Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов корҳои ободонӣ дар деҳаҳои Дӯстӣ ва Наистони Ҷамоати деҳоти Ҳусайнободӣ ноҳияи Темурмалик бо маром идома дошта, роҳи асосии он ба масофаи қариб 1 километру 600 метр ба пуррагӣ асфалтпуш шуда истодааст.
Роҳи мазкур солҳои зиёд инҷониб дар ҳолати ногувор қарор дошта, бо мумфаршкунии он мушкилоти сокинону хонандагони ин деҳаҳои номбурда ҳал хоҳад шуд. Дастатон дардро набинад, соҳибкори ватанӣ, Анвар Қурбонов!
О. Достиева,
СССР
