Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони номдори Тоҷик дар вазни то 81 кг барандаи медали тиллои Бозиҳои Осиё гардид. Ба қаҳрамони нахустини мо аз Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи пулии 150 ҳазор сомонӣ ва 1 манзили сеҳуҷрагӣ аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим гардид! Бозиҳои XIX Осиё рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Ханчжоу оғоз шуда, то 8-уми октябр дар 5 шаҳри дигари Чин баргузор мешаванд. Дар ин бозиҳо 12,5 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Тоҷикистонро 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Аз паҳлавонӣ то қаҳрамонӣ
