Бахшиши Кремл аз “СССР”

Рӯзи 3-юми май бо даъвати ходимони Маркази матбуоти Президенти Россия дар шаҳри Москва ба дафтари он ҳозир шудем. Дар қатори ягона мухбири тоҷдорони рӯзномаи мардумии “СССР” зиёда аз 1000 мухбири ВАО-и дихилӣ ва хориҷӣ барои иштирок дар паради 79-умин солгарди Ғалабаи мардуми Шӯравӣ аз болои фашизми гитлерӣ барои гирифтани иҷозатнома (корти хабарнигорӣ) муроҷиат кард.

Дохили иморати Маркази матбуоти Президент шуда, шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистонро ба қабулгоҳ нишон додам. Ходими Марказ шиносномаи тоҷикиро дидан баробар, аз ҷо 1 қад парида, аввал ба ҳамкораш, баъд ба ман нигоҳи аҷоибе кард, ки гӯё аз чизи хеле ва хеле ваҳшатноке тарсида бошад. Мумкин ба даст шаҳодатномаи тоҷикистониро гирифта, гӯё худро гунаҳкор карда бошад…

Баъдан маълум шуд, ки аз “боло”, яъне роҳбарияти хадамоти бехатарии Кремл дастур шудааст, ки ҳар гуна ҳуҷҷати аз Тоҷикистон омадаро зери назорати махсус гирифта, ҳушёрии дараҷаи аввалро эълон кардаанд, лекин дар миёни 1000 хабарнигор, мухбири “СССР” ягона ва чанд сол аст, ки дар Москва рӯзноманигорӣ дорад.

Муколамаи СССР бо Кремл

-Бо дуруд!-гуфта ба ходими Марказ муроҷиат кардам.

-…-аз ваҳми баланд бошад, ки саломро фаромӯш кард.

-Муҳтарам ҷаноби Марказ! Мебинам, ки ҳатто аз дидани 1 шиносномаи Тоҷикистон шуморо сахт чизе тарсонд, ин аз барои чӣ бошад?

Ходимро аз ному насабаш на дар пеши синаву на рӯйи мизаш нишоне набуд, ба ман бо рӯйи аз тарс каме сурхшуда, нигоҳ кард.

-Ҳи, ҳи, ҳи… Ннее, маан ҳамту нигоҳ кардаам, -гуфта, шиносномаро ба 1  нафари боз ҳам бе ному нишони дигар дароз кард. Ин ҷаноб, аз рӯи номи падару номи ман иҷозатнома (корт)-и барои иштирок дар 79-умин солгарди Ғалабаи мардуми Шӯравӣ аз болои фашизмро аз сандуқча ёфта, ба ман дароз кард. Фаҳмид, ки ҳамкораш хатои азиме карда, ки ислоҳаш маҳол аст, мулоимии худро нишон доданӣ шуд, ки он тарси ҳамкорашро рӯпуш кунад, лекин “Ӯ” натавонист.

-Ооо. Ҳи, ҳи, ҳи. Чӣ хеел номи зеебои аҷоииб, рӯзномаи “СССР”!? Ин “СССР”-аш дар куҷо бошад? –гуфт бо хандаи заҳрнок.

-Дар Тоҷикистон. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол. Медонед, ки чунин кишвар бо Россияи дӯст арзи ҳастӣ дорад?!-бо сари баланду садои баланд гуфта, худро шинос кардам.

-Хееле хууб, хееле олиҷанооб. Аввалин бор унвони чунин рӯзномаро мебинам.

-Барои чӣ? Ин рӯзнома наздики 18 сол то ин ҷониб дар Осиёи Миёна хеле фаъол аст ва мухбираш низ дар Вазорати корҳои хориҷии Россия аз қайди расмӣ гузашта, солҳост, ки дар қаламрави Россия ва ба хусус дар бузургшаҳри Москва, дар Кремл, хабарнигорӣ дорад. Афсӯс, мебинам, ки Шумо ба дигарон кам аҳамият медиҳед, ҳатто ба назар ҳам намегиред, бисёр замон эҳтиром низ намекунед, ки камбудии хеле гарони шумост гардидааст.

Ба ҳамин аҳвол, чанд корманди Марказ фаҳмиданд, ки пеши мухбири “СССР” ноэҳтиромӣ, гуноҳи азим карданд, ноилоҷ сари хам “бубахшед” гуфта, маро гусел карданд.

Хулоса, барои намойиши ин маъракаи муҳими “9-май-Рӯзи Ғалаба” мухбири “СССР” аввалин бор иҷозати расмӣ гирифта, барои иштирок омодагӣ дорад. Репортажи моро интизор бошед. Мо метавонем!

 

Шамсиддини Муқим,

Москва, Майдони Сурх,
“СССР”

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube