Қурби доллар дар Тоҷикистон паст шуд

Қурби расмии асъори хориҷӣ аз моҳи апрели соли ҷорӣ пасттар шуда, то моҳҳои май, июн ва июл идома ёфт. Чун ҳарвақта аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурби расмии долари ИМА муқаррар карда мешавад. Рӯзҳои 2, 3, 4, 7-июл қурби хариду фурӯши доллар дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ чунин муқаррар шуда буд:

3-июл Бонки тиҷоратии ғайридавлатӣ «Эсхата» 100 долари ИМА- 961 сомонӣ

3-июл Бонки миллии «IBT» 100 долари ИМА- 970 сомонӣ

2-июл Бонки миллии «IBT» 100 долари ИМА-975 сомонӣ

4- июл Бонки ҶСК «Ориёнбонк» 100 долари ИМА- 965 сомонӣ

4-июл «Саноатсодиротбонк» 100 долари ИМА-960сомонӣ

4-июл Бонки» Спитаменбонк» – 955 сомонӣ

7 июл бонки миллии «IBT « 100 доллари ИМА- 960 сомонӣ…

Ин дар ҳолест, ки қаблан қурби доллар чунин буд:

1 апрел 1 доллари ИМА 10,9042 сомонӣ,

2-апрел 10,9098 сомонӣ,

1-май 10,5515 сомонӣ,

2-май 10,4419 сомонӣ,

20-уми май 10,3258 сомонӣ,

2-юми июн 9,9393 сомонӣ, 

24-июн 9,9000 сомонӣ, 

1-июл 9,8534 сомонӣ, 

2-юми июл 9,8603 сомониро ташкил медод…

Яъне дар 4 моҳи ахир қурби доллар дар нисбат ба сомонӣ 1,0439 сомонӣ коҳиш ёфт ва ин охири кор нест. Зеро қурби доллар пасттар мегардаду сомонӣ бақуваттар мешавад!

Қурби расмии БМТ қурби хариду фурӯш набуда, Бонки Миллии Тоҷикистон ва бонкҳои ваколатдор ӯҳдадор нестанд бо ин қурб асъори хориҷиро бихаранд ё фурӯшанд. Ҳамзамон, тибқи талаботи дастурамали 251 «Дар бораи соҳаи истифода, тартиби муомилоти асъори хориҷӣ, тартиб ва қоидаҳои додан ва бозхонд намудани иҷозатнома барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бонкҳои ваколатдор қурби амалиётҳои мубодилавии худро бо назардошти вазъи бозори дохилии асъор, талабот ва пешниҳод ба асъори хориҷӣ ва дархости расмии муштариёнаш мустақилона муқаррар менамоянд.

 Сомонӣ бақувват мешавад!

Коршиносони соҳа мегӯянд, дар натиҷаи тадриҷан ба рубл гузаштани савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Россия, баъди оғози даргириҳои мусаллаҳона байни Россия ва Украина, қурби асъори хориҷӣ тағйир ёфт. Қобили зикр аст, ки Россия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, дар соли 2024 беш аз 22% савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба ин кишвар рост меомад. Ҳудуди 95,2% аз ҳаҷми савдои дуҷонибаро воридоти молу маҳсулоти аз Россия ба Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Тамоюли устуворшавии қурби пули миллӣ – сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, хусусан ба доллари ИМА дар соли ҷорӣ асосан дар моҳи апрел ба вуқуъ омада, дар моҳҳои май-июн идома ёфт. Тағйирёбии қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз як қатор омилҳои берунӣ ва дохилӣ вобаста аст.

Ба омилҳои берунӣ ҳаҷми воридоти асъор аз хориҷа ба ҷумҳурӣ, ҳодисаҳои геосиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ, тағйирот дар сиёсати бонкҳои марказии кишварҳои абарқудрат ва инчунин тағйирёбии қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА дохил мешаванд.

Омилҳои дохилӣ бошанд аз тамоюли тағйирёбии талабот ба асъор дар бозори дохилӣ ва раванди таъмин намудани талаботи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо асъор аз ҷониби низоми бонкӣ иборат мебошанд.

Хулоса, бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, зиёда аз 90% гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Русия дар соли 2024 бо истифода аз рубл сурат гирифтааст.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 17 март аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав изҳор дошта буд, ки кишварҳо амалан аз истифодаи асъори хориҷӣ дар ҳисоббаробариҳои мутақобила даст кашида, ҳиссаи рубл дар муомилоти дуҷониба ба зиёда аз 97% расид. Дар зимн ҷониби Россия низ бо Тоҷикистон метавонад бо сомонӣ додугирифт дошта бошад.

Маҳина Орзуева,

ш. Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube