04.07.2025. Соат ба вақти Душанбе 16:25 дақиқа. Дилноза Ҷабборова, хонандаи доимии газета, рассоми ҷавону умедбахш, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи С. Шерозӣ 20, (тел: 93 532 50 78) , таассуроту мушоҳидаҳояшро аз иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” чунин иброз дошт:
– 20 июни соли 2025 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” гузаронида шуд, ки дар он расмҳо ва аксҳо оид ба дизайн намоиш дода шуданд. Ман дар номинатсияи санъати тасвирӣ – ороишӣ иштирок доштам ва пеш аз ин ҳам 2 маротибаи дигар ширкат карда будам.
Ба хулосае омадам, ҳакамони озмун, ки ҳамагӣ устодони Коллеҷи рассомии М. Олимов буданд, аз рӯи шиори “Аввал хешу баъд дарвеш” амал намуда, ба дастпарварони коллеҷ, яъне шогирдони худ бартарӣ медоданду онҳоро дастгирӣ мекарданд ва бо ин корашон шаффофияти озмунро зери шубҳа қарор медоданд.
Муаллимону шогирдону довталабони дигар хоҳиши ба онҳо нишон додани расмҳои нафарони ғолиб ва мактаберо, ки онҳо таҳсил менамоянд, карданд. Аммо аз чӣ бошад, ки ному насаби ғолибони озмун хонда шуду аз кадом мактаб буданашон не? Инро чӣ тавр фаҳмидан мумкин бошад? Магар ҳамин аст шаффофияти озмун? Оё ин маънои онро надорад, ки “Таги коса нимкосае ниҳон аст?”. Зимнан мехоҳам расми кашидаамро дар газетаи мардумӣ нашр кунам, то хонандагон худ баҳо диҳанд, ки расми ман хуб буд ё на? Мо Метавонем!
