1 шаби навбатдории таърихӣ

Аз редаксия: мутаассуф, ҳоло ҷаҳон, бо иллати дағдағахоҳии чанд давлатпараст, дар арафаи ҷанги атомӣ қарор дорад. Дар ин бора зиёд менависанд. Ва аммо дар асри ХХ низ ҷаҳон 2 бор қариб ба коми ҷанги ҳастаӣ ва нестӣ мерафт. Дар бораи моҷарои аввал бо номи “Буҳрони Кариб”, соли 1962, хондаем. Вале ин қисса дар бораи 1 афсари ҷавонест, ки бо ақлу заковат тавонист оламро аз ҷанги ядроӣ ва маҳви воқеӣ ҳифз кунад: қаҳрамони гумноми камбағале, ки ҳатто гӯраш маълум нест…

 Қаҳрамони беунвон

Қаҳрамони ҳақиқӣ на онест, ки дар экрани кино бо 1  зарбаи пой инсониятро аз зулму бадбахтӣ наҷот мебахшад. Балки онест, ки ҳамарӯза вазифаи ҷонии худро софдилона, бо назардошти манфиати миллату Ватан анҷом медиҳад ва бо нони ҳалол фарзандонро ба камол мерасонад. Яке аз чунин инсонҳои наҷиб Станислав Петров мебошад. Дар бораи ӯ кам одамон медонанд, аммо ӯ дар тӯли чанд дақиқа қароре қабул кард, ки мавҷудияти тамоми ҷаҳон аз он вобаста буд.

26.09.1983. Петров дар қисми махфии Серпухов -15 хидмат мекарду аз болои Америка шабонарӯзӣ назорат мебурд. Ногаҳон дар экранҳо ҳаракат кардани якчанд мушаки баллистикии ҳастаӣ аз ИМА ба ҷониби Иттиҳоди Шуравӣ пайдо шуданд. Дар он замонҳо “Ҷанги сард” дар авҷи аълои худ қарор дошт ва сарони давлатҳо ҳар лаҳза метавонистанд ҷанги воқеиро бо тамоми оқибатҳои фоҷиабарангези он оғоз кунанд. Он чизе, ки 1 афсари одӣ он рӯз бе дудилагию даступо хӯрдан анҷом дод, инсоният, ҳаёт дар рӯи заминро наҷот бахшид, ки аз ин дида қаҳрамонии бузурге намешавад. Станислав Петров аз табиати хоксорияти худ муддати дароз дар бораи ҳодиса ба касе чизе нагуфт, ҳатто ба ҳамсараш. Аммо баъди 10 сол он сир ошкор шуд.

  Иштибоҳе, ки метавонист ба воқеият табдил ёбад

Дар суҳбат бо рӯзноманигорони олмонӣ, Станислав Петров – шахсе, ки аҳли ҷаҳонро аз ҳалокати ногузир аз силоҳи ҳастаӣ наҷот дода буду ҳоло дар фақр ба сар мебарад, нақл кард, ки дар он шаби фоҷиабор дар асл чӣ гап гузашт?

Он рӯз ӯ дид,  ки ИМА аввал 1 мушаки ҳастаӣ ва сипас чанд ракетаи дигар ҷонби СССР сар дод. Ин маънои 1 чизро дошт: оғози ҷанги атомӣ.

Тибқи дастур Петров бояд фавран аз ҳолати кор ба Роҳбари СССР Андропов хабар медод ва ӯ фавран мушакҳои ҷавобӣ мефиристод ва хайрият ки ин кор ва қоидаи дастурро иҷро накард.

Инсоният бояд аз тақдир миннатдор бошад, ки он шаб маҳз Петров, на каси дигаре дар навбатдорӣ буд. Агарчӣ афсари одӣ буд, вале мутахассису таҳлилгари барҷастаи кори худ. Фаҳмид, ки ин ҷо чӣ гапи дигарест. Аҷаб не, ки айб дар нуқси таҷҳизот бошад, зеро оғози партоби мушакҳо аз 1 полигон ҳеҷ мумкин нест. Фавран бо телефони дохилӣ хабар дод, ки ин хатост ва система маълумоти бардурӯғ дода истодааст! Ба ғалат роҳ надиҳанд, ки мушаки ҳақиқии ҷавобӣ назананд.

Ҷасорат ба Станислав кӯмак кард, ки қарори дуруст қабул кунад. Ӯ масъулиятро ба дӯш гирифт ва хушбахтона ҳақ ҳам баромад. Ҳақиқат ин буд, ки сигнали ҳушдор аз сабаби нурҳои офтоб, ки чун сенсорҳои моҳвора медурахшиданд, ба вуҷуд омадааст.

 Давоми талхи қисса

Қаҳрамони воқеӣ Станислав Петров, ки худро ҳаргиз қаҳрамон намеҳисобид ва даъвои унвону ҷоизае ҳам надошт, на танҳо ақаллан раҳмате нашунид, баръакс, роҳбарият ӯро барои риоя накардани дастури хидматӣ ва пур накардани дафтари навбатдорӣ сарзаниш намуд. Танҳо соли 2006 ӯ ҷоизаи сазоворро дарёфт. Дар қароргоҳи Ню-йорк ба ӯ медали “Ба Шахсе, ки ҷанги ҳастаиро пешгирӣ кардааст” ва дар Баден-Баден ва Дрездени Германия низ ҷоизаи дигари наҷотбахши сайёраро ба ӯ тантанавор супурданд.

 Моҳи майи соли 2017 Станислав Петров аз олам чашм пӯшид. Дар бораи марги ӯ, ба монанди ҳаёташ, чизе гуфта нашудааст. Ҳатто дӯстонаш, вақте ки пас аз 4 моҳ ба ӯ занг заданд, то зодрӯзашро табрик кунанд, аз марги ӯ дар ҳайрат афтоданд. Кӣ медонад, агар он шаб афсар Станислав Петров дар навбат намебуд, ҳоло мою шумо ва умуман ҳаёт дар рӯи замин вуҷуд дошт ё на?

Мирзо Рустамзода,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube