Фархор: бо зиёда аз 5 000 000 сомонӣ соҳибкорону сокинон роҳ сохтанд

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров дар деҳаи Сайф Раҳимзоди Афардии ноҳияи Фархор роҳи мошингарди маҳаллиро пас аз мумфаршкунӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Роҳи мазкур 7,1 километр буда, паҳноии роҳ 6 метрро ташкил медиҳад. Роҳ бо саҳми соҳибкорону сокинони ватандӯсти деҳа бо маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Роҳи мазкур солҳои зиёд таъмир нашуда буд ва ҳангоми рафтуомад дар ҳама фаслҳои сол сокинон ба мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Бо анҷоми ин тадбир, яъне пурра мумфарш шудани роҳ дар ҳама фаслҳои сол рафтуомади мунтазами сокинон, воситаҳои нақлиëт ва интиқоли мусофиру мол комилан осон шуд.

Дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ – 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон таҷдиду мумфаршкунии 144,4 километр роҳҳои автомобилӣ, аз ҷумла бо саҳми соҳибкорон 137 километр ба анҷом расонида шуда, корҳои навсозӣ дар ин самт идома дорад.

Ҷаҳонгиршоҳи Рустамшоҳ,

ш. Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube