05.07.2025. Соат ба вақти Душанбе 09: 56 дақиқа. Пӯлодҷон Зоиров, мухлис ва хонандаи фаъоли СССР, тел: 876030351, меҳмони идора гардида, аз нияту нақшаҳои созандаи Ширкати “Рушди Истиқлол” – 2015” дар ҳамроҳӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сухан кард:
– Ободу зебо гардондани ҳар гӯшаи Тоҷикистони азиз қарзу фарзу суннати ҳар сокини он аст. Ноҳияи Қубодиён дорои зиёда аз 225000 нафар аҳолӣ буда, мутаассифона, дар ҳар манзили истиқоматӣ аз ноилоҷӣ камаш 3-4 оила зиндагонӣ менамоянд. Дар ҳудуди маркази ноҳия заминҳои бекорхобидаю холӣ ҳам мавҷуд нестанд. Ҳанӯз ҳам баландтарин бино дар маркази ноҳия аз 2 – ошёна боло нест. Ҳамзамон, хати обу корезӣ (канализатсия) ҳам вуҷуд надорад.
Бинобар ин, ширкати сохтмонии мо дар ҳамоҳангӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, ки ҷиддан пайи ободу зебогардонии ноҳия гардад. Онро бо бунёди биноҳои хуштарҳу зебои на камтар аз 7 ошёнагии муҷаҳҳаз бо лифтҳо, роҳу гулгашт ва хиёбонҳои замонавӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои аввал ва таваққуфгоҳи нақлиётӣ дар такхонаи бино комил созад.
Ба ибораи дигар, орзуи онро дорем, ки дар кӯтоҳтарин муҳлатҳо ба ноҳияи Қубодиён қабои нав пӯшонем ва онро ба яке аз ноҳияҳои зеботарину пешрафтаи ҷумҳурӣ табдил диҳем!
