Тоҷик диловару шамшерзан буд, на тарсу!

07.07.2025. Соат ба вақти Душанбе 17:28 дақиқа. Ба дасти мо, зи дасти 1 дӯсти фарҳангиву миллие, санади аҷибулғароибе афтод. Ин рӯйхати навкарони қарини Амир Олимхон, ба забони имрӯза “личная охрана” ё “спетсназ”-и амирони Бухорост. Борҳо шунидаву ҳатто дар романи таърихии “Эшон-Бала” навишта ҳам будам, ки ҷондорони амири охирини Бухоро тоҷикони кӯҳманзари Бухорои Шарқӣ, ба вежа раъияти тобеи бекигарии Балҷувону Кӯлоб буданд. Имрӯз далели бисёр муътамаде дарёфт шуд, ки ун гуфтаҳои моро тақвият мебахшад.

Ин ҷо сухан дигар сари ҳувият ва миллати амири манғит намеравад. Ҳарчанд таври маълум модари Олимхон аз бонувони Файзободи Тоҷикистони имрӯза будааст ва ин иддаоро духтари Амир дар суҳбате бо Зиннатулло Исмоил, раиси кунунии ИЖТ иброз доштаву дар СССР нашр ҳам карда буд. Ҳоло суҳбат сари афсарони баландрутба, бо унвонҳои туркиву муғулӣ (ҳамин хел буд дигар) ва русиву тоҷикӣ меравад (ясовул-русии казакӣ ва баҳодур-тоҷикии тоза).

Аскарони амирии вилояти Кӯлоб дар дарбори Олимхон

Дар рӯйхат насаб ва унвони ҳарбии 224 нафар амалдор омадааст. Аз ин ҳуҷҷат бармеояд, ки амирони Бухоро бештар аз мардуми шаҳрнишини Самарқанду Бухоро ва турку муғулу манғити ҳамтабори хеш, такя бар халқи кӯҳистони қаламрави тоҷиктабори худ доштаанд. Зеро табъану зотан куҳистониён хиёнаткор намешаванд ва бар савганди додаашон содиқуссиддиқ мемонанд.

Дар акси №1, ки бо ҳуруфи ниёкон асту рӯяш (шояд амир худаш) имзо гузоштааст, феҳристи кӯлобиёни ҷанговар омадааст. Боз ягон хонандаи сабуксар фикр накунад, ки мо “маҳалгароӣ” кардаву Кӯлоб менависем. Дар амри амир инҳо сарбозону амалдорони Кӯлоб, Сайёд ва Муъминобод омадаанд: ҳар 3 мавзеъ дар вилояти Хатлони имрӯза ҷойгиранд.

Инак рӯйхатро ба тоҷикӣ баргардон мекунем. Пешопеш сипос ба доктор Башир Азизӣ, шаҳрванди Голландия, дӯсти газетаи СССР, ки ин навиштаи тақрибан 125 сол пешинаро, ки бо дасти кадом низомии бадхате нигошта шудааст, ба мо баргардони расмулхатти сирилик намуд. Мо Метавонем!

Амали амалдорони навкарони Кӯлоб

Ду нафар Оқобошӣ

Ду нафар Туқсоба

Ёздаҳ нафар Мирохур

Чордаҳ нафар Қаровулбегӣ

Хаштод нафар … (хонда нашуд ва агар нафаре аз акс онро хондаву ба мо нависад, шод мешудем)

Чор нафар Мирзобошӣ

Сивупанҷ нафар Манкибошӣ

Яксаду чилу нуҳ нафар Илҳон (???)

Ҷамъ дусаду бисту чаҳор нафар…

(Дар асл ин ҷо 297 нафар мешавад, ки шояд хатои техникии котиби низомӣ бошад-ред.)

Воқеан ҳам ин ҳама унвону рутбаи низомист, ки агар мо ҷое ғалат баргардон намудем, шояд таърихнигорон, ки ба даврони амирӣ сару кор доранд, онро комилу мушаххас месозанд, ки мо миннатпазир мешудем. Мо Метавонем!

Ному насаби низомиён

Арбоб Қурбон, Арбоб Назар, Арбоб Саъдулло, Арбоб Зарвон, Халифа … (хонда нашуд), Халифа Ясовул, Каё Ясовул, Салим Баҳодур, Юсуф Баҳодур, Шариф Баҳодур, Юсуф Баҳодур (Баҳодур инҷо шояд ба сифати рутбаи низомист), Одина Ясовул, Давлат … (хонда нашуд)…

Ҷамоаи Муъминобод:

Зикриёхоҷаи Туқсоба, Шариф Қаровулбегӣ, Сафар Қаровулбегӣ, Юсуф Қаровулбегӣ, Одина Ҳисоҷӣ, Давлат Ҳисоҷӣ, Яъқуб Манкибошӣ (мункибошӣ-?), Абдурраҳмонхоҷа Манкибошӣ, Назар Манкибошӣ, Мулломирзо Манкибошӣ, Нуралӣ Манкибошӣ, Мирзораҳим Ясовул, Абдуррасул Ясовул, Шералӣ Ясовул, Муҳаммадшариф Ясовул, Шариф Ясовули дигар, Бобо Ясовул, Раҳим Ясовул, Худойназар Ясовул, Мирзо Баҳодур, Одина Ясовул, Муллошафиъ Ясовул, Шариф Ясовул.

Ҷамоаи Сайёдӣ

Соҳибназар Мирохур, Муллосамад Қаровулбегӣ, Одина Қаровулбегӣ, Бегмуҳаммад Ҳисоҷӣ, Оймуҳаммад Ҳисоҷӣ, Муллохудодойдор Манкибошӣ,  … Манкибошӣ, Муллоюлдош Манкибошӣ, Муллоиброҳим Манкибошӣ, Ҳайит Манкибошӣ, Муллоусмон Манкибошӣ, Арбоб Турдӣ, Худойбердӣ Ясовул, Худоёр Ясовул, Ошур Ясовул, Ҳайит Ясовул, Муҳаммадраҷаб Ясовул.

Охирсухан

Дар ин феҳрист албатта, номи ҳама он 224 (297) тан низомии ҷаррор нест. Дар рӯйхати баргардони мо ҳамагӣ 57 нафар аст. Вале ин 1 далели хуби таърихист, ки Тоҷикон ҳамеша ва дар ҳама давру замон ва дар дарбори ҳама амирону шоҳон чун афроди лашкаршикану шамшерзан ва ғаййуру нотарсу содиқ шинохта ва ба хизмати дарбор баргузида мешуданд.

Ва ин иддаои хому хатала, ки Тоҷикон танҳо мардуми фарҳангиву ҳаргиз ба сари дигаре шамшер накашидаанд, ғалати маҳз аст, ки сари мо бо путки идеологӣ бор мекарданд. Фарзи мисол, дилхоҳ Тоҷик медонад, ки дар Армияи Советӣ, ки ҷои намоиши ҷавонмардӣ буд, ҳама аз 2 миллат сахт меҳаросид. Аввал чечен ва баъдан Тоҷик!!!

Хонандаи ҳамешагии мо медонад, ки СССР сар аз шумораи 1 даъво дошт, ки мо миллати тоҷдори ҷанговар, ҷасуру далеру шамшерзану кишваркушо будем, ҳастем ва хоҳем монд. Ва ин рӯйхати, ба масале, “спетснази Амирони Бухоро”, ки имрӯз ба дасти мо расид, далели шайъиву шаръии ҳамин иддаост.  Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube