Б. Ғафуров дар Данғара

Нақши Бобоҷон Ғафуров дар ободии Данғараи давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ

(ба ифтихори 80 – солагии ғалаба)

Некном

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ ва ҷашнвораҳо аз номи неки фарзанди фарзонаи миллат аллома Бобоҷон Ғафуров ёд мекунанд ва аз ҷумла иброз медоранд, ки “Олимони таърихнигор ва ҷомеашиноси мо ва умуман аҳли зиёи кишвар бояд дар омӯзиш ва тарғиби зиндагинома ва осори ҷовидонаи ин бузургмарди миллат саҳмгузор бошанд ва дар навбати худ кӯшиш намоянд, ки мисли Бобоҷон Ғафуров сарзамини аҷдодии худро дӯст доранд, барои таҳқиқу фарҳанги он талош карда, асарҳое офаранд, ки ба монанди “Тоҷикон” на фақат китоби хонданӣ ва рӯимизии ҳар фарди бонангу номуси халқи тоҷик бошад, балки дар байни хонандагони мамолики дигар низ маҳбубият пайдо намояд”.

Аввал бояд қайд кард, ки мақому манзалати Бобоҷон Ғафуров дар эҳёи таърихи миллат ва таърихнигории миллӣ, ҳамчунин роҳбарии сиёсии кишвар дар солҳои 30-50-уми қарни мозӣ, дар сафарбар намудани мардуми кишвар бар зидди фашизм ва дифои Ватан, дар ташвиқу тарғиби мафкураи ватанпарастӣ дар он солҳои пурдаҳшат, ба даст овардани сулҳу дӯстӣ миёни мардумони машриқзамин ва муаррифии халқи тоҷдори тоҷик ба ҷаҳон ниҳоят хориқултаҳсин аст. Ана барои ҳамин заҳматҳояш аллома сазовори унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” гардиданд.

Масъалаи дигаре, ки таваҷҷуҳи моро ба омӯзиши зиндагиву корофаринии устод Бобоҷон Ғафуров ҷалб кард, ин мақолаву ёддоштҳои доктори илмҳои таърих Осим Каримзода зери номи “Фарзанди фарзона-ногуфтаҳо дар бораи Бобоҷон Ғафуров” ва Шавқат Алиев, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд, корманди шоистаи Тоҷикистон “Лаҳзае дар ҳузури аллома Бобоҷон Ғафуров ” мебошад. Онҳо дар мақолаҳои хеш дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” яке оиди ташкили осорхонаи устод дар Хуҷанд ва дигаре аз вохурӣ дар шаҳри Москва бо Бобоҷон Ғафуров нақл кардаанд.

3 дидор бо 1 аллома

Боиси хушҳолист, ки банда, Б. Мурод ҳам бо устод Бобоҷон Ғафуров ҳангоми баргузории Симпозиуми байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе, зери унвони “Кушониён ва тамаддуни ҷаҳонӣ” соли 1968, Симпозиум бахшида ба забони форсӣ соли 1969 ва соли 1974 ба хотири ошноӣ пайдо намудан аз ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара, вохӯрдаам.

Дар вохӯрии аввала донишҷӯи бахши таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон будам. Дар вохӯрии сонӣ ба сифати омӯзгори фанни таърихи дар ноҳияи Данғара фаъолият менамудам. Чун вохӯриҳо пай дар пай шуданд, ба худ андешидам, ки аз калонсолон дар бораи Бобоҷон Ғафуров мавод ҷамъ намоям. Ҳамин тавр солҳои 70-уми асри гузашта машғули кор гаштаму бо собиқ Раиси кумитаи Иҷрояи ноҳияи Данғара Ёров Қазоқ ва писараш Қазоқов Мирзовалӣ вохӯрда ин масъаларо пурсон шудам. Онҳо гуфтанд, ки мо дар бораи Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тез-тез ба Данғара меомаданд, ҳатто аз 15 рӯз то 1 моҳ чун ваколатдор барои таъмини фронт бо озуқа меистоданд, зеро Данғара яке аз ноҳияҳои асосии ғаллаву чорво ба ҳисоб мерафт.

Ҷаббор Расулов ва Б. Ғафуров

Ҷаббор Расулов коммисари халқӣ оид ба таъмини маҳсулот, намояндаи Иттифоқ дар Тоҷикистон буду Бобоҷон Ғафуров ҷавони 35 – сола дар солҳои ҷанг корманди КМ ҲКТ ва котиб оид ба таблиғу ташвиқот дар ақибгоҳи мамлакат ба ҳисоб мерафт. Ёр Қазоқ – раиси КИ (ба таъбири имрӯза раиси ҳукумат) бо Бобоҷон Ғафуров дар солҳои ҷанг робитаҳои дӯстӣ дошт. Шодравон Ёр Қазоқ нақл карда буданд, ки Бобоҷон Ғафуров дар хонаи ман зиндагӣ мекард. Аз Душанбе шиорҳои ватандӯстӣ, сафарбарнамоӣ оварда, дар саҳроҳои беканори Данғара якҷоя бо наврасону кӯдакон ва занону мардони ақибгоҳ меҳнат мекард.

Бобоҷон Ғафуров бо ман (Ё.Қ.) ва дигар роҳбарон, аз ҷумла бо котиби кумитаи ҳизбии ноҳия Рауф Азимови уротеппагӣ ва дигарон аз субҳи барвақт то нимаи шаб (баъзан то рӯз хоб нарафта) дар саҳро бо халқ буд. Ёд дорам раис аз болохона 1 доси ғаллаю алафдаравӣ фароварда гуфт, ки Бобоҷон Ғафуров худ низ бо ин дос дар бари халқ истода дарав мекард ва шабҳо хоб нарафта, фақат менавишт, аз ӯ мепурсидам, ки чаро дам намегиред, охир шумо 10-12 соат бо мардум дар саҳро кор мекунед, монда шудаед? Б.Ғафуров ҷавоб медоданд, ки “Раисҷон, ман олимам, мехоҳам, ки таърихи фаромӯшшудаи халқамро навишта ба ёдгор монам”. Баъдтар ман фаҳмидам, ки сухан дар бораи асарҳои аллома “Муборизаи халқи тоҷик барои озодӣ ва истиқлолият” ва “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” мерафтааст (М.Б.).

Ғафуров дар Данғара

Баъди вафоти Ёр Қазоқ писарашон Қазоқов Мирзовалӣ, ки ӯ ҳам дар қайди ҳаёт нест, маро дарёфт карда гуфтанд, ки ӯ низ шоҳиди зиндагӣ ва талошҳои Бобоҷон Ғафуров дар солҳои 1944 -1945 будааст. Нақли муаллим:

“Ман фарзанди Ёр Қазоқ ҳастам ва ӯ ёддоштҳояшро дар 2 дафтар пурра дарҷ карда, ба ман супорид. Шодравон нақлашро идома дода, 1 лаҳза аз буду боши Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов дар хонаашон (он солҳо меҳмонхона вуҷуд надошт) ёд карда, гуфт: “Солҳои 1944 -1945, ки охири ҷанг бо фоидаи Шӯроҳо ҳал мешуд, фармон шуд, ки мардуми заминҳои аз фашистон озодшударо бо озуқа, сару либос, хулоса аз ҳама чиз таъмин кардан лозим аст. Аз ғаллаву гӯшту меваю сабзавот ҳар чизе ки дар Шарқи мамлакт истеҳсол мешуд, ба фронт барои сохтани танку тиру тӯпу ҳавопаймо ва барои сарзаминҳои озодшудаи Кавказ, Қрим, Украина, Белорусия равона мекарданд”.

Дар ноҳияи ғаллакору чорводори ҷумҳурӣ, хусусан ноҳияи Данғара гуруснагӣ, бемориҳои гуногун сар шуд, чунки гандум ва дигар донагиҳо, чорво, фулузот, дору аз шаҳрвандон ва колхозҳо ҷамъ карда, ба ҷабҳа ва мардуми заминҳои аз фашистон озодшуда равон карда мешуд. Барои он ки мардум аз гуруснагӣ кам бифавтанд дар ноҳия бригадаҳои сарак (хӯшаи гандум)-чинӣ ташкил карда шуд. Мактаббачагон низ ба ҷамъоварии ҳосили танҳо дар замин боқимонда сафарбар карда мешуданд. Ҳосили гандум ва қисса кӯтоҳ ҳама чиз барои ғалаба мерафт.

На чой, на нон: зинда бод каду!!!

Шоҳид Мирзовалӣ мегӯяд, ки дар солҳои тақдирсози ҷанг-1944-1945 ҳатто падарам, раиси райисполком буду дар хона ҳатто чой надоштем. Боре Ҷаббор Расулов гуфт, ки “писарам Мирзовалӣ 1 чой дам кун. Дар хона тавре ки гуфтем, чой набуд. Бобоҷон Ғафуров гуфтанд, ки писарам чой, ки набошад, дар чойник пӯсти пиёз андоз, мешавад”.

Муаллими собиқадор, шодравон Гулаҳмадов Аҳмад, ки он ҳам шоҳиди он рӯзҳои сахту сангин буд, нақл мекард, ки котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳия, фарзанди Уротеппа Рауф Азимов он солҳоро ба ёд оварда, 1 лаҳзаеро нақл карда буд, ки он чунин аст:

“Азбаски дар солҳои охири ҷанг ҳама чиз танҳо барои фронт ва ҷумҳуриҳои бародар маҷбуран фиристода мешуду аз сараку гандумчинӣ шикам сер намегашт, роҳбари район Рауф Азимов ба Уротеппа рафта, аз падар мепурсад, ки дар Данғараи ғаллакору чорводор нон нест, чи кор кунам? Падарашон насиҳат карда мегӯяд, ки писарам ба халқ фармоед, ки кадукорӣ кунанд ва онро орд карда хӯранд, ин рӯзҳо мегузарад”. Роҳбари дурандешу ғамхор ба Данғара баргашта, ин васиятро иҷро карда, халқро аз гуруснагӣ наҷот медиҳад.

Ваколатдор Ғафуров…

Вазифаҳое, ки дар назди устод Бобоҷон Ғафуров меистоданд дар он замонҳои пурошӯб, ҳарчи бештар ба фронт, аскарон ва ҷойҳои аз душман озодгардида равон кардани озуқа ва ғайра буд. Ҳамчунон аз ҷиҳати маънавӣ руҳбаланд кардани мардум ва дар қалби онҳо парваридани меҳри ватани бузурги сотсиалистӣ. Дар солҳои ҷанг ваколатдорҳо, ки аз Душанбе меомаданд, соҳиби донишҳои назарӣ ва амалӣ буда, бо мардум фоидаи қарзи ватандорӣ ва нафрат бар душманро ташвиқу тарғиб мекарданд, ки дар маркази ин чорабиниҳо Бобоҷон Ғафуров буд. Ба ӯҳдаи ӯ инчунин таблиғу тарғиби қонуну қарорҳои даврони ҷанг: қарорҳои иттифоқ ва КМҲК ва Совети коммисарони халқи Тоҷикистон дар бораи “Ташкили омӯзиши занону духтарон дар МТС ба сифати тракторронҳо”, “Оид ба иштироки ташкилотҳои комсомолӣ дар корҳои хоҷагии қишлоқ”, “Ташкили гурӯҳҳои стахановчиён”, “Дусадфоизчиён”, “Чойхонаҳои сурх”, “Дар бораи инкишофи навъҳои гӯсфандони қарақулӣ”, “Додани дастмузд дар шакли натура (ашё, чиз) ба деҳқон”, “Дар бораи курсҳои касбомӯзӣ барои занони тракторист”, қарор барои “Ҷамбасти баҳисобгирии саршумори чорво барои январи с.1945”, “Дар бораи омӯзиши корҳои кишоварзӣ ба хонандагони синфҳои болоӣ, техникумҳо ва муассисаҳои таълимии олӣ” ва ниҳоят Қарор “Дар бораи омӯзиши наврасон барои кор дар корхонаву саҳроҳо” ва қарори хеле муҳими Кумитаи давлатии мудофиаи СССР “Дар бораи омӯзиши таъмини ҳарбии шаҳрвандон” ва ғайра гузошта шуда буд.

Бобоҷон Ғафуров ба инкишофи колхозу совхозҳо таваҷҷуҳи бориз дошт. Аз ҷумла дар ин даврони таблиғотӣ дар ҷумҳурӣ 2342 колхоз мавҷуд буд, дар Данғара бо кӯшишҳои ӯ ва Р.Азимову Ёр Қазоқ шумораи колхозҳо ба 47-то расид. Дар колхозҳо чунин касбҳо: алафдаравӣ, домдорӣ (мурғпарварӣ) муҳосибӣ, табелчигӣ, миробӣ, пиллакорӣ, говдӯшӣ, нигоҳбони гусолаҳо, испору позасозӣ (юғ) ва ғайра ташкил карда шуд.

Танки данғарагиҳо дар ҶБВ

Ҳама медонем, ки ҷумҳуриҳои собиқи Шуравӣ ба таъмини ҷузъу томҳои ҳарбӣ – дивизияҳои танкӣ, эскадриляҳо вобаста буданд. Тоҷикистон низ чандин дивизияҳо ва колоннаҳои ҷангиро бо озуқа таъмин мекард. Масалан, мардуми Данғара соли 1944 таҳти роҳбарии Бобоҷон Ғафуров ва Рауф Азимову Ёр Қазоқ барои колоннаи танкии “Колхозчии Тоҷикистон” 1 миллиону 170 ҳаз. рубл ҷамъоварӣ намуданд. Дар ҷумҳурӣ бошад, ин маблағ 84 млн. рублро ташкил дода буд. Комсомолони ноҳия мисли дигар ноҳияҳо барои колоннаи танкии “Комсомоли Тоҷикистон” низ маблағгузорӣ мекарданд. Дере нагузашта ҷамъоварии пулу мол ва озуқаворию сару либос, металҳои ранга оғоз ёфт. Раиси колхози К.Маркс Одинагул Қодирова аввалин шуда, барои фронт 715 сентнер ғалла, 54 сентнер гӯшт ва аз ҳисоби шахсиаш барои колоннаи танкии “Колхозчии Тоҷикистон” 57 ҳаз. рубл равон кард. Соли 1945 Данғара нақшаи дарави алафу каҳбедаро барои чорво ба миқдори 14 ҳаз. т. ва силосро 400 т. ба иҷро расонд, ки дар он саҳми олими ватанпараст ва роҳбари сиёсии кишвар Бобоҷон Ғафуров ниҳоят бориз аст.

Аз баромади Б. Ғафуров дар Данғара:

“Рафиқон! Душман бо талафоти бештар ақибнишинӣ карда истодааст. Душман ҳангоми қафорафтан ҳамаҷоро вайрон ва нест карда истодааст. Мардуми ғарби мамлакат дигар чизе хӯрданиву пӯшиданӣ надоранд. Ғаллаи Украина, Белорусия, Кавказ, Ҷануби Русия ба Германия бурда мешавад. Умеди Давлати Советӣ ба Шарқи кишвар аст. Рафиқ Сталин гуфт, ки ғаллаву гӯшт, пахтаву сару либос ва дигар чизҳо акнун аз Осиёи Миёна ва Қазоқистон барои таъмини ҷабҳа, аскарон, мардуми қашоқшудаи заминҳои аз фашистон озодшуда равон карда шавад. Мо ноҳияҳои ғаллакор Оби Киик, Қизилмазор, Конибодом, Уротеппа, Ёвон дорем, аммо манбаи асосии ғалладонагиҳо ва гӯшту шири мамлакат ин ноҳияи Данғара аст. Ба фронт, ба аскарбачаҳо кумаку ҳадяро дареғ надоред, ғалаба наздик аст. Модарони ноҳия, шумо 2230 нафар фарзандони далери худро барои дифои Ватан гусел кардаед. Дар бораи ба Саидқул Турдиев ва Исмат Шарифов додани унвони Олӣ-Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, ки онҳо сокини ноҳияи Данғара мебошанд, моро руҳбаланд месозад. Онҳо дар баробари 2230 нафар сарбози данғарачӣ дар ҷанг қаҳрамониҳои беназир нишон дода, ном ва кори Спитамену Деваштич ва Восею Темурмаликро дар ҳифзи Ватан зиндаву ҷовид гардонидаанд”.

Хати сиёҳи Саидқул Турдиев

Модари қаҳрамон Саидқул Турдиев, ки говҷӯши номдори деҳаи Сарчашма аст, хати сиёҳи фарзандашро гирифту сару рӯ канд. Мо ӯро тасаллӣ медодем, ки чи илоҷ хайр Шумо модари ифтихории Данғара ва Тоҷикистон ҳастед. Ба Шумо ва дигар қурбоншудагони ҷанг кумакро дареғ намедорем. Баъди Бобоҷон Ғафурову Рауф Азимов ва раиси кумиҷрояи ноҳия Ёров Қазоқ баъди тавсифи далериву шуҷоати Саидқул Турдиев гуфт, ки талабаҳо ба мактаб баргарданд. Шоири советӣ Лоҳутӣ ба мактабе, ки қаҳрамон дар он мехонд, қаламу дафтар ва либос равон кард. Тракторчизан Маҳлиқо Қурбонова илҳоми тоза гирифта, дар 4 шабонарӯз 30 гектар заминро бо тракторҳои ЧТЗ ва СТЗ барои кишти донагӣ шудгор намуд. Боз ҳамон Одинагул, раиси колхози ба номи Карл Маркс барои колоннаи танкии “Колхозчии Тоҷикистон” 2700 рубл ҷамъоварӣ кард.

Яке аз шоҳидони давраи ҷанг дар ақибгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, академик Маҳмадулло Лутфуллоев дар асараш “Деҳаи ман” оиди зиндагии мардум менависад, ки “Хурокамон аз ҳисоби хӯшаву саракчинии гандум буд. Модарам Тағойгул ва Шарифаи модари Саидқул Турдиев 20 сар говро меҷӯшиданд. Бародари Саидқул Холмаҳмад аз ҷанг зинда баргашт, аммо шахси низомӣ, ки буд, ба мақомоти марбута ба кор даромада, ногаҳон аз латмаи қалб ҷон дод. Модар фарзанди дуюмашро, ки аз даст дод, дигар аз ғаму андӯҳ берун нарафт ва оқибат дунёро падруд гуфт. Қабраш дар мазористони деҳа дар назди оромгоҳи писари ягонаи Саидқул Турдиев Алик Турдиев воқеъ аст. Алик тез – тез ба деҳа омада, бо бачаҳо саракчинӣ мекард. Ҳатто ӯро бригадири саракчинҳо таъин карда буданд.

Алик Турдиев аз паси касби падар рафта, афсар шуд, сарҳади давлати Шуравиро муҳофизат мекард. Соли 1960 ҳавопаймои амрикоӣ У-2, ки сарнишини он Пауэрс буд, бо мақсади ҷамъ овардани далелҳо аз ҳарими ҳавоии Иттиҳод гузаштанӣ шуд. Ин ҳавопаймои ҷосусиро аввалин шуда, дар мамлакат Алик Турдиев (Саидов) фош сохта, ба Вазорати Мудофиаи СССР хабар дод. Ниҳоят ҳавопайморо дар фазои Мурманск дастгир карданд. Аликро ба Маскав даъват карданд ва ба ӯ тӯҳфаҳо ва соат тақдим карданд. Алик умри дароз надиду аз бемории бармаҳал аз дунё даргузашт. Қабраш дар назди қабри бибияш Шарифа, да н. Данғара ҷойгоҳ дорад.

Панири Данғара

Бобоҷон Ғафуров дар совхози “Данғара” ба истеҳсоли панир оғоз кард, чунки он солҳо ҳанӯз корхонаҳои ширии Душанбе ва Конибодом ба кор оғоз накарда буданд. Панир (бринза) аз шири гӯсфанд тайёр карда мешуд. Ин маҳсулот шиками мардуму сарбозонро сер мекард. Ҳар рӯз фермаҳо 500 кг бринза ва 200 кг хӯрокӣ аз зардоби шири гӯсфанд ҳосил мегирифтанд. Ғалларо ҳашароте бо номи “паҳмак “ хурда нобуд мекард. Бо ташаббуси роҳбарияти ҷумҳурӣ ва иттифоқ дар мавзеъҳои ғаллакории кишвар аз ҳисоби занону духтарон ва наврасону кудакон бригадаҳои зидди ҳашароти зараррасон ташкил ёфт. Ба ҳар аъзо супориш шуда буд, ки дар 1 рӯз 2500 памак ном ҷондор чида нест кунанд.

Дар солҳои ҷанг Ҳукумат ба мактабу маориф ва фарҳанг то метавонист, кумак мекард. Муаллимонро барои таълиму тарбияро эҳё кардан аз ҷанг бозпас гардониданд. Ба хонандагон ягон-ягон сару либосу попӯшӣ ва ғизо медоданд, ки ба мактаб биёянд. Доктор Лутфуллоев мегӯяд, ки “Ман солҳои ҷанг 4-5 сола будам. Модарам гуфт, ки ба мактаб меравӣ, ӯ чоруқ наёфт, пойи урён ба мактаб мерафтам, рӯи барф медавидем, ки зинда монем, дар мактаб пойҳоро зери доман мепӯшонидему мехондем”. Он вақт қарори КМ ҲК Тоҷикистон “Дар бораи кор дар мактабҳо” ба тасвиб расид, барои мактабҳо фонди “таълими умумӣ” ташкил ёфта, ба хонандагон ёрӣ дода мешуд.

Аз 2230 сарбози данғарачӣ 966 нафар баргашт

Дар давраи котибии Бобоҷон Ғафуров ҳамаи ноҳияҳои кишварамон дар ғалаба бар душман нақши босазо гузоштанд, чуноне, ки пештар қайд кардем, аз ноҳияи Данғара 2230 нафар дар ҶБВ иштирок карданд ва аз онҳо 1264 нафар шаҳид шуданд ва ба зодгоҳ танҳо 966 нафар баргаштанду халос. Дар муқоиса аз Тоҷикистон 290 ҳазор ба фронт рафтанд, аз онҳо 100 ҳазор аскарбача ба зодгоҳ барнагаштанд.

Ҳамаи данғарачиҳо бо ордену медалҳои ҳукумат, аз ҷумла 2 қаҳрамони Иттифоқи Советӣ-Саидқул Турдиев ва Исмат Шарифов, ки зодагони ноҳияи Балҷувон бошанд ҳам, сокини ноҳияи Данғара буданд, 18 нафар дорандаи ордени “Шараф” (бо дарназардошти сокинони водии Вахш, ки аз Данғара ба онҷо кучида буданд) 37 нафар бо медали “Барои меҳнати шоён дар ҶБВ”, 395 нафар бо медали “50 солагии ғалаба”, 476 нафар бо медалҳои “50-60-70-солагии Қувваҳои Мусалаҳи Иттиҳоди Шуравӣ” ва 200 нафар бо медали “Жуков” сарфароз гардидаанд.

Сталин ва Б. Ғафуров

Хизматҳои Бобоҷон Ғафуровро роҳбари давлати Шуравӣ И.В.Сталин қадр мекард, чунки дар таъмини ғалаба бар душман чорабиниҳои сиёсиву тарбиявии он кас нақши бузург бозиданд. Ӯ тавонист якҷоя бо роҳбарони ноҳия, вилояти он вақтаи Кӯлоб фронтро бо озуқа, либосу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноативу хурокворӣ таъмин сохта, дар ин пирузӣ соҳиби обурӯ гардад ва аз санҷиши роҳбари давлати он вақтаи Шуравӣ бо боварӣ гузарад. Далели ин гуфтаҳо табрикномаи И.В.Сталин ба роҳбарони ноҳия бо чунин мазмун аст:

Из.уч.Москва.73-76, 39, 5т, 1406

Высшая правительственная

2 адрес испр.повтор.Таджикской ССР, секретарю Дангаринского райкома КП (б) Таджикистана тов. Азимову Р.

Председателю Райисполкома Ярову К.

Передавайте трудящимся Дангаринского района, собравшим 1 171 000 рублей на строительство танковой колонны мой братский привет и благодарность Красной Армии.

И.Сталин

6 апреля 1944 года.

Ин ҳуҷҷати таърихӣ дар осорхонаи миллии кишвар аз соли 1953 маҳфуз аст. Дар ИДМ соли 2005 “60 солагии ғалаба дар ҶБВ” бо тантана ҷашн гирифта мешуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бозёфти нодир ва мондагорро аз номи муовини сарвазир Х.Мавлонова ба Данғара ирсол намуд. Ҳоло нусхаи ин мактуб (барқия) дар осорхонаи ноҳияи Данғара нигоҳ дошта мешавад.

Дар ҳошияи ин барқияи таърихӣ ҳаминро хотирасон менамоем, ки хабари ғалаба ба воситаи сарбозон ба ҳар ҷумҳурӣ ба таври махсус равон карда мешуд. Ҳуҷҷате дар даст дорем, ки табрикнома ва хабари пирӯзӣ дар ҶБВ-ро ба Шӯрои Коммисарони Халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КМ ҲКТ сарбози қаторӣ аз ноҳияи Данғара Саидов Талбак оварда буд. Дар варақаи хизматии ӯ чунин омадаст:

Гвардейскому рядовому Саидову Талбаку предлагаем Вам отправиться в г.Сталинабад для вручения делегацией таджикского соединения письма правительству Таджикской ССР в связи с победой над врагом.

Срок командировки 75 дней, с 17 июня 1945 года по 1 сентября 1945.

Совнарком Таджикской ССР

Прибыл: 3-го июля 1945г.

Убыл: 4-го сентября 1945г.

Замделопроизводством СНК Тадж.ССР

(Мирошниченко)

Шодравон Саидов Талбак, ки дорандаи ордени “Шараф” дараҷаи 3 буд, баъди ҷанг ҳам то охири умр бо меҳнати ҳалол кору зиндагӣ кард.

Дар итмом қайд кардан зарур аст, ки Бобоҷон Ғафуров-Қаҳрамони Тоҷикистон ҷони худро дар эҳёи таърихи миллат дар давраҳои хеле мушкили мафкуравӣ ва низомӣ сарф кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд намудаанд, ки алома на танҳо олими бузург, меҳанпарасту хештаншинос, балки аз элитаи бузурги сиёсиву мафкуравӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ буданд. 5-уми декабри соли 2023 Пешвои муаззами миллат дар Симпозиуми байналмиллӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров иброз карданд, ки “Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ бисёр муассир мебошад. Ӯ ҳамчун корманди Кумитаи Марказии Ҳизбии Комунистии Тоҷикистон, котиби идеологӣ, котиби дуюм ва роҳбари кулли ҷумҳурӣ пешравиҳоро бо чашмони худ ва худро бо мардум медид”.

 Мурод Бозор

Меросбар,

Омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДДТХ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube