(Тезисҳо аз сухангӯии Сайёфи Мизроб-сардабири ҳафтаномаи мардумии СССР дар Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо”, дар мавзуъи “Худшиносии муосири миллӣ…”, ки рӯзи 13.06.2013, соати 16:00 дар Маҷмааи Пойтахт баргузор гардид.)
Хотиррас мешавем, ки сӯҳбат тӯлонӣ буд ва муҳимтарин нуктаҳои онро дар шакли фишурда пешкаши хонандаи гиромӣ ва узви Ихвон ал СССР мекунем…
Чаро мо ба ин мавзуъ рӯ овардем?
Аз муаллиф: Имрӯз соате расидааст, ки мо аз худшиносии солҳои тӯлонӣ талқингардидаву ташвиқу тарғиб ва ташаккулёфтаи МИЛЛАТ фосила ҳам нагирем агар, дуртар равем ва ба худу дигарон аз болотар назар кунем. Мо бояд 1 ҳақиқати кӯчак, вале хеле муҳимро дарк кунем: Чаро дар тӯли 100 соли ахир мо аз 1 миллати хеле Бузург ба миллати ҳам аз ҷиҳати ҳаҷм, ҳам теъдод кӯчак ва дар мавриди иттиҳоду иттифоқ заъфпазир мубаддал гардидему қавму халқиятҳои парокандаву кӯчак муттаҳиду бузургу сернуфус шудаву мешаванд?
Имрӯз шонси таърихӣ ва шояд ахирин моро даст додааст, ки дар фикри Худшиносии муосири миллӣ бошем ва агар онро дастгоҳи идеологии Давлат нодида гузарад, хатари бузурге сари ин миллат овезон мемонад.
Худшиносии муосири миллӣ ва ҷаҳони муосир
Ба пиндори сирф инфиродии ман имрӯз БОЯД ба худшиносии миллӣ назари тоза андозем. Бародаре ҳам қаблан, ки ман ин ҷо меомадам, гуфт, номи мавзуъи пайгирифтаи мо «Худшиносии муосири миллӣ хатост» ва бояд тахминан чунин бошад: «Худшиносии миллӣ дар ҷаҳони муосир». Аммо мо бар назарем, ки худшиносӣ худаш бояд муосир бошад, то муассиртар гардад, дар ташаккули миллат…
Чаро худшиносии мо бояд муосир гардад? Зеро мутаассуф, имрӯз ҷои фаррохтар гардонидани фаҳмиши миллат мо сӯи самте пай гирифтаем, ки натанҳо Тоҷиконро пароканда кардан дорад, ки мутаассуф, тафаккури миллиро аз ҳисоби ранҷонидану ҳадафмандона дур кардани намояндагони дигар қавму миллатҳо ба Тоҷикият холитар месозад. Бовар кунед, 1 ҳақиқати талхест, ки онро бигӯем:
-Имрӯз, дар Маскав Тоҷикони муваффақ худро афғону эронӣ мехонанд. Зеро ҳарос доранд, ки Тоҷик будан ба имиҷи бизнеси ишон таъсири манфӣ мерасонад ва мутаассуф ҳамингуна ҳам ҳаст. Ҳатто мардикоронамон ба худ имиҷи «а ля кавказец» гирифтаву бо кулоҳҳои чеченӣ мегарданд. Ва акнун бубинед, ки дар ана ҳамин давру замон афродеро, ки сидқан худро Тоҷик мешуморанд, ҷамъияти мо аз худ дур месозад. Яъне мо намехоҳем, ки Миллати мо аз ҳисоби дигар қавму халқиятҳо тавсеъа ёбад. Мо Миллатро догма кардаем! Чизе, ки дар ягон қавму миллату дигар мушоҳида нашудааст…
Тоҷики асил яъне чӣ?
Раванди номатлуби «Тоҷики асил» ҷустанҳо миллатро варшикаста кардааст!
Имрӯз дигар қавму қабоил миллатҳоро тариқи зӯр ассимилятсия карда мегиранду мо бошем аз худ дур мекунем. Масалан, фалонӣ ӯзбеку бисмадонӣ татору турк ва ғ. Ҳамин ҳоло ки ин ҷо меомадам, Ҷамшед Улмасов-бародари гиромии ман ва журналисти қавии русзабони Тоҷик, ки намедонист, имрӯз ман дар ҳамин мавзуъ баромад дорам, пешам шиква кард, ки «ако ин чӣ гап? Овоза кардаанд, ки ман Тоҷик не, ӯзбек…». Магар чунинҳо каманд? Магар Тимур Зулфиқоров камтар Тоҷик аст аз мо-Тоҷикони асил??? Воқеан ҳам Тимур-ако имрӯз ягона нафари саршиносест, ки аз минбарҳои бузургтарини Русия сухан кардаву худро Тоҷик мешуморад. Ӯ ҳатто барои ширкат дар сабқати Ҷоизаи Нобелӣ худро ҳамчун Тоҷик муаррифӣ кард, на русу табааи Русия!!! Аммо дар дохили кишвар даҳҳо, садҳо нафар адибу олимеро мешиносам, ки кафк бар лаб «Тоҷикияти устод»-ро бо ин «иттиҳом», ки ӯ «Тоҷики асил» нест, радд мекунанд. Шахсан барои ман Тимур Қосимович Тоҷики беҳтар аз садҳо ҳазор ба истилоҳ «Тоҷики асилест», ки барои фарҳанги миллат ва муаррифии он хасеро рӯи хасе нагузоштаанд!
Воқеан ҳам Юсуфҷон Набиев-журналисти дигари русзабони Тоҷик дирӯз мегуфт, ки Шербакова гуфтанӣ хонуми русзабони Тоҷик ҳафтаи гузашта дар Госдепи ИМА ба масал даб-далаи амрикоиҳоро баровардаву манофеъи кишвараш-Тоҷикистонро пуштибонӣ кард…Пас, ин хонум кист? Руси асил ё Тоҷики асил?…
Ман дар бораи хонуми дигари рустабори муқими Тоҷикистон-Олга Тутубалина низ айни ҳамин иддаоро аз забони Сафват Бурҳонов шунидаам, ки 2 сол қабл ҳамроҳ ба Амрико сафар доштанд. Пас, Тутубалинаҳову Шербаковаҳо тоҷиктаранд, ки манфиатҳои давлаташонро пуштибонӣ мекунанд ва ё «Тоҷикони асиле», ки дар ҳар сафару хидматӣ ба хориҷа имиҷи давлату миллатро мерезонанд?
Аслан ҳамин ибораи «Тоҷики асил» чист, ман намефаҳмам…Алишер Усманов, Роман Абрамович…русанд ё ӯзбеку яҳудӣ?…Ҷое, аз тариқи расонаи русие шунидаем, ки ишонро намояндаи миллати ӯзбеку яҳуд муаррифӣ карда бошанд? Бештар «бизнесмени рус» ва ё «алигархи рус» мегӯянд. Зеро дар кишварҳое, ки Давлати Бузург ва Миллати тавоно сохтанианд, бархурди «асилзодагии миллӣ» намондааст. Ҳаст асилзодагон, ё худ элитаи ҷамъият, аммо миллати асил…нест!
Яҳудони Бухоро-такягоҳи фарҳанги Тоҷикӣ
Умуман агар баҳс сари Тоҷикият ва фарҳанги Тоҷикӣ равад, оё мо фаромӯш кардаем, ки фарҳанги Тоҷикиву мактабҳои Тоҷикиро дар Бухоро танҳо яҳудони бухороӣ дар овони шӯравӣ, ҳифз доштаанд?! Ин дар ҳоле буд, ки (маъзарат аммо) худи Тоҷикон аз макотиби миллӣ рӯ тофтаву дартоз сӯи дабистонҳои туркӣ мерафтанд…
Имрӯз дар Амрико низ фарҳанги миллии моро яҳудони Бухорову Душанбе пос медоранд. Инҳо маҳфилҳои адабиву фарҳангии Тоҷикӣ доранд ва ба базму нишастҳояшон сар аз Амрико то Аврупову Исроил Ҷӯрабек Муродову Афзалшоҳ Шодиевро мебаранд. Акнун 1 Тоҷики асилро гӯед, ки дар Амрико бо тоҷикияташ бештар аз яҳудиёни душанбеву бухоро муфаххар буда бошад? Пас, Тоҷиктар кист, ҳамин яҳудиҳое, ки фахри Тоҷикӣ доранд ва «Тоҷики асиле», ки манофеъи миллаташро ҳифз намекунад?
Тоҷики ғаййур ва баномус
Ба пиндори ман имрӯз соате фаро расидааст, ки арзишҳои фарҳанги ҷавонмардӣ барои миллат бори дигар омӯзонида шаванд, то мо миллати заъифпиндор ва забтшаванда нагардем. Чунин бархӯрд ба мафкураи миллӣ, албатта, дахолати қавии машинаи идеологиро талаб мекунад.
Тоҷики асил кист?
Умуман дар олам оё вожае бо ҳамин истилоҳ, ба гунаи мисол ӯзбеки асил, қирғизи асил, руси асил, англиси асил, франсузи асил ва ё амрикоии асил вуҷуд дорад?
Дар хусуси амрикоӣ чизе намегӯем. Зеро ҳар нафар аз нишастагон медонанд, ки дар ин кишвари бузург чунин мафҳумоти асилу ноасл аслан нест. Ва воқеан ҳам бояд зикр кард, ки адами «аслу ноасл» ва ягонагии миллати амрикоӣ ин Давлатро Бузург кард!
Биёед, барои мисол, сари Фаронса сӯҳбат кунем. Дар Фаронса низ ҳама фаронсавиянд. Дур намеравем, мунтахаби Фаронса оид ба футболро гиред. Он ҷо аслан арабу африқоиҳо мебозанд, вале ҳама ФАРОНСАВИЯНД! Армияи ин давлати пешрафта низ кайҳо бо сарбозони ҳар пусту рангу бару паҳнои чашм пур аст. Вале мо то ҳанӯз Тоҷики асил меҷӯем…
Фикр мекунам, бас аст Тоҷики асилҷӯӣ. Тоҷик бояд ҳамон нафаре бошад, ки худро андешамандона ва бо фахр Тоҷик мегӯяд ва мешносад.
Миллати нав таваллуд мешавад!
Дар замони муосир марзҳо дигар вуҷуд надоранд. Зеро дилхоҳ марзи мустаҳкамтаринро низ ба тарзи виртуалӣ озод метавон убур кард. Интернет-даъвати нав ба худшиносии муосири миллӣ шудааст. Дигар мо наметавонем гӯем, ки Миллат дар марзҳои муайян ва маҳдудаҳои давлатӣ метавонад ба сар барад…
Интернет воқеан ҳам даъвати ҷадид барои худшиносии миллист. Мутаассифам, бузургони фарҳангу адаби мо, ки пиру солманд шудаанд, бо ин раванд сару коре надоранд. Зеро ишон дар олами виртуалӣ ҳаргиз фаол нестанд ва фикр мекунанд, ин 1 раванди нолозим ва муваққатист. Бо камоли масъулият мегӯям, ки хато мекунанд! Интернет кайҳо аз марзи тахаййул бадар шудаву ҳақиқати воқеии зиндагонии аксарияти кулли андешамандони олам шудааст. Ин раванд дар миёни ҷавонону наврасон ва ҳатто хурдсолони мо ба ҳадде маъруф аст, ки дигар ҳатто ҷои Радиову ТВ-ро гирифтааст. Имрӯз, миллатҳои бузург ва қавӣ тавассути Интернет миллати хешро қавитар месозанд. Вале миллату қавмҳои заъиф шикастпазиртар мегарданд. Барои мисол дур намеравем. 1 Фейсбук барои ақвоми араб чиҳо кард, мо фаромӯш накардаем.
Мутаассуф, сайтҳои интернетӣ, саҳифаҳои иҷтимоӣ дар мо низ, усулан зидди миллатанд, ки миллатсоз буда бошанд ва дар онҳо бештар нотаҳои маҳал дар навоанд, ки симфонияи миллат навохта шавад!
