Билолиддин дар мактаб-интернат роҳбари гурӯҳ буд. Парвиз ном тарбиятгиранда қоидаро вайрон кард. Роҳбари гурӯҳ ӯро фармуд, ки 20 маротиба нишаста хезад. Тарбиятгиранда, ҳарчанд азоб кашид, шарти ҷазоро иҷро кард.
Чанд сол гузашт. Парвиз ба идорае роҳбар шуда омад, ки дар он ҷо Билолиддин муҳосиб шуда кор мекард. Рӯзҳои аввал роҳбари нав ба кору аҳволи аъзои худ зоҳиран эътибор намедод. Тифоқо муҳосиб ба кор дер омад. Сардор фармуд, ки 20 маротиба дар ҷояш нишаста хезад. Билолиддин таърихро ба хотир оварду аз ханда худдорӣ карда натавониста гуфт:
-Агар ҳангоми забардастиям медонистам, ки рӯзе зердаст мешавам, ҳаргиз чунин ҷазоро раво намедидам.
Сардор низ хандиду дасти Билолиддинро фишурда, аз гуноҳаш гузашт.
Шукрона, ки сарварони дурандеш ҳам дорем.
Ҳаким Алӣ,
ш. Ҳисор
