Чаро журналистони ифтихорбохтаи радио – телевизион ва шабакаҳои бешумор дар гуфтору навиштаҳоятон ягон навигарӣ ҳамроҳ намекунед ва вожаҳҳои гӯшхароши кӯчиёнро сари мо ба зӯрӣ бор мекунед?
Ончунон арзон ва дилбазан вожаҳои бегона фаровон истифода менамоед, ки шахсан барои ман боиси нороҳатӣ ва хиёнат ба забони модарӣ аст.
Оё дарк карда метавонед, ки шумо бояд сарбозони вафодори фарҳангу торих ва сипари забони модарӣ дар ҳама набардҳо бо душманон бошед?
Бештар аз ҳар вақти дигар шеъру достонҳо аз хазинаи гуҳарбори гузаштагонон биомӯзед, то забони шахшудаю яхбастаатон буррову равон ва нишонрас гардад!
Журналистони бегонапараст, “Хабари оҷил”, “Хабари фаврӣ” не!
“Паёми таконбахш”, Паёми нав”, “Навиди тоза”,“Навиди таконбахш” бояд навишту гуфту шунуфт…
Ҷаъфари Ҷалол,
Ҳунарманд
