Баха, Борис, Баҳодур…

Тозарӯён ғутта дар дарёи раҳмат мезананд,

Хулқ кун бо халқ, агар лутфи Худо мебоядат…

11.12.2023. Имрӯз аз марги эркатулфори редаксия, бачаи саркаши СССР, маъруфтарин хабарнигори мардумӣ дар музофот, расо 365 рӯз сипарӣ мегардад. Боварнокарданист, ки соле шуд ӯ дигар бо мо нест. Вале зиндагонӣ ҳамин аст дигар. Рафту омад кори ҳамарӯзаи инсонҳост. Ва мисли Баҳодур, Баха, Борис бояд зист, то мардум фаромӯшат накунанд:

Гӯиё дирӯз буд, ки шамъи ҳама маҳофили мо дар сартосари Тоҷикистони азиз будӣ. Механдид-механдонид; мерақсид мерақсонид; менӯшид-менӯшонид; меҷӯшид-меҷӯшонид; мегуфту мерафту меомаду медоду мехӯрду мебурду меовард… Ҳар ҷое буд саршор аз лутф, меҳрабонӣ, самимият, рафоқат, дӯстӣ, эҳтиром буд. Зеро позитив, сарчашмаи хушбинӣ буд, раҳматии Баҳодур Уроқови нозанин….

Таваллуди Баха чун хабарнигор

Кам касоне медонанд, ки Уроқов журналист набуд. Усулан илми олӣ надошт. Баъди ба кор даромадан, мо маҷбураш кардем, ки соҳиби диплом шавад. Вале то ин дам бе диплом низ 1001 дипломдор паси сар қарор медод. Зеро дипломатияи мардумӣ дошту фарҳанги коргузории Тоҷикона…

Соли 2010. Шаҳрзоди Амин, ҳамоне, ки дар ҷанозаи марҳум набуд, 1 баста СМС-паёмаки нафареро оварду гуфт, «Устод ин бача дар Санкт-Петербург адвокат ё худ ҳомии ҳуқуқии мардикорони Тоҷик аст ва пайваста аз ишон пуштигирӣ менамояд». СМС-ҳояш дар СССР нашр шуданд…

Соли 2011. Нахустин бор меҳмони редаксияи газетаи мардумӣ шуд. Ончунон боғурур, баномус, Тоҷики сарбаланд буд, ки ҷумлагӣ мойилаш гаштем. Сару либоси шик, олуфта, зиёӣ то мағзи устухон, бо мӯи сари ородида ва қомати баланд, дар миёни 8 миллион Тоҷик фарқ мекард. Сӯҳбатҳо доштем. Баргашта, Россия рафт…

  (Воқеан ҳам СССР одамшинос аст. Муҳаммадиқбол Атоев, ки ҳоло номзади илм асту ангуштнамои офоқ, низ мардикоре буду ба редаксия боре меҳмон шуд ва мо ӯро нагузоштем баргашта, ба Россия мардикорӣ равад. Зеро аз чашмонаш нури маърифату сиёсат мешорид ва мо дарк кардем, ки чунин ҷавонҳо дар кишвар лозимтаранд. Мо Метавонем!)

Соли 2013. Уроқови нозанин боз пайдо шуд ва дигар барои абадият худро бо СССР пайваст.

Соли 2014. Шаҳрзоди Амин нахустин ҳуҷҷати «ХМ»-Хабарнигори Мардумӣ ба дасташ қаппонд. Воқеан ҳам, проекти ХМ ин лоиҳаи хубтарини Амин буд, ки садҳо нафарро тарбият намуда, ба ҷодаи журналистӣ роҳ кушод. Фарзи мисол, Далери Эмомалӣ, Муҳаммадиқбол Атоев, Хуршед Фозилов, Муллораҷаб Юсуфӣ…, ки ҳоло бархе аз ишон ҳатто ин мактабро фаромӯш кардаанд ва фикр доранд, ки аз Осмони 7-ум рост ба журналистика афтидаанд, ки ҳаволаашон ба Худо…

Баҳодур аз ин зумра набуд. Баҳодур то соати марг бо СССР ифтихор дошт ва худро парвардаи ин ҳунаристон медонист.

Соли 2015. Бохтар марказу маъмурии вилояти Хатлонро пурра ба даст гирифт. Корпункт кушод…

 

Репортёр ва серном…

21.09.2016. Дар зодрӯзаш, дар хонаи падарияш (он вақт хонаву дар надошт), ҳуҷҷати Хабарнигори СССР-ро ба ӯ супурдем! Аз шӯри шавқи шодиву нишот ба таҳқиқ ба курта намегунҷид. Гулрухсор-ҳамсари меҳрабонаш шодишарикаш буду кӯдакони нозанинаш дар ҳаяҷон…

Соли 2017-2022. Баҳодур бо чандин имзои мустаор матлаб менавишт. Гунае аз раҳматии Мақсудҷон Ҳусайнов, падари Ҷамила Ҳусейноваамон буд. Мақсудҷон низ, ки репортёри сермаҳсул будӣ, дар даврони хеш, бо даҳҳо имзои мустаор матлаб меангошт.

Баҳодур низ репортёр буд. Таври маълум, репортёрҳо зиёд, вале кӯтоҳ менависанд, ки ин мактабро низ бояд ба ҷавонон омӯзонид.

Баха Уроқ, Баҳодури Абдусалом, Баҳодур Уроқов, Борис Салом, Б. Абдусалом… инҳо ҳама куният ё худ имзои мустаори 1 нафар буданд. Нафаре, ки дар олами журналистикаи Хатлон, Бадахшон, Суғд, Тоҷикистон бо номи гӯшнавози Баҳодур Уроқов хеле маъруфу машҳур гашта буд.

Тӯфоне дар зарф

Баҳодур ростӣ, 1 вулқонро мемонд. Куҷое мерафт, хоҳ сафари корӣ бошад ва ё хоҳ нишасти матбуотӣ ҳатман шӯру валвале ба бор меовард. Бе ин наметавонист!!! Танҳо ӯ метавонист соати 1 ё 2-и шаб ба Раиси вилояти Хатлон, раиси Бохтар, раиси Кӯшониён, раиси ш. Кӯлоб занг занад ва мушкилеро баррасӣ намояд!

Бо раисон ошно буд, вале дарди мардум, мушкили мардум, проблеми мардумро ҳатман нашр мекард.

Аз ӯ намеранҷиданд, зеро воқеанигор буд.

Орзуи Карим хабарнигори радиои Озодӣ рӯзи ҷанозааш бо чашмони пурашк ҳамин моҷароро ёд оварда, қисса кард, ки «Ману Баҳодур ҳамеша матлаби танқидӣ менавиштем. Ӯ аз ман ҳатто бештар. Вале раисон, масъулин аз ман хафа мешуданду аз Баҳодур на! Чун кунҷкобӣ мекардам, мегуфтанд, «Баҳодур танқиди созанда дорад ва мо медонем, ки фардо ҳамон хато ислоҳ шуд, ҳатман инро низ дарҷ мекунад!»».

Ӯ воқеан дар даст 2 қаламчӯб-тозиёна дошт:

  1. Тозиёнаи танқид,
  2. Тозиёнаи тавсиф.

Проблемае, ки мевардошт, агар ҳалл мешуд, ҳамон рӯз мунтақидашро тавсиф менамуд, ки ба доди мардум расидааст.

 

Одам бо ҳарфи калон

Ва аммо Одамгарии Баҳодур бештар аз ҳунари журналистияш будӣ! Куҷое мерафт, Гули Сари Сабади маҳфилҳо буд. Ягон вақт шахси 2 будан намехост. Ҳатман риштаи сӯҳбат, базм, тараб, соқигарӣ, рақсу сурудро бар кафи дасти нозанин мегирифт. Бо ӯ дилхоҳ маърака Базми Шоҳона буду бе ӯ базмҳои шоҳона маъракаи дилгиркунанда.

Хеле марди дастурхондор буд. Хонаи кӯчаке, ҳомили ҳамагӣ 2 хонача дошт, вале диле бузург, ки ин хонаҳо ҳамеша лабрези меҳмон будандӣ.

Улфат буд. Базму айшу нӯшро дӯст медошт, ки ҳамин моҷаро ахиран сабаби фавти бармаҳалаш низ гардиданд. Хок хабар набарад ва гӯши соҳиб кар, Баха наметавонист (!!!) бо меҳмонаш ҷоми тараб навардорад! Ҳу, ҳамон меҳмонҳои қадрдоне, ки аксарият ба…ҷанозааш нарафтанд. Вақт надоштанд!!! Вале агар соҳибмансабе, ки 7 пушташро намешиносанду саломашонро алейк намегирад, мабодо фавтад, ин ҳунарманду рӯзноманигору фарҳангиёни «камвақт» дари хонааш саф мезаданд. Аз мост, ки бар мост!

Ҳар кӣ чун гӯр занад ханда ба мотамзадагон,

Чашм дорам, ки фалак дар даҳанаш хок кунад…

Эрка

Баҳодур аз эркаҳои редаксия низ буд. Борҳову борҳо шикоят меомад, ки менӯшад, менӯшад, менӯшад ва кам – кам «хулиганӣ» мекунад. Борҳову борҳо қотеъона, дӯстона, рафиқона, пофишорона, ҳамкорона, профессионалиёна… даъват мекарданд, ки ӯро аз кор озод кунем. Вале мо 1 ҳукм нисбати ӯ содир карда будем, ки ба он содиқ мондем:

– То СССР ҳаст, Баха то мурданаш дар СССР кор мекунад!!!

Чӣ донистемо, ки ингуна ҷавон, ҳамагӣ дар синни 42-солагӣ моро тарк хоҳад кард…

Баха, Баҳодур, Борис…дигар бо мо нест. Аз ӯ 4 кӯдак ба мерос монд, ки бовар дорам, ҳатмани ҳатман сутуни ин давлату ин ватан мегарданд, зеро падарашон чунин буд.

Баъди сари Баха Уроқов СССР фармони нав баровард:

– То СССР ҳаст, фарзадони Баха дар ҳимояти он қарор доранд ва маошашро хонаводааш мегирад!!!

Имрӯз шукри Худо, бо кӯмаки дӯстони азизи газетаи мардумӣ, 2 шоҳписари бузургат, Баха Уроқов дар Мактаби президентии н. Кушониён бо тадрис фаро гирифта шудаанд. Завҷаат низ бо кор таъмин гардид…

Рӯҳат аз мо розӣ ва хотират шод бод, Баҳодур, ки мо туро ва аҳли байтатро фаромӯш на кардаем ва на мекунем. То ҳастему имконият дорем, ба онҳо кумак мерасонем. Ва медонӣ, чаро Баха? Оре, аккурат, аввал ин, ки худат Инсони комили будӣ ва маҳфилорои мо ва ана баъдан тибқи шиори дӯстдоштаат:

Мо Метавонем!!!

Ҷоят ҷаннат ва дидор ба қиёмат, фарзанди эркатулфори СССР…

 

Коллективи кори редаксияи газетаи мардумии СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube