«Вор в Закон»-ҳои ОМ

Кистанд онҳо???
01.12.2023. Дар Ӯзбекистон соҳибкори 73-сола, Абдувалиев Салим боздошт шуд. Дуруст аст, ки ҳамарӯза садҳо нафар дар ину он кишвар боздошту ҳабсу зиндонӣ мешаванд. Вале агар донӣ, хонандаи азиз, ки аслан номи ин шахс Салимбойбача буда, аз авторитет, ё худ «Вор в Закон»-ҳои маъруфтарини Осиёи Марказист, шояд матлабро то охир хонӣ…
Салим-бойбача на танҳо дузди қонунӣ, авторитет, ки аз сарватмандтарин одам дар ҳамсоякишвар маҳсуб мерафт. Ёд дорам, Нуралича ном «авторитет»-ро дар водии Ҳисор куштанд, Акбар Саттори раҳматӣ қисса карда буд, ки ана ҳамин Салим-бойбача ба ҷаноза омадаву ҳукм кард, ки «шумо-тоҷикон агар чунин дузди қонуниро куштед, пас дигар аз республикаи шумо «вор в закон» намерӯяд!».
Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Яъне ҳукми Салим-бойбача барои тамомии олами ҷиноии ОМ амри воқеӣ ва дастури билоиваз будӣ.
Ӯро «пешвои қонунии мафияи ғайриқонунии Тошканд» мехонданд. Дар солҳои истиқлолият ба ҳомии фарҳангу варзиш табдил ёфт. Бештари филмҳои ӯзбекие, ки мебинем, маҳсули ҳамёни ҳамин нафар аст. Ва ин аст, ки дар соли 2015 Ҷоизаи давлатии ҶӮ «Дослик» ва дар соли 2022 Ҷоизаи 16-уми Людвиг Нобелро дар соҳаи фарҳанг гирифт (ниг. ба акс).
Салим Қирғизбоевич Абдувалиевро тамомии давлатҳои абарқудрат бо шумули ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ба феҳристи «олами ҷиноӣ» шомил кардаанд. Худи ӯ дар бораи ин «иттиҳоми бофта» ба шабакаи Узнюс гуфта буд:
«Весь мир называет меня преступником, какой я вам преступник? Я меценат и честный бизнесмен» …
Вале ба назар мерасад, ки бо ба ҳабс гирифтани Салим-бойбачаи «бизнесмени поквиждон» эраи «вор в закон»-ҳо дар ОМ барҳам рехт…

Туркманистон
Сапармурат Ниёзови маъруф бо исми гӯшнавози Туркманбошӣ ин проблемаро ҳамагӣ дар 1 рӯз ҳал кард. Ӯ, баъди пошхӯрди шуравӣ, аз курсии муншии Ҳизби Коммунисти РСС Туркманистон ба курсии президенти Туркманистони соҳибистиқлол такя зада, тамомии олами криминалро ба «сходняк» – маслаҳати ҷиноӣ даъват карда, ҳамаашонро…парронд. Хас каму ҷаҳон пок! Сар аз ҳамон рӯз дар Туркманистон 1 авторитети олами ҷиноӣ нест!

Қирғизистон
Ягона давлатест дар қораи ОМ, ки то ҳанӯз «олами криминал, пахану вор в законҳо» дар сари қудратанд. Зеро республика дар ҳолати анархия қарор дорад. Чӣ ҷои баҳс, ки ҳамагӣ 3 сол пеш, дар таърихи 11.01.2021 сол 2 тан аз зиндон ба сари қудрати давлат расиданд. Яке президент гардиду дигарӣ бо ҳукми аввалӣ раиси Кумитаи амнияти давлатӣ. Бе шарҳу тафсир…

Қазоқистон
Олами криминали Қазоқистон аз дигар кишварҳои собиқ узви СССР бештар «авторитету вор в законе» дорад ва онҳо то шоми 05.01.2022 сарриштаи ҳукумату қудрат дар даст доштанд. То соате, ки дар таърихи 04-05 январи соли 2022 олами ҷиноӣ даст ба табаддулоти давлатӣ назад. Танҳо бо кумаки низомии кишварҳои узви СПАД ё худ ОДКБ Остонаи расмӣ тавонист аз ин кудето ҷилав гирад ва давлатро аз парокандагӣ ҳифз намояд. Аксари «авторитетҳо» ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Тоҷикистон
Боварнокарданист, вале маҳз олами ҷиноӣ аз нахустин «ниҳоде» гардид, ки пас аз фалаҷшавии ҳукумати президент Раҳмон Набиев ва фирори ӯ ба Хуҷанд, пас аз имзои истеъфояш, зери мили тарси 1 криминали дигар, бо номи Мулло Ғаффор… ба майдон резад, аз ҳукумати конститутсионӣ пуштибонӣ кунад ва садди роҳи хунрезӣ гардад.
Хаймазании Ғаффор Седой Мирзоев, Ёқуб Салимов, Исматчаи номӣ, ки аз авторитетҳои олами ҷиноӣ маҳсуб мерафтанд, дар байни 2 майдон – Шаҳидон ва Озодӣ ва даъвояшон, ки «агар тоҷикро куштаниед, пас аз мо сар кунед!», нахустин гоми ватанпарастии ҷинояткорон гардид. Баъдан Сангак Сафарови номӣ ба майдон омад ва Фронти халқиро таъсис дод, ки дар раъси он авторитетҳои олами криминал чун Қурбон Чолов, Файзалӣ Саидов, Ҳикмат Одинаев, Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев, Ҷаббор-десант ва ғ. ҷон ба каф гузошта, кишварро аз фанатизми исломӣ ва хаоси фарогир поккорӣ карданд.

Анҷом
Uznews.uz навишт, бо ҳабси Салимбойбача «поксозии Тошканд аз ҷинояткорони бузург хатм гардид». Ин расона мегӯяд, қабл аз ин мақомоти ҳамсоякишвар 2 авторитети олами криминалро бо номи Саидазиз Сайдалиев (қарзситон-вымогатель) ва Бахтиёр Қудратуллоев (искбанд-пулситон) боздошт ва ҳабс карда буд. Гуфта мешавад, инҳо афродеанд, ки ба имиҷи Ӯзбекистон чун давлати мустақилу ҳуқуқбунёд ва амн соя меафганданд.
PS: Мо аз мавзуъ дур нарафтем, хонанда. Зеро мавҷудияти олами сахтбунёди криминалӣ бо «пахану положенецу вор в закон»-ҳо ба геополитика бастагӣ дорад. Ва абарқудратҳои олам дар ҳама давру замон маҳз ҳамин категорияи одамонро ба майдонҳо кашидаву давлатҳоро барҳам мерехтанду хоҳанд рехт.
Мо Метавонем!
