Вокзали роҳи оҳану Фурудгоҳи ҳавоиро дарвозаи шаҳр мегӯянд. Зеро ки маҳз тавассути ин иншоотҳои бузургу муқаддас ҳазорҳо меҳмони пойтахти кишвари азизамон ба воситаи он ба фарҳангу маданияти халқи тоҷик шинос шуда, баҳо медиҳанд.
Дар вокзали шаҳрамон рӯ ба рӯйи бинои чорошёна, 10 қадам ғарбтари бинои боҳашамати идораи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бинокорони боғайрати пойтахт фаввораи зебои мунаққаше сохтанд, ки мавҷудияти он ба ҳусни шаҳр ҳусн зам мекунад. Вале 100 афсӯс, ки он бесоҳиб буда, солҳои зиёд корношоям гардида, ба партовгоҳ табдил ёфта, дар дохили он пораҳои тарбузу харбуза, баклашкаву ҳар гуна маҳсулотро дидан мумкин аст. Намуди ҳузнангези он на танҳо табъи истиқоматкунандагони бинои чорошёнаро хира мегардонад, балки руҳияи меҳмонони шаҳрро ношод месозад.
Дар ин рӯзҳои гарми саратон ҳатто наврасони мактабхон, ки дар таътили тобистона қарор доранд, наметавонанд, ки аз ҳавои салқини фаввора истифода баранд. Саволи матраҳ ин аст, ки наход кормандони хоҷагии коммуналии ноҳияи Шоҳмансур ва махсусан мутасаддиёни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ин манзараи ҳузнангезро надида, баҳри бартараф кардани ин нуқсон, ки ба зебоӣ ва таровати пойтахт таъсири бевоситаи манфӣ мерасонад, чораву тадбири судбахше наандешанд?
Зариф Ғулом,
адиб
