Бо шарофати роҳандозии нақлиёти барқӣ нархи сӯзишвории гази моеъ, ки боиси баланд гардидани арзиши мусофиркашонӣ тариқи таксиҳо гардида буд, акнун арзон шуд. Вале нархи хизматрасонӣ ҳамон хел гарон, ки буд, боқӣ монд. Ҳол он ки мардум умед дошт, бо гузаштан ба сӯзишвории барқӣ, ки истеҳсоли худист, дар масъалаи нархи роҳкиро сабукӣ мешавад. Чаро ки он мисли сӯзишвории бензину газ бо хароҷоти зиёд аз хориҷа интиқол намеёбад.
Бинобар ин, кори хайре мешуд, агар дар ин масъала масъулони соҳа роҳкирои таксиҳоро бозбинӣ ва барои мардум дастрасттар менамуданд, зеро сокинони кишвар дар бунёди НБО Роғун низ фаъолона саҳмгузорӣ доштанд. Вагарна, ҳеҷ фарқе байни барқ ва газу бензин намондаст!
Сафар Шарифов,
ш. Душанбе
