Тибқи қоидаҳои дастур (грамматика) – и забони тоҷикӣ номи деҳаи зебоманзари Дардар, зодгоҳи Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон, устоди равоншод Гулназар Келдӣ бояд бидуни нимтире навишта шавад.
Бо нимтире дар забони тоҷикӣ шумораҳои тахминӣ: як-ду, ду-се, сӣ-чил кас; нумеративи -то чун 3-то, 100-то ва шумораи тартибии -ум (5-ум, 100-ум) ва ё феъли ҳоли такрор: ларзон-ларзон, лангон-лангон, хандида-хандида ё феъли ҳол бо ҷузъи номии такрор: чаҳ-чаҳзанон, ҳай-ҳайгӯён навишта мешаванд.
Ҳамчунин бо нимтире зарфҳое навишта мешаванд, ки аз такрори калима сохта шудаанд: аҳён-аҳён, доман-доман, даста-даста, гурӯҳ-гурӯҳ, зуд-зуд, оҳиста-оҳиста, сето-сето, ҷо-ҷо, халта-халта ва ғайра.
Чун шакли бо нимтире навиштани номи ин деҳа, яъне Дар-Дар, аслан бо ҳеч 1 аз шароит ва қоидаҳои навиштани нимтире дар забони модарии мо мутобиқат надорад, аз ин сабаб ғалати имлоӣ шумурда мешавад.
Ҷамшед Орифиён, Шоир
