Омори дар кори илмии олими рус овардашуда: муаллимон 79% вақти худро дар ҳолати рост истодан мегузаронанд, онҳо дар 1 рӯз ба ҳисоби миёна 3,5 – 4 соат бо овози баланд ё хеле баланд сухан мегӯянд, рӯзи кории омӯзгор одатан 6 -7 соатро ташкил медиҳад, аммо давомнокии воқеии он 10-12 соат аст, 80% – и омӯзгорон аз норасоии витаминҳо азият мекашанд, зеро маош ва ҷадвали корӣ барои ғизои дуруст имкон намедиҳад…
Инчунин, аз 2/3 муаллимон зери фишори доимӣ қарор доранд. Баландтарин мизони фишор дар байни директор, мудир ва муовинони онҳо ва аз ҳисоби миёна бештар дар байни фанҳои дақиқ, забоншиносӣ ва омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аст. Ба ҳисоби миёна 85% – и ҳайати омӯзгоронро занон ташкил медиҳанд, яъне дар баробари бори таълиму тарбия, бори кори хона ва тарбияи фарзанд низ доранд. 50 % – и муаллимон дар 1 шабонарӯз ба ҷои 8 соат камтар аз 6 соат хоб мекунанд. Танҳо 14% омӯзгорон ба машқҳои пагоҳӣ дастрасӣ доранд.
Ҳар 1 омӯзгори 5-ум дар 1 рӯз ҳамагӣ 2 маротиба хӯрок мехӯрад ва ҳар 1 омӯзгори 2-юм 3 маротиба хӯрок мехӯрад, ҳол он, ки ғизои сабук дар 1 рӯз 4-5 маротиба дуруст ҳисобида мешавад.
80% омӯзгорон наметавонанд дар осоишгоҳҳо (санатория) истироҳат кунанд, ки танҳо чунин истироҳат саломатиро пурра барқарор мекунад.
Файзалӣ Ҷойлобов,
омӯзгор
