БА МУҲОҶИРАТ – БО ДОНИСТАНИ ЗАБОН

Камолиддин Пиров, омӯзгор, сокини ш.Душанбе ба идора занг зада, дар мавриди муҳоҷират ба кишварҳои хориҷ ибрози назар кард.

– Чаро шаҳрвандони мо новобаста аз ин қадар азобу уқубат муҳоҷират ба Федератсияи Россияро интихоб мекунанд? Шояд ба хотири он, ки ёру дӯсту хешу табор доранду забони русиро каму беш медонанд? Чаро мо бо омӯхтани забони англисиву арабиву кореягӣ барои кор ба АМА, Корея ва Аврупо наравем? Чанд сол аст, ки дӯстони ман дар мавсими ҷамъоварии ҳосил ба Британияи Кабир мераванд ва аз ин розиянд. Забон медонанд, меҳнат мекунанд ва албатта пули хуб ба даст меоранд. Ҳоло шарту шурут барои кор ба Корея рафтан ҳам эълон шудаасту бархе аз рафиқон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба омӯзиши забони кореягӣ сар кардаанд. Чаро ҳамагӣ ин корро накунем?

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube