Сафари ҳайати эҷоди газетаи мардуми СССР ба шаҳри Кӯлоб ғайричашмдошт сурат гирифт. Сабабгори он ҳам акаи А. Собир, суратгир – наворбардори СССР гашт, ки дар ҳар маҷлиси редаксионӣ, ки пас аз нашри шумора баргузор мегардад, ҳамеша пешниҳоди мухталиф дорад. Ӯ, ки зодаи шаҳри Кӯлоб асту ба қавли худаш «хуни кӯлобиаш ҳамеша дар ҷӯш», ин маротиб даъват кард, ки чаро ба шаҳри Кӯлоб намеравем? Мо ҳам бе ягон фикру хаёл гуфтем «Чаро наравем, меравем!» ва рафтем.
Ба Кӯлоб…
03.07.2025. Соат бо вақти Душанбе 06:00 дақиқа. Тибқи маслиҳати пешакӣ бо акаи А.Собир дидорро дар дарвозаи ғарбии пойтахт қарор гузоштем. Нархи роҳкиро аз Душанбе то Кӯлобро ронандаҳо аз 70 сомонӣ кам намекунанд, дар интизори мошини «по пути» бошад вақт зиёд меравад. Аз ин лиҳоз савдо накарда, ба нахустин мошин нишастему соати 06:20 дақиқа ба роҳ баромадем.
Ронанда, ки худ кӯлобӣ буд, суруди «Кӯлоби ман», ки онро чанд сол пеш бахшида ба ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб 2 сарояндаи маҳбуби тоҷик Шабнами Сурайё ва Парвина Шукруллоева сароида буданд, ба қавле пайваста тоб медод ва он дар зеҳни ман то охири рӯз чарх мезад. Аз пеши назарам ҳамеша Сурайёбонуи нозанин, ки бо духтаронаш бренди зиндаи Кӯлобанд, мегузашт ва ман ҳам баробари Шабнам замзамаи ин сурудро мекардам.
Хуш омадед!
03.07.2025. Соат бо вақти Кӯлоб 09:00 дақиқа. Дар назди дарвозаи Кӯлобшаҳр пиёда шуда, сӯи муҷасаммаи Модар қадам задем. Корманди бахши ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳр, ки болои мошини обкашон рост истода буд, моро «Хуш омадед, меҳмонҳои азиз ба Кӯлоби мо!»- гӯён хушомадед кард, ки бароямон ногаҳонӣ ва хеле ҳам хушоянд шуд ва албатта ин боиси фахри акаи А.Собир ҳам гашт.
Пас аз зиёрати муҷассамаи Модар ба сайри шаҳри Кӯлоб баромадем. Чун мақсади мо ошноӣ бо корҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб буд, мо ҳам асосан ба бунёду азнавсозии иншооти нав таваҷҷуҳ кардем.
494 иншооти ҷашнӣ
Тавре ба мухбири СССР дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, шумораи иншооти ҷашнӣ 494 ададро ташкил намуда, то ба имрӯз 348 иншоот, ки 71%-и нақшаро ташкил медиҳад, тайёр ва мавриди истифодабарии сокинону меҳмонони Кӯлобшаҳр қарор доранд.
– Аз ин теъдод 86 адад иншоот ба соҳаи маориф, 51 адад ба соҳаи тандурустӣ, 42 адад ба соҳаи саноат, 19 адад ба соҳаи варзиш, 42 адад ба соҳаи савдо, 51 адад ба бахши хизматрасонӣ, 11 адад ба соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, 9 адад ба соҳаи энергетика, 16 адад ба соҳаи кишоварзӣ, 5 адад ба соҳаи фарҳанг, 10 адад ба бахши соҳилмустаҳкамкунӣ дахл дошта, 13 дона иншоот ба соҳаҳои мухталиф вобастаанд.
Айни замон дар шаҳр сохтмони 38 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ бо маром идома дорад, – таъкид дошт дар суҳбат Исроил Қонунов, мудири шуъбаи сохтмон ва меъмории МИҲД ш. Кӯлоб.
Воқеан ҳам мо дидем, ки шумораи биноҳои баландошёна дар шаҳр ба маротиб афзуда, ширкатҳои сохтмонии ватанӣ, аз ҷумла ширкати «Шаҳриёр» ба бунёди силсилабиноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки аз 12 то 17 ошёна иборатанд, шуруъ кардааст.
Роҳсозӣ – амали нек
Дар тамомии ҷамоату деҳоти шаҳри Кӯлоб боз 1 кори нек – роҳсозиву роҳкушоӣ ба маром идома дорад. Алалхусус, дар ҷамоати деҳоти Даҳана новобаста аз рӯзҳои гарми тоқатфарсо мардуми деҳаҳои Гулрезу Хонаобод ба ҳашар баромада, кӯчаҳои асосиро мумфарш ва обод месозанд.
Тавре дар суҳбат Фарҳод Назирзода, раиси Ҷамоати деҳоти Даҳана афзуд, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкорон ва худи сокинони деҳа 25 км роҳи деҳаҳои Гулзор ва Хонаобод мумфарш гардида, ҷӯйборҳо низ бетонпӯш мешаванд.
– Ҳамаи ин корҳо бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба сомон расида, ба кӯмаки мардум низ эҳтиром гузошта мешавад. Муҳимтар аз ин маҳз ҳамин ободкорӣ аст, ки сокинонро сарҷамъ намудааст, – иброз дошт Фарҳод Назирзода.
Шаҳри озодагон
Шаҳри Кӯлобро дар ҳақиқат тозаву озода дарёфтем. Кӯчаҳо тозаву обзадагӣ, гулу гулзор шукуфон, истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ ва пулҳои нав бунёд меёбанд. Шаҳрдори Кӯлоб Бахтиёр Назарзода низ пайваста ба сокинон муроҷиат намуда, тақозо менамояд, ки шаҳри кӯҳанбунёдро тозаву тамиз нигоҳ доранд, зеро он дар маркази шоҳроҳи байналмилалӣ ҷойгир буда, на танҳо минтақаҳо, балки давлатҳоро ба ҳам мепайвандад.
Ҷамила Ҳусейнова,
СССР,
А. Собир,
суратгир – наворбардор
Душанбе – Кӯлоб – Душанбе
