирояш мешудам. Ҳар гоҳе Театри халқии ноҳияи Маскав (ҳоло Ҳамадонӣ) бо роҳбарии ӯ Кӯлоб меомад, ҳатман хабар ёфта, ба консерташ мерафтам. Дар гирду атроф дар тӯйу маъракае, ки ҳузур дошт, рафта, гӯшаш мекардам. Ба хонаамон зиёд меомад, ҳама маъракаҳои шодии мо ва хешовандонамонро ӯ обод мегирифт. Баъдтар, вақте мусиқинавоз гаштам, дар бараш гоҳ-гоҳе аккордеон менавохтам. Чанд муддат дар Театри мусиқӣ-драммавии вилоятии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоме ки директор буд, ҳамроҳаш кор кардам (соли 1977-78). Чун Душанбе омадам (1978) бо ӯ бештар вомехӯрдам. Гоҳ-гоҳ ба тӯйу маъракаҳои калон ҳамроҳаш мерафтам. Хулоса, бештар аз пештар аз наздик медидаму гӯшаш мекардам ва боре ҳам нашунидаам, ки сатреро ё ҳиҷоеро аз мусиқӣ (аз нота) баромада, фалш хонда бошад. Бе ягон фонограмма, фақат бо микрофон, ҳатто аксари вақт бе микрофон чунон тоза ва гӯшнавоз мехонд, ки ҳар бинанда ё шунавандаи холисбаҳо ба овозаш қоил мешуд. Албатта, ин ҷо як-ду суруде, ки бо ширкати фонограмма ва навозиши Оркестри асбобҳои халқӣ дар хазинаи Хонаи радио маҳфузанд, истисноянд – аз шунидани ин сурудҳо, ки каме фалш сароида шудаанд, шунавандаи зирак пай мебарад, ки сароянда бо мусиқачиён бе тайёрии пешакӣ сурудҳоро сабт кардаанд; ҳамин ҷо ҳам овози сароянда аз мусиқӣ дур нашудааст, балки мусиқачиён аз овоз ва гоҳе зарб (ритм) аз мусиқӣ ҷудо шудааст.
Ана, ҳамин овози гиро, ширадор, ширин ва беҳамтояш буд, ки маро аз хурдсолӣ ба хеш мафтун сохт ва алҳол, ки дар бистари бемориям, бо овози ин сарояндаи нотакрор мехобаму бедор мешавам, мехӯраму нафас мекашам ва аз шуниданаш ҳеҷ дил канда наметавонам. Аз ҳаяҷони зиёд дар ҷое гуфтаам:
Овози дигар касам нафорад,
Овози туро касе надорад.
Борҳо шоҳид будам, ки чун овози Одина Ҳошим мебаромад, устод Қутбӣ овози дигареро намешунид ва ҳар лаҳза эҳсосашро дошта натавониста, доду фарёд мебардошт.
Вақте Одина Ҳошим ғазали Сайидои Насафӣ
“Сарвро шамшоди қаддаш маҳв чун тасвир кард,
Обро мавҷи хиромаш пой дар занҷир кард” – ро
мехонд, радифи “кард”-ро чунон зебо, шиддатнок ва таъкидомез талаффуз мекард, ки устод Қутбӣ бисёр мутаассир гашта, мегуфт: “ана, ҳамин “кард”-аш маро мекушад” ва гоҳе ки сатрҳои баъдина
“Эй дами субҳи қиёмат, ин ҳама таъхир чист?
Поси хотирдории суҳбат маро дилгир кард”-ро
месароид, чунон эҳсосоте фаро мегирифташ, ки беихтиёр “эҳ, куштӣ мана ҳе…е!” гуфта, бо тамоми овоз доду фарёд мебардошт. Ҳамин буд, ки дар солҳои бесарусомонӣ, гоҳе ки чанд муддат аз шунидани овози ин устоди санъат маҳрум монд, ба ҳасрат гуфт:
Одина Ҳошимо, туро ман ёд мекунам,
Ғамхонае ба кӯи худ обод мекунам.
Баъзан мешунавем, ки гӯё мусиқиҳои устод Одина Ҳошим касбӣ набуда, хеле одиянд. Бояд зикр кард, ки устод чуноне мегӯянд, сарояндаи маънисаро буду маънӣ ва нозукиҳои шеърро бисёр хуб мефаҳмид. Касе бо ӯ ҳамнишин ё ақалан, боре дар суҳбаташ нишаста буд, инро инкор карда наметавонад. Шабу рӯз дар баҳри беканори маъниҳои асосан адабиёти гузашта ғарқ буд ва доим китобе ё ашъореро аз классикон ба бар дошт. Ҳазорон байту рубоиву ғазалҳову қиссаҳои пурмаъноро азёд медонист. Агар гӯем, ки ба аз нисф зиёди ашъори азбаркардааш ҳанӯз оҳанг набаста буд, хато намекунем. Дар суҳбате устод Лоиқ ӯро дарёи шеър, андак пас баҳр ва билохир уқёнуси шеър гуфта буд.
Ва Одина Ҳошим расонидани маъниҳову зебоиҳои шеъри тоҷикиро ба мардум рисолати нахустини худ медонист. Бинобар ин аввалан, сурудҳои Одина Ҳошим ниҳоят зиёданд, ба дараҷае, ки сарояндае дар ин ҷиҳат ба ӯ баробар шуда наметавонад ва ӯ вақти ҷустуҷӯи мусиқиҳои касбиро надошт.
Сониян, ин маъниҳоро мардум бо мусиқиҳои касбӣ дуруст дарк карда наметавонист, вагарна устод Одина Ҳошим аз тамоми навъҳои мусиқӣ огоҳии комил дошту онҳоро меписандид ва бо мусиқиҳои касбию классикӣ суруд ҳам мехонд ва ҳатто хуб ҳам мехонд ва иҷрои суруди шеъри Ҳоҷӣ Ҳусайн “Чӣ сабаб, ки турки мастам бари мо надида бигзашт” дар савти “Шашмақом” ё шеъри “Куҳандиёр”-и Нодири Нодирпур бо мусиқии касбии М.Миров, ки дар диапазони ду октава ниҳоят тоза сароида шудаанд, гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Одина Ҳошим аз байни халқ баромада буд ва завқу фаҳмиши онҳоро хуб дарк мекард. Аз ин рӯ мусиқиро ба завқу фаҳмиши халқ интихоб ва ё эҷод мекард, ки мақбули шунаванда мегардид ва мардум ба воситаи мусиқии равону дилкаш имкони аз худ намудани ашъори зиёдеро, ки дар репертуари ӯ ҷой дошт, бештар пайдо мекард. Ба таъбири дигар, мусиқиро аз худи халқ гирифта, болояш кор мекард ва бо обуранги ба худаш хос гашта ба худи халқ пешкаш мекард ва бузургияш ҳам дар ҳамин аст. Ба гумони мо, дар адабиёт ҳам чунин аст – асаре, ки унсурҳои халқиро дар хеш ғунҷонда бештар аз ҳаёти халқ ҳикоят мекунад, яъне халқияти бештареро дорост, ҳамеша, ҳама ҷо хонанда меёбад ва мондагортар аст.
Ҳар як мусиқии интихоб ё эҷодкардаи устод Одина Ҳошим ва он мусиқиҳое, ки Ф.Одина, А.Барот, А.Раҳим ва М.Миров барояш офаридаанд, тавъам ба матн буда, хеле моҳирона сароида шудаанд. Ба гумони банда, агар Одина Ҳошим сусттарин шеърро бо ин овозу мусиқию маҳорате, ки дошт, месароид, дилкаш ва ҷолиб мебаромад.
Яъне чизи дигаре, ки Одина Ҳошимро писанди ҳамагон гардонидааст, ин мусиқиҳои дилкашу дилнишин ва ба мазмуну муҳтавои матн созгори ӯянд, ки аз доираи маҳал баромада, хусусияти миллӣ ва касбӣ ба худ касб карда, дар саросари кишвари азизамон ва балки берун аз он танинандоз ва мақбул гардидаанд.
Ҳангоми резхонӣ устод Одина Ҳошим услуби махсуси кашиши овози худро дошт ва овозро тарзе мекашид, ки дигарон, ҳатто пайравони асилаш ӯро тақлид ҳам карда натавонистанд ва аз ин унсури хеле аҷиби санъаташ даст кашиданд. Кашиши нозуки овоз дар сурудҳояш низ фаровон истифода мешуд, ки мутаассифона, ин паҳлуи муҳимми санъати сарояндагии ӯ аз ҷониби мусиқишиносон ба таври бояду шояд таҳқиқ нашудааст. Агар танҳо як ғазали Ҳилолӣ (“Рӯзи Наврӯз асту сарви гулъузори ман куҷост”)-ро мисол биёрем, исботи ин гуфтаҳост. Дар мисраъҳои 3,5,9 ва 11 овозро чунон нозук, ширин, баҷо ва устокорона мекашад, ки дили шунавандаи асил об мешавад, ки ба андешаи мо, ин ҳам як сабаби маҳбубияти санъати ин хунёгари асил аст.
Охири солҳои 80-уми асри гузашта дар яке аз маъракаҳои шодии нависандаи маъруф Кароматуллоҳи Мирзо, ки дар деҳаи Нилкон мегузашт, иштирок доштем. Ман ҳамроҳи меҳмонони кӯлобӣ андаке барвақттар аз оғози маърака ба ҳавлии соҳибтӯй ҳозир шудам. Кароматуллоҳи Мирзо муваққатан то омадани ҳама меҳмонон ба сари дастархони рӯи катчаи даҳлез даъватамон намуд. Каме нишаста будем, ки устодон Қутбӣ Киром ва Гулназар омаданд. Устод Қутбӣ дӯстони дерини худ Ашӯр Сафару Одина Ҳошимро дида аз шодӣ беихтиёр фарёд зад:
– Оҳо!
Ҳамчу оина агар соф шавӣ,
Ҳама ҷо анҷумани дидор аст.
Ҳама ба эҳтироми устодони шеър аз ҷо бархестем ва омодаи саломуалейк меистодем. Нохост устод Одина Ҳошим, ки дар бари ман рост меистод, бо ангушт ба тиккаи дилам зада, аз кӣ будани байтро пурсид. То ҷавоб додам, ки аз Бедил аст, се-чор маротиба ба тиккаи дилам зад.
Дар хусуси чигунагии базми устод Одина Ҳошим дар хонаи Кароматуллоҳи Мирзо поёнтар гуфта мегузарем. Ҳоло мехоҳам, ду-се воқеаи дигарро ба хонандаи азиз ҳикоят кунам:
Саҳарӣ барвақт кор (дар нашриёти “Адиб” кор мекардам) рафтам, ки устод Одина Ҳошим сари мизи ман нишастааст.
– Гурезмад, – баъди ҳолпурсӣ гуфт ӯ, – то матни комили ҳамин ғазали ҳазрати Бедилро бароям дастрас накунӣ аз ҷо-т намехезам.
Ҳамон шабу рӯз якбора ду-се ҷилди “Куллиёт”-и Бедил корректура шуда, ба чоп омода мешуданд, ки масъулашон устод Қутбӣ Киром буд. Андак пас, вақте устод Қутбӣ Киром кор омаданд, бо мадади он кас ман матни комили ғазалро аз яке аз корректураҳо ёфта, пешкаши устод Одина Ҳошим гардонидам:
Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
Тирамоҳи соли 1992 устод Одина Ҳошим нотоб шуда, дар беморхонаи ҳукуматӣ бистарӣ буд. Ба аёдат рафтам, ки ҳамроҳи устод Абдулло Назрӣ, ки низ он ҷо бистарӣ буд, рӯи долони беморхона бо қалбҳои фигору ҷонҳои хаста, кунд-кунд суҳбат доштанд. Хусусан, Одина Ҳошим, ки ба қарибӣ ба Душанбе кӯч баста буд, хеле андуҳгин ва ранҷур менамуд.
– Акай Гурезмад! – гуфт ба ман. – Боз як ғазал аз ҳазрати Бедил намиёрим?
– Меорам, чиба намеорам? – посух додам ман ва пурсидам, – дар кадом мавзуъ бошад?
– Ина, ҳами ҳолати маро ифода кунад, – маҳзун гуфт устод.
Ғазале ёфта, дувоздаҳ мисраашро интихоб карда, бо ҳарфҳои калон-калон хоно рӯи варақ навиштам ва пагоҳаш бурда, дар ҳузури адибон Убайд Раҷаб, Абдулҳамид Самад ва Абдураҳмон Абдуманнон, ки ба аёдати муаллим Ҷалол Икромӣ омада буданд, онро хонда, ба Одина Ҳошим додам:
Пур бекасам имрӯз, касеро хабарам нест,
Оташ ба сари хок, ки он ҳам ба сарам нест.
Яъне як сабаби дигари маҳбубият ва маъруфияти ин устоди нотакрори санъат – ин то охирин нафас ҷӯяндагии ӯ буд ва ӯ беҳтарин матнҳоро ба оҳанг дароварда, ба мардум тақдим мекард, ки дар ин бора зиёд гуфтаанд.
Танҳо ҳаминро бори дигар таъкид карданием, ки устод Одина Ҳошим дар баробари овози гирову лаҳни ширин (ба назари банда чунин мерасад, ки ӯ боре ҳам овозашро пурра истифода набурда буд, ба таъбири дигар то охир сар надода, балки бо кашишҳои зебову махсус ва “ҳӣ”-гуфтанҳои дилнавозу гӯшнавоз устокорона ширинии ин овозро нигоҳ дошта тавонист) доштан ошиқу шефтаву шайдои асили адабиёт, байту ғазалҳои пурмазмун, ғаввоси моҳири баҳри беканори маънӣ буд. Аз ин ҷиҳат аксари сарояндагонеро, ки аз ҳамин ганҷинаи ғанӣ матни бобе наёфта, сурудҳои сусту каммазмун ва ҳатто худбофтаро пешкаши мардум мегардонанд, бо ӯ қиёс ҳам карда намешавад, агарчи баъзан овоз ё мусиқии хуб дошта бошанд. Осон нест чунин соҳбизавқ будану ин қадар китобро дастрас, мутолиа ва шеъри дилхоҳро интихоб кардан. Осон нест, ки аксари пайравону шогирдонаш китоберо накушода, сурудаҳои тайёри ӯро аз даҳон азёд карда, ба такрор месароянд, баъзеҳош як рубоии тоза ҳам намехонанд, ҳол он, ки ҳеҷ вақт ба андозаи ӯ хонда наметавонанд ва нахоҳанд тавонист. Ин гурӯҳ пайравон, ки худро давомдиҳандаи мактаби беназири устод медонанду услуби хонданашрову мусиқияшро истифода мебаранд, ақалан матнҳоро (хусусан, дар жанри “Фалак”) бояд дигар созанд, маъниҳои тозаро бояд тақдими мардум гардонанд, то каме ҳам бошад, диққати шунавандаро ба худ ҷалб карда тавонанд.
Таъсири завқи баланд ва мутолиаи зиёд устод Одина Ҳошимро ниҳоят суҳбаторо гардонида буд ва гоҳе сухан аз шеъру адаб мерафт, ӯ бемалол на камтар аз ҳар адибе (баъзан хубтар) суҳбат мекард. Суҳбатҳояш фарогири ҳикоятҳову ривоятҳои фаровон буд.
Дар Кӯлоб, дар як маъракаи шодии шоир ва муаллифи китоби “Одина Ҳошим” Иброҳим Ҷалилзода иштирок доштем. Дар аснои базм, вақте каме фосилаи дамгирӣ пайдо шуд, устод Одина Ҳошим ҳикоятеро ба забон овард: “Як гурӯҳи калони зоғон, – гуфт ӯ, – парвозкунон аз ҷое ба ҷое мерафтанд ва чун сафари дурудароз доштанд, роҳбари гурӯҳ, ки дар сафи пеши қатор парвоз мекард, ҳар замон ба ақиб нигариста, назорат мекард, ки зоғе аз қатор ҷудо намонад. Як вақт мебинад, ки нисфи зоғон нестанд. Гурӯҳи мавҷударо аз парвоз боздошта, мепурсад, ки дигарон куҷо шуданд. Ҳамин дам қисми ақибмонда худ расида меояд.
– Куҷо будед? – мепурсад роҳбар.
– Аз болои боғе мегузаштем, ки, – мегӯянд зоғон, – садои базми булбулон ба гӯшамон расид. Поёнтар фаромада, каме базми онҳоро гӯш кардем.
– Хайр, чӣ хел будаст базмашон? – боз мепурсад роҳбар.
– Намешавад, – ҷавоб медиҳанд зоғон, – ҳар қадаре базм карданд, якташ “қарр” нагуфт.
– Ана, дар ҳамин маврид шоир гуфтааст, – ҳикояташро ҷамъбаст намуд Одина Ҳошим. –
Зоғ чун фориғ зи бӯи гул бувад,
Нафраташ аз суҳбати булбул бувад”
ва базмро боз идома дод.
Дар хонаи Кароматуллоҳи Мирзо базм шурӯъ шуд. Ӯ болохонае дорад, ки як ҳуҷрааш ниҳоят калон аст ва ҳаво гоҳ-гоҳ ки боронӣ буд, меҳмононро, ки аслан аз аҳли адаб иборат буданд, дар ҳамин ҳуҷра ҷой доданд. Мизу курсиҳоро чунон батартиб, зебо ва ҷафс чида буданд, ки тахминан 70-80 нафар ҷой гирифтанд. Устод Одина Ҳошим аз боло ҳамроҳи шогирдонаш дар бари падарам Ашӯр Сафар ҷо гирифта буд. Ман хизмат мекардам.
Дар ёддоштҳои пештара гуфта будем, ки барои Одина Ҳошим як шунавандаи маънирас кифоя буд, ки сидқан ва дурудароз суруд хонад. Акнун тасаввур кунед, барои ин қадар аҳли адаб, ки ҳар кадом аз он тарафи шеър мегузашт, чӣ сон базм кард. Худо дода буд ӯро, ин қадар шунавандаи маънирас (ифодаи худи устод)-ро ба чунин сарҷамъӣ ва хотирҷамъӣ ҷое намеёфт. Ҳамин буд, ки базми осмонкафе, ки ҳамон ҷо кард, ман назирашро надида будам ва дигар ҳам надидам.
Одина Ҳошим чашмсертарин инсон буд, парвои чизе надошту ба касе ҳасад намебурд ва то охирин нафас ташнаи шеъри воло ва шунавандаи маънирас монд.
Одитарин шунавандаро, ки андаке аз шеър огоҳ буд, эҳтиром мекард. Аҳли суханро-ку арҷ мегузошт. Устодон М.Турсунзода, Б.Раҳимзода, М.Миршакар, Н.Шанбезода, Қ.Киром, Лоиқ ва дигаронро ҳар гоҳи ба пойтахт омаданаш ҳатман зиёрат мекард.
Вақте ки банда хонадор мешудам, падари бузургворам ду-се рӯз пеш аз тӯй гуфт:
– Чанде аз ҷӯраҳоятро ба тӯй даъват бикун.
– Як-дуташа гуфтам, кифоя аст, – посух додам ман. – ин тӯйро худат карда истодаӣ, ҷӯраҳои худатро даъват бикун. Вақте ман писарамро хонадор кардаму хароҷот аз кисаи худам шуд, он вақт ҷӯраҳоямро ба ҳузур даъват мекунам. Лекин як орзу дорам, – бо чашмони пурумед нигаристам ба ӯ, – Одина Ҳошимро ҳофиз биёр!
Падарам ба мошин нишаста рафт ноҳияи Маскав, хонаи Одина Ҳошим. Баъди бозгашт, пурсидамаш:
– Чӣ гуфт?
– Гуфт, ки меоям, – бепарво ҷавоб дод падарам ва чун бисёр серташвиш буд, мехост аз пайи кори дигаре аз наздам дур шавад.
– Медонӣ, ки агар Одина Ҳошим наояд, ман тӯй-пӯй намекунам?! – нохост гуфтам ба падар.
Баъди шунидани ин сухан ӯ якбора аз роҳ баргашту дари мошинро кушода, ба ман амр дод, ки ба мошин бишинам. Сари чамбарак нишастам ва ҳарду аз нав хонаи устод рафтем.
– Акай Ашӯр! – гуфт устод Одина Ҳошим. – нав ҳамиҷа буден, боз чиба омаден?
– Гурезмад, ина ҳамин хел гуфт, – сухани гуфтаамро такрор кард падарам, – хавотир шудам.
– Эҳ! – каме ҳайратзада вале дилпурона гуфт Одина Ҳошим, – ман дар тӯйи Гурезмад на танҳо меояму маъракаашро обод мегирам, балки ҷомаи шаҳиша оварда, ба дасти худам мепӯшонам.
Дар ҳақиқат соати 12-и ваъдагӣ сигнали мошинаш садо дод ва ҷомаи гаронбаҳои зебое дар даст вориди ҳавлӣ гардид ва расо як шабонарӯз тӯйи моро бо базми нозанинаш обод гирифт. Балки ба фикрам, бори нахуст барои овардани арӯс базмкунон рафт (аксаран шогирдонашро мефиристод). Ва чун хонаи арӯс аз хонаи мо дар масофаи на чандон дур (800-900 метр) воқеъ буд, пиёда, базмкунон, устод Қутбӣ Кирому Ҳайрат Шанбезода, Раҷаб Мардону Одина Мирак, Ҳақназар Ғоибу Басир Расо рақскунон вориди тӯйхона гаштем.
Ин ҷо мо гуфтанӣ нестем, ки ҳамаи ин ба хотири ман буд. Одина Ҳошим аслан ба хотири падарам Ашӯр Сафар, ки ҳарду бисёр қадрдон буданд ва адибоне, ки он ҷо ҳузур доштанд, чунин илтифоте карда буд. Яъне боз ҳам ба хотири сухану сухангӯву сухансанҷ.
Паҳлуи дигари эҷодиёти устод Одина Ҳошим ин “Фалак”-и ӯст. Ӯ ин санъати қадимаи тоҷикиро дар замоне аз нав эҳё кард, нигоҳ дошт ва ривоҷу инкишоф дод, ки касе ғами сурудҳои хусусияти миллидоштаро намехӯрд ва ҳатто барои ривоҷу равнақ ёфтани инчунин сурудҳо монеаҳо ҳам эҷод мекарданд, вале ӯ дар базму маъракаҳо бо “Фалак”-и нотакрораш дилҳои мардумро тасхир мекард. Ҳатто як бахши дурударози консертҳояшро “Фалак” ташкил медод. Ғазалҳои пандуахлоқӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ишқиро низ ба он ворид сохт ва бо овози ширину гӯшнавозаш чунон тоза сароид, ки беҳамтост. Дар ин ҷода шогирдони зиёде низ тарбия карда, мактаби фалаксароии худро боқӣ гузошт:
Эй ҳофизу эҳёгари мумтози “Фалак”,
Устоди асили мактаби сози “Фалак”.
Авҷи “Фалак”-ат расида то авҷи фалак,
Имрӯз ҷаҳон бишнавад овози “Фалак”.
Гурез САФАР,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
