Ҷавонон баҳри дарёфти қутти лоямут ва зиндагии сазовор бештар ба хориҷ ба миграсия мераванд. Ҳодисаҳои рӯзҳои охир байни Руссия ва Озарбойҷон бозгӯи он аст, ки ҳеҷ давлат ба ҷузъ Ватани хеш хонаи умед шуда наметавонад. Имрӯз Тоҷикистон бо 186 кишвар алоқаи дипломати дошта, 192 давлат Истиқлолияти моро эътироф кардааст.
Дар гузаштаи начандон дур дар деҳаи мо 5 – 6 нафар ронандаю тракторчӣ буду халос. Деҳа ҳам хурд буд. Ҳоло деҳа калон гашта, хонае нест, ки 2 – 3 техника набошад ва сокинони деҳа онро истифода набаранд.
Имрӯз ҷавонони деҳа дар тамоми дунё чӣ Амрикову Европа ва дигарон кор ва зиндагӣ карда истодаанд.
Вазифаи доғи рӯз имрӯз он аст, ки ҷавонон бояд забони хориҷиро омӯзанд. Ба ин пеш аз ҳама бояд вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва ҳукмат мусоидат намояд.
Мо боварии комил дорем, ки ба ҷавонон забониҳои хориҷӣ, махсусан забони англисӣ ва касбҳои бозгӯи талаботи замон ба камол расонда шавад, ҳамаи дарҳо ба рӯи эшон кушода хоҳад шуд.
Ҷ. Яҳёев,
н. Деваштич
