Марде бо тинати саросар аз нур

17 майи соли 1991 дар толори бошукӯҳи Кохи Борбад 50-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ устод Лоиқ Шералӣ баргузор гардид.

Дар ҷашни нимасраи шоири Миллат устодон Гулрухсору Аскар Ҳаким бо самимияти беандоза барандагӣ карданд. Баъд аз суханронии роҳбари аввали Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва котиби раёсати Иттиҳодияи нависандагони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ оид ба адабиёти миллӣ Юрий Иванович Суровсев, шоираи ширинкалом Гулрухсор ин байти устод Лоиқро:

Ба ҳама нағмаи ноҷӯр дилам месӯзад,

Ба ҳама тинати бенур дилам месӯзад.

қироат карда, навбатро ба устод Одина Ҳошим медиҳад:

– Ман мехоҳам ҳоло сухана ба шахсе пешниҳод кунам, ки ҳамеша нағмаҳош ҷӯр буданд ва тинаташон саросар нур аст. Ҳофизи халқии республика, чи хеле ки пеш мегуфтанд, Одина Ҳошимов.

Устод ба саҳна баромада, аз ашъори устод Лоиқ рӯбоиҳо месарояд. Ва бо ҳамон хоксории ба худ хос саҳнаро ба гардонандагони маҳфил вомегузорад.

Устодон Одина Ҳошим ва Лоиқ муносибати хеле дӯстона ва ҳамкориҳо доштанду устод Одина ба ашъори устод Лоиқ оҳангҳо баста буд.

Ҳанӯз хеле барвақт устод Лоиқ дар васфи устод Одина навишта буд:

Он мард, ки аз нусхаи Қосим бошад,

Дар саҳни ғазалсароӣ доим бошад.

Аз баҳри сурудани дилу нияти халқ,

Ҳофиз бошад, Одина Ҳошим бошад.

Ҷумъахон САЙИДАЛӢ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube