Дар рӯ ба рӯи Сирки давлатӣ, назди гузаргоҳи зеризаминӣ дер боз чанд нуқтаи фароғатӣ фаъолияти хеле хуб дошт. Мизоҷонашон ҳам кам набуд. Он ҷо ҳамеша самбӯса ва чойи гарм, дигар нӯшокиҳои ташнашикан низ ба савдо гузошта мешуд. Беҳтарин коре, ки соҳибони ин нуқтаҳо карда буданд, ташкили нонвойхона буд, ки чанд нафар модарон дар он бо ҷои кори доимӣ таъмин буданд. Хурсандии роҳгузарҳо, бошандагони биноҳои истиқоматии шафати онро ҳадду канор набуд. Хариду савдои нони гарми ба қавле хонагӣ дар авҷ. 8 моҳ пеш нуқтаҳои мазкур бинобар афтоданашон ба нақшаи нави роҳ аз байн бардошта шуданд. Дар дохили гузаргоҳ бошад, нуқтаҳои савдо чун пештара ба мардум хизмат расонда истодаанд.
Гап сари он меравад, ки дӯконҳои бардошташуда ҳам метавонистанд, то ба имрӯз кори худро давом диҳанд. Бо оғоз гардидани кори сохтмони роҳ ҳамагӣ моҳ ё ҳафтае кофист, ки онҳо огоҳонида мешуданду нуқтаҳояшонро, ки молу колои кироя надоштанд, меғундоштанд. На сих месӯхту на кабоб. Тӯли ин моҳҳо ҳам хизматрасонҳо хурсанд мебуданд ҳам мизоҷон ва ҳам ба буҷаи шаҳр маблағи муайяне ворид мегардид. Бахусус, занҳои нонпаз аз даромад маҳрум намегардиданду мизоҷон аз нонҳои гарму болаззат.
Зиёдулло Шарифов,
н. Рӯдакӣ
