Барқ дар тобистон чаро нест?

07.07.2025. Соат ба вақти Душанбе 16:49 дақиқа. Зулайхо Мизробова, сокини кӯчаи Қурбон Зардакови ш. Кӯлоб, шикоят кард, ки дар гармои 44 дараҷа гармӣ, на об доранд, на барқ ва на рӯзгори осоишта.

-Ман кампири 70-солаам! Чунин даҳшатро нав мебинам. Яхдонам имрӯз сӯхт, зеро барқ ҷастухез мекунад. Барқро ҳамарӯза аз соати 8 мекушанд то соати 18-19. Дар замистон мекуштанд, тоқат мекардем, тапаку ҳезум месухтем. Вале аз гармӣ худро чигуна эҳтиёт кунем? Барқ, ки нест, об ҳам нест. Аҳволи ҳамаамон бад аст. Бовар кунед, оби сатилҳоямон даст занӣ месӯзӣ! Ин чӣ бедодгарист? Охир ин ҷо шаҳр аст, шаҳри 2700 сола… Ба доди мо кӣ мерасад?

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube