“Эҳтиёткорро Худо эҳтиёт мекунад!”

 “Ноомадӣ танҳо намеояд” мегӯянд, ки ҳақ асту рост. Обу ҳавои ғажду ғализ ва гармии тоқатфарсои имсола ба гуфтаи мардумӣ “дар ҷони ҳама зад”. “Болои сӯхта намакоб” чунин ҳолати иқлим, ки 100% бо айби худи мо, инсонҳо ба вуқуъ мепайвандад, мушкилиҳои дигарро пеш меорад.

Ба қавли Наврӯз Ҷаъфаров, муовини Сардори Раёсати бехатарии эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон то 1 июл дар Тоҷикистон 41 ҳолати гирифтории ҳайвоноти хонагӣ ба бемории сӯхтанӣ ё номи русиаш “Сибирская язва” ба қайд гирифта шудааст.

Таҷрибаи калони қассобӣ дорам. Ҳанӯз ҳам бо вуҷуди камолоти синну сол гоҳ – гоҳ ба он машғул ҳастам. Дар солҳои зиёди машғул шудан ба ин касб мутаассифона, борҳо шоҳиди оқибатҳои ногувор ва гоҳо фоҷиангези беэҳтиётӣ аз ин бемориро, ки дар гӯшти бадани чорво пайдо мешавад аз тарафи одамони алоҳида мебошам. Бинобар ин, бетарафиро ба худ эб надида, мехоҳам, ки тариқи рӯзномаи дӯстдоштании мардумии СССР дар масъалаи аз эҳтиёт кор гирифтани мардум ҳангоми хариди гӯшти чорво саҳми хоксоронаи худро гузорам.

Беҳтарин тадбир аз сироят нагардидан ба он эҳтиёт ва боз ҳам эҳтиёт мебошад. “Эҳтиёткорро Худо эҳтиёт мекунад”. Дар ҳамин давра дуруст ба роҳ мондани кори духтурони ҳайвонот дар бозору дигар маконҳои забҳи чорво, фаъол гардондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни мардум боис ба он гашта метавонад, ки бемории зуҳурнамуда, бе расондани зарари ҷиддӣ ва гирифтории одамон гузашта равад!

Сайфиддин Шарифов,

қассоб, н. Фархор

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube