(Ба ифтихори 50-умин солгарди чемпиони ҷаҳон гардидани Саидмуъмин Раҳимов)
21 сентябри соли 2025 ба чемпиони ҷаҳон гардидани Саидмуъмин Раҳимов дар гӯштини самбо 50 сол пур мешавад. Ноил гардидан ба медали тиллои чемпионии ҷаҳон танҳо ба нерӯмандони аз ҳама зӯр, чусту чолок ва шерчангол муяссар мегардад.
Айёми кӯдакӣ ва наврасӣ
Саидмуъмин Раҳимов 15 июни соли 1946 дар деҳаи Ҳасанбеги мавзеи Ҷорубқули ноҳияи Темурмалики собиқ вилояти Кӯлоб, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Дар оила онҳо 9 нафар писар ва 1 нафар духтар ба воя расидаанд. Саидмуъмин фарзанди дуюми хонадон буда, баъди 6 соли тавлиди нахустфарзанди падару модар ба дунё омадааст. Ҳам падар ва ҳам модараш аз авлоди паҳлавонон маҳсуб меёфтанд. Аз ҷумла падар, амакҳо ва тағоҳои Саидмуъмин мардони гӯштингир буданд.
Саидмуъмин ва гӯштингирӣ
Саидмуъмин чун дигар ҳамсолони деҳотиаш гӯштини халқии гӯштингириро хеле ҳам дӯст медошт. Ниҳоят боқувват буд, бо дастони дарози пурқувваташ осон ва бо роҳати ба худаш хос халтаҳои ғалладонагӣ ва дигар борҳоро мекашонид, аз пайи чорводорӣ чандин километр қуллаҳои баланди кӯҳиро монда нашуда, тай менамуд.
Ҷои ҳунарнамоии ӯ аслан, майдонҳои гӯштингирӣ дар тӯйю хурсандиҳои мардумӣ, сари сол (наврӯзӣ) ва мусобиқаҳои сатҳи маҳал буд. Роҳи гӯштини хурд, Саидмуъминро оҳиста-оҳиста ба роҳи калонтар мебаровард. То соли 1964 ӯ ба ҳамсолони ҷорубқулии худ дастболоӣ дошт ва дар сатҳи ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик) ҳам, чун паҳлавони ҷавон дурахш дошт.
Соли 1965 роҳбарияти кишвар ноҳияи Советро ба ноҳияи Восеъ ҳамроҳ намуданд (то соли 1968)-у гӯштинҳои рӯзҳои 7 ноябр ва 1 май дигар на дар маркази ноҳияи Совет, балки дар маркази ноҳияи Восеъ баргузор мегардид. Ва яке аз лаҳзаҳои хотирмони ин давраинаи ҳаёти Саидмуъмин гӯштин гирифтани вай дар майдони калони гӯштингирӣ бо паҳлавони номдори кӯлобӣ Алӣ-паҳлавон Хонов дар таҷлили рӯзи ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр, санаи 7 ноябри соли 1965 дар маркази ноҳияи Восеъ буд.
Хизмат дар сафи Армия
Баъди чанд рӯзи ин гӯштингирӣ, моҳи ноябри соли 1965 Саидмуъмин Раҳимов ба сафи Армияи Советӣ, ба округи ҳарбии Закавказия даъват гардид ва 3 соли хизмати сарбозии сержант Саидмуъмин Раҳимов дар РАСС Нахҷувони Озарбойҷон, дар марз бо давлати Эрон гузашт.
Азбаски ҷавони қоматбаланд буду пойҳои бақувват дошт, ба ӯ тавсия доданд, ки ба намуди давидани варзиши сабук машғул шавад. Ин ҷавон дорои маҳорати баланд буду натиҷаҳои назаррасро нишон медод. Аз ҷумла, дар давидан ба масофаи 1000 метр натиҷаи рекордии дивизияро нишон дод. Ба вай мутахассисони ин соҳа ояндаи дурахшонро дар варзиши сабук пешгӯӣ менамуданд.
Иҷрои “ҳалуки искандарӣ” аз ҷониби шогирд
Саидмуъмин ҳам, асрори варзиши гуштингирӣ ва махсусан, усули “ҳалуки искандарӣ”-и устодашро ба хубӣ омӯхта, онро такмил дод. Искандаршоҳ Раҳматуллоеви дар машқҳо басе ҷиддӣ ҳар рукн, банду усул, ҳиллаю найранг, нафосату садоқат, санъату маҳорати гӯштини ниёгонро ба шогирдаш чун дар нусхаи асл, аз нигоҳи таҷриба меомӯзонид.
Вақте ки усули “ҳалуки искандарӣ”-ро аз Саидмуъмин имтиҳон кард, аз тарзи иҷрои ин усул аз ҷониби ӯ моту муттаҳийр гардида, ба ҳунари шогирдаш қоил шуд.
Саидмуъмин дар Душанбе
Соли 1971 дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи М. И. Калинин кушода шуд ва баъди 2 соли таҳсил дар Институти педагогии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Кӯлоб Саидмуъмин Раҳимовро ба ин даргоҳи олии варзиш тариқи гузариш ҷиҳати идомаи таҳсил гузарониданд. Дар ин ҷо вай ба зудӣ ба сексияи гӯштини самбои Ҷамъияти ихтиёрии варзишии “Динамо” пайваст гардид.
Мактаби самбои Исмат Абдуллоев
Тренери ҷавон, устоди варзиши СССР Исмат Абдуллоев дар он давра, дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе мактаби гӯштини самборо ташкил дода буд ва бо камоли қаноатмандӣ шогирди навашро ба он қабул намуда, ба машқ додани вай пардохт. Аслан, С. Раҳимовро шогирд гуфтан нашояд, чунки вай аллакай ба дараҷаи олӣ тамоми нозукиҳои гӯштини тоҷикиро зери роҳбарии Искандаршо Раҳматуллоев аз худ намуда буд. Ана ҳамин маҳорати Саидмуъмин диққати тренери нави ӯ Исмат Абдуллоевро бештар ба худ ҷалб намуд.
Дастовардҳои варзишии Саидмуъмин Раҳимов
Чемпиони СССР оид ба гӯштини самбо дар солҳои 1973, 1975
Чемпиони Спартакиадаи Vl-и халқҳои СССР оид ба гӯштини самбо дар соли 1975
Чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини самбо дар соли 1975
Чемпиони 3 каратаи бозиҳои спортии деҳоти СССР оид ба гӯштини самбо дар шаҳрҳои Горкий (соли 1972), Майкоп (соли 1973), Кишинёв (соли 1977)
Чемпиони Шӯрои марказии варзишгарони Ҷамъияти “Ҳосилот” (“Урожай”) дар шаҳри Саратов (соли 1972). Дар вохӯрии финалӣ Г. Саркисян (аз Арманистон)-ро мағлуб намуд.
Чемпиони Ҷамъияти ихтиёрии варзишии “Динамо”–и СССР дар шаҳри Лвов (соли 1972)
Устоди варзиши Тоҷикистон оид ба гӯштини самбо (соли 1971)
Устоди варзиши СССР оид ба гӯштини самбо (1972)
Устоди варзиши дараҷаи (класси) байналхалқӣ оид ба гӯштини самбо (соли 1973)
Устоди варзиши Тоҷикистон оид ба гӯштини дзю-до (соли 1974)
Ҳамчунин, Саидмуъмин Раҳимов оид ба гӯштинҳои миллӣ, самбо, тарзи озод, дзю-до (ҷудо) ва классикӣ (юнону римӣ) чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон мебошад.
Нафари дигаре, ғайр аз Саидмуъмин Раҳимов дар ин 5 намуди гӯштин то ҳол чемпиони Тоҷикистон нагардидааст!
Чемпионати СССР оид ба гӯштини самбо дар соли 1973
Чемпионат дар шаҳри Майкоп-пойтахти Республикаи автономии Адигейи кишвари Краснодари Федератсияи Россия аз 23 феврал то 4 марти соли 1973 баргузор гардид. Мусобиқа ба таври системаи даврӣ сурат гирифт. Саидмуъмин бо ному насаби Саид Раҳимов (“Ҳосилот”, Душанбе) дар вазни то 93 кг набард намуда, дар вохӯрии аввал мағлуб гардида бошад ҳам, 9 вохӯрии боқимондаро бурида, дар вохӯрии ҳалкунанда ба Валерий Глухов дастболо шуда, чемпиони СССР гардид. Медали нуқраро И. Қаюмов (“Динамо”, Куйбишев) ва медалҳои биринҷиро Г. Меленкин (“Труд”, Владимир) ва В. Глухов (“Урожай”, Новосибирск) ба даст оварданд.
Шикасти паҳлавони номӣ аз дасти Саидмуъмин
Паҳлавони номдори Иттифоқи Шуравӣ, ҷоизадори чемпионатҳои европоию умумииттифоқӣ В. Кардополов (СА, Минск) аз имкониятҳои доштааш паст баромад намуда, аз гирифтани ҷои ифтихорӣ дар ин мусобиқа маҳрум гашт.
Ӯро Саидмуъмин Раҳимов бо бартарии калон шикаст дод (ҳарчанд, ки доварон тарафгириаш ҳам намуданд) ва баъди ин, ӯ ба худ омада натавониста, аз дигар ҳарифони асосиаш низ мағлуб шуд.
Такрори дастоварди Азалшо Олимов
Бо ин пирӯзиаш Саидмуъмин Раҳимов баъди 18 сол дастоварди паҳлавони дигари номдори тоҷик Азалшо Олимовро такрор намуд, ки соли 1955 аввалин маротиба аз Тоҷикистон чемпиони СССР гардида буд.
Чемпионати СССР ва Спартакиадаи Vl-и халқҳои СССР оид ба гӯштини самбо дар соли 1975 Чемпионати СССР ва Спартакиадаи Vl-и халқҳои СССР (ҳарду дар якҷоягӣ) оид ба гӯштини самбо (соли 1975) дар пойтахти Гурҷистон-шаҳри Тбилиси аз 4 то 6 июли соли 1975 сурат гирифт. Мусобиқа ба таври системаи даврӣ баргузор шуд.
Саидмуъмин ин дафъа ҳам, бо ному насаби Саид Раҳимов (“Ҳосилот”, Тоҷикистон) дар вазни то 100 кг набард намуда, ҳамаи ҳарифонашро мағлуб намуд ва дар вохӯрии охирин ба соҳиби майдон Нодар Экатимишвили ғолиб омада, дубора чемпиони СССР ва ҳамзамон чемпиони Спартакиадаи Vl-и халқҳои СССР гардид.
Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини самбо дар соли 1975
Чемпионати lll-и ҷаҳон оид ба гӯштини самбо аз 11 то 21 сентябри соли 1975 дар шаҳри Минск-пойтахти Белоруссия бо иштироки паҳлавонон аз 13 давлати дунё баргузор гардид.
Чемпионати ҷаҳон ба таври гурӯҳӣ баргузор шуд. Саидмуъмин ин дафъа ҳам, бо ному насаби Саид Раҳимов (СССР) дар вазни то 100 кг набард намуд.
Ғалабаи душвор бар Хорлогийн Баянмунх
То баромадан ба вохӯрии нимфиналӣ Саидмуъмин 2 қувваозмоии хеле ҳам душвор (рӯзи 20 сентябр) гузаронид. Натиҷаи қуръакашӣ ҳамин шуд, ки вай дар вохӯрии аввал бо паҳлавони номдор, чемпиони ҷаҳони гӯштини самбо (соли 1974) ва чемпиони ҷаҳони гӯштини тарзи озод (соли 1975), устоди хизматнишондодаи СССР Хорлогийн Баянмунх (Муғулистон), ки ҳамагӣ 2 рӯз пештар (18 сентябри соли 1975) дар ҳамин шаҳри Минск чемпиони ҷаҳони гӯштини тарзи озод шуда буд, ҳарб намуд.
Саидмуъмин Раҳимов набардро баръало мебохт-қувва бар зидди қувва баромада буд. Вале, аз афташ чемпиони ҷаҳон пешакӣ тамоми захираи энергия (қувва)-и худро сарф намуд. Чунки дар дақиқаҳои охирини вохӯрӣ (набардҳои пешакӣ бе танаффус 6 дақиқа идома меёфт) Саид (дар протоколи вохӯрӣ номи Саидмуъминро ҳамин тарз навишта буданд) на танҳо ҳисобро аз рӯи холҳо баробар кард, балки бо натиҷаи ду хол ё худ балл (“балл”-истилоҳи гӯштини самбо) пеш баромада, ғалаба кард.
Пирӯзӣ ба Иван Докторов
Дар вохӯрии дуюм низ бо радиотехник (касбаш ҳамин буд) Иван Докторов (Булғористон, дорандаи медали биринҷии чемпионати Европа дар гӯштини самбо) Саидмуъмин Раҳимов сараввал бартарӣ надошта, худро шояд аз ҳаяҷони зиёд гум карда буд. Иван Докторов аз рӯи натиҷаи холҳо ба сафи пеш баромад. Ва боз ҳам Саидмуъмин дар дақиқаҳои охири набард ғалабаи соф ба даст оварда, ҳарифашро аз рӯи усули нигоҳ доштан ба тахтапушт (“удержание”-истилоҳи гӯштини самбо) давоми 20 сония, мағлуб намуд.
Зафар дар вохӯрии нимфиналӣ: америкоӣ таслим шуд
Санаи 21 сентябр низ, паҳлавони тоҷик 2 вохӯрӣ гузаронид. Саидмуъмин Раҳимов дар вохӯрии нимниҳоӣ бо яке аз паҳлавонони беҳтарини ҷаҳон омӯзгор (касби ин варзишгар ҳамин буд) Россел Уайнер (ШМА) маҳорати хуб нишон дода, вайро бо усули ба худ хос мағлуб намуд.
Баъди ин набард ба тамоми мутахассисони соҳаи гӯштини самбо маълум гардид, ки Саидмуъмин Раҳимов чемпиони ҷаҳон мешавад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Саидмуъмин дар қувваозмоии охирин, зарфи 28 сонияи ибтидои вохӯрӣ ҳарифаш Т. Фудзиҳара (Япония)-ро бо усули латдиҳӣ ё худ дарддиҳӣ (“болевой”-истилоҳи гӯштини самбо) мағлуб намуда, бори аввал дар таърихи гӯштини самбо аз Тоҷикистон чемпиони ҷаҳон шуд!
Анҷоми чемпионати ҷаҳони соли 1975
Саидмуъмин Раҳимов (СССР) чемпиони ҷаҳон гардида, медали тиллои чемпионатро ба гардан овехт. Хорлогийн Баянмунх (Муғулистон) баъди мағлубият аз Саидмуъмин Раҳимов вохӯриҳои боқимондаашро ба нафъи худ анҷом дода, медали нуқраи чемпионатро ба даст овард. Россел Уайнер (ШМА) бошад, соҳиби медали биринҷии чемпионати ҷаҳон гардид.
Фаъолияти кории Саидмуъмин Раҳимов
Аз соли 1971 то соли 1980 дар гӯштини самбо баромад намудааст.
Аз соли 1974 баъди хатми ДДТҶТ то соли 1981 тренери калони Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии варзишии “Ҳосилот” буд.
Аз соли 1981 то соли 1995 дар вазифаҳои директори мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, сартренери мактаби варзишии республикавии маҳорати олӣ оид ба гӯштини самбо, сартренери дастаи яккачини Тоҷикистон оид ба гӯштини самбо ва дигар вазифаҳои масъули муассисаҳои варзишӣ фаъолият намуд.
Хидматҳои беназири Саидмуъмин Раҳимовро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 ӯро ба вазифаи пурмасъули раиси кумитаи тарбияи ҷисмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд, ки дар ин вазифа то соли 2004 фаъолият кард.
Соли 1986 факултети иқтисодии УДТ ба номи В. И. Ленин (шӯъбаи ғоибона)- ро хатм намудааст.
Аз соли 2004 то соли 2008 раиси федератсияи гӯштини дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Қадршиносӣ
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, таҳти №438 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов гузошта шуд, ки ҷаҳонпаҳлавон онро соли 1974 хатм намуда буд.
Соли 2012 дар даромадгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон нимпайкараи биринҷии Саидмуъмин Раҳимов гузошта шуд.
Соли 2015 бо қарори раиси ноҳияи Темурмалик дар маркази деҳоти Ҷорубқули ноҳияи Темурмалик нимпайкараи Саидмуъмин Раҳимов гузошта шуд.
Соли 1980 дар ноҳияи Восеъ варзишгоҳ ба исми Саидмуъмин Раҳимов бунёд ёфтааст.
Бо медали “Барои хизмати шоён” ва ордени “Шараф” мукофотонида шудааст.
Бо мукофоти давлатии Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 2001), унвонҳои Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон (соли 2008) ва Тренери шоистаи Тоҷикистон (соли 1985) қадрдонӣ карда шудааст.
Соли 2024 бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳае, ки Саидмуъмин Раҳимов дар он ба воя расидааст, ба ифтихори ӯ Саидмуминобод (дар мавзеи Ҷорубқули ноҳияи Темурмалик) номгузорӣ шудааст.
Ҷалолиддин Сафарзод,
н. Темурмалик,
махсус барои СССР
Тел: 919 81 54 84
