100 гр арақ барои саломатии сари 200 гр майна
Мӯъҷизаҳои худованд хеле зиёданд ва беҳтарин мӯъҷизаи илоҳӣ ин одам аст. Замоне, ки худованд инсонро аз гӯшту устухону дилу ҷигар ва шушу гурдаву пӯсту нохуну ҳазорон микроорганизмҳои дигар офарид, аз ҳама боло дар косахонаи сар мағзро эҷод кард ва дар он ақлро маскан намуд. Ба исботи илми муосир мағзи сари инсон аз 1100 то 2000 грамм вазн дорад. Ҳамин узвҳои инсонӣ, ҳамчун “бани одам аъзои якдигаранд” бо торҳои борики асаб то ба мағзи сар, ё ақл пайваст гаштаанд ва мунтазам аз фаъолияти якдигар дар алоқаанд. Ва ” чу узве ба дард оварад рӯзгор”, ё худ ягон иллате ба узве пеш ояд, ҳамон лаҳза ба Марказ, ба ақл хабар ва ҳамин Марказ пайи муолиҷаи ин узв мегардад, зеро “дигар узвҳоро намонад қарор”. Аксарият бар онанд, ки асаб аз торҳо иборат мебошад, вале офаридгор ин узвро аз моеъ бино намудааст. Ба таҳқиқи илми тибби ҳозира, 65 фисади асаб иборат аз об буда, 35 фисади дигар дар органикҳои сахт ба монанди сафеда, липид, углевод ва дигар бунёд ёфтааст. Дар таркиби ин моеъ, асаб, зиёда аз 25 миллиард нейрон ҷойгиранд ва ҳар яки он дар алоҳидагӣ вазифаи махсуси худро ба анҷом расонда меоянд. Асаб бо тарзи устокорона ба кулли дигар узвҳо пайваст гардидааст, магар нохуну мӯй ва шуш. Дар ҳамин ҳол, аз асаб берун мондани нохуну мӯй тақрибан зиёне надорад, зеро инсон дарозшавии онро бо чашм мебинад ва дар ҳолати зарурат аз он пешгирӣ мекунад. Аммо аз ҳолати шуш бехабар мондани асаб зарари ҷиддие ба ҳамаи узвҳои инсон меоварад. Шуш мунтазам, чӣ дар хоб ва чӣ дар бедории хоҷааш, дар фаъолият аст. Аз ин рӯ, агар ҳамин узв бо асаб дар пайвастагӣ мебуд, инсон нафас кашида наметавонист. Яъне боз ҳам бузургии илми Худованд аст, ки ҳанӯз инсоният ба он сарфаҳм рафта наметавонад. Ва аммо тавре, гуфтем бехабарӣ аз шуш ҷиҳати нохубе низ дорад. Чун асаб аз шароити кору саломатии дигар узвҳо ба пуррагӣ хабардор аст ва намегузорад то онҳо мубталои дарде гарданд ва дар лаҳзаи зарурӣ огаҳ ба “боло” мекунад, пас аз касалманду мариз гаштани шуш бехабар мемонад ва хабари маризии шушро то ба хоҷа, ақл расонда наметавонад, ки ахиран он ба нобуд гаштани ҳамаи система ва ҷисм дар якҷоягӣ бо ақл оварда мерасонад.
Ҳолатҳое ҳастанд, ки ҷисмро мушкилоти зиёде рӯйи кор меояд ва ин мушкилот пеш аз ҳама ақлро азоб медиҳад, хароб мекунад. Ақли носолим чун мебинад, ки камбуду мушкилот зиёд гаштан дорад ва барои халосӣ аз ин “бало” ҷисмро ба майхорагӣ мебахшад ва худро ба нодонӣ мезанад, ки таасуф, ҳам худ ва ҳам ҷисмро ба ҳалокат мерасонад.
Ақлро мар ақлҳо ёрӣ диҳад!
Ҷомеа низ ҳамин ҳолати организми инсонӣ аст ва дар он ҳар як узв ҷою мақоми хосаи худро дорост ва ҳар кадоме бояд дар фаъолияти худ густохӣ ва танбалӣ надошта бошад. Бигирем ақлро, ки то 2000 грамм аст. Агар ҳамин шумора набудӣ, пас ӯ носолим аст ва қудрати ҳукмронӣ надорад. Ва дар ҷомеъа ин қисмати роҳбарият ба шумор меравад ва дар сатҳи болоӣ қароргир аст. Яъне, кулли ҷомеаро мебояд роҳбарӣ кард ва аз дарду мушкилии он хабардор мебояд, буд, зеро боқӣ узвҳо ҳамин раиятанд. Оддитарин мушкили ҷомеаи имрӯзаи мо, ин дарёфти ғизо мебошад. Агар инсон хӯрокҳои гуногуни витаминдор истеъмол карда натавонад, ҳарчӣ зудтар харобу лоғар мешавад ва дар ин маврид гирифтори ҳар гуна касалиҳо мегардад. Ёдовар мешавем, ки ҷисм ва ё организми одам тақрибан аз тамоми элементҳои кимиёвӣ бархӯдор аст ва ҳамин элементҳо бо истеъмоли ғизои гуногун ба монанди меваю сабзавот, гӯшту моҳӣ, ширу маскаву равған, шириниву турушӣ ва дигар мавод қавитар мегарданд ва инсонро аз сирояти ҳар гуна беморӣ эмин медоранд. Ва оё ақл гуфта метавонад, ки ҳамин раият чӣ муддат аст, ки аз истеъмоли инчунин ғизо барканор мондаанд? Ҳамин раият, ё узвҳои дигар дар муҳоҷирати кории бегонагон (ғуломӣ) дар чӣ азобу кулфатанд? Оё Ақлро боре андешаи беҳисоби мурдагони раияташ дар хориҷа, ки барои дарёфти қути лоямуте рафтаанд, ба ташвиш намеоварда бошад?
Оё Ақл дар мавриди муриши сокинони ноҳияи Восеъ аз марази сил пешгирӣ карда наметавонад? Оё Ақл намедонад, ки умри миёни сокинони ҷамоати Пахтакори ҳамин ноҳия ҳамагӣ каме бештар 30 сол аст? Ақлро лозим будӣ, то боре аз ҳамин мавзеъ дидан кардану бо мардуми он сӯҳбат оростан. Занҳои ҷавон мисоли пирзанонанду мардон бошанд пирмади садсоларо мемонанд, ҳол он ки ҳамагӣ 28 – 30 сол доранд.
Ақлакҳо ё асабҳои асабонӣ – журналистони муосир
Ба ҷону ҳафт фарзандам қасам, ки ҳама рӯза аз дидани ҳамсояҳову хешон ва ҳамтоҳои худ ашки чашмонам мешоранд, аммо чӣ кор карданамро намедонам. Ё шояд ба майнӯшиву нашъамандӣ пардозаму худаму асабамро ором намоям? Мегузарем ба сари асаб ва хоҳем нишон дод, ки дар ҷомеаи инсонӣ ин тоифа киҳоянд ва Ақлро ором намегузоранду пайваста азобаш медиҳанд. Ва ҳамин Ақл аз ин асабҳо ба ҷон задаву аз онҳо безор шудааст, вале чун ҷойи паногоҳ пайдо карда натавонист, иҷборан онҳоро бурридан дорад. Ҳамин асабҳо журналистони имрӯзаи банангу номус мебошанд, ки намехоҳанд ин Ақл бо бадани заифу лоғару мариз зери хок шаванд.
Раҷабу Мираҳмаду Мухтор – асабҳои бурридаи миллат
Бубинед, яке аз торҳои ин асаб, журналист Сайёфи Мизроб боре дар як мақолаи худ бо номи “Рӯзи сиёҳи миллат” генотсиди миллатро нишон дода, дар он одамкушҳо (тоҷиккушҳо) – и русро интиқод карда, рӯйхати зиёди шаҳидони ҳаммиллатамонро, ки дар Федератсияи Русия кушта шудаанд, овард. Ҳамин мақола Ақли моро ончунон ба ғазаб овард, ки … аз Сайёф қотеъона талаб кард, то … аз тоссарҳои урусӣ ва Сафорати Русиё… бахшиш пурсад. Аммо “хушбахтона”, (мебахшед), дар шаҳри Санкт-Петербурги ин давлат Хуршедаи 9 – солаи тоҷикро неофашистони урусӣ бо чанд зарбаи корд ба қатл расониданд ва ин амал дар ҳамаи давлатҳои Аврупо қаҳру ғазаби оммаро овард. Вале Ақли мо инро нафаҳмид, ва ё фаҳмидан нахост. Охир чӣ гуна ҳам мефаҳмад, дар ҳоле ки Президенти кишвар дар як ҷаласаи бо зиёиёну ҳокимон гузарондааш тақозои он намуд, ки мурдаҳои муҳоҷирони тоҷик аз хориҷа бо таври ройгон интиқол дода шаванд. Ва ҳамагӣ қарсақ заданд, қарсакҳои бардавому дуру дароз. Гӯиё ин мурдаҳо узви онҳо набуданд ва нестанд. Вале ақлаке аз ин Ақлҳо боре нагуфт, ки пеши ин қатлгароиро бояд гирифт, то дигар на ройгону на пулакӣ мурдаи тоҷикро аз кишвари “бародари бузург” накашем. Баръакс, ин ақлакҳо асабҳои ақлвайронкунро аз беху бунаш канда мепартоянд. “Неруӣ Сухан”- ро бо сармуҳаррираш бояд ба маҳкама кашид, “Рӯзӣ нав”- ро қонунан баставу Раҷаби Мирзоро мурданивор бояд кӯфт, “Одаму Олам”- ро аз рӯйи олам бояд хат зад, то дигар бор Ақлро ташвиш надиҳанд. Бале, Ақли мо ҷарроҳи машҳур гардидааст ва ҳар асабаке агар халалаш намояд, ҳатман ҷарроҳиш мекунад. Дигар асабҳо ҷуръати рӯйи рост гуфтани мушкилу камбудиро надоранд. Аз ин хотир, баъзе аз эшон исмашонро дигар мекунанд ва ё бо “псевдоним” мақола иншо мекунанд. Баъзеи дигар шогирдони Убайди Зоконӣ гаштаву ба тарзи “памфлет” камбуду норасоиҳоро пардапӯшона менависанд.
Ҳудуди Ақл ва анҷоми фитна
Аммо мӯҳтарам Ақлҳо, ба торҳои асаби хеш чанг мезанед, ки дарозии умри Шумо аз ҳамин асабҳо – рӯзноманигорону журналистони ошкорбаён вобастагии зиёд дорад. Бидонед, ки баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки асаб ақлро фиреб медиҳад. Зеро сурати берунаи зеборо худатон низ ба хубӣ дар оина мебинед, аммо сиратро бояд аз дигарон фаҳмид.
Қиёмиддин Мирзоев,
(Баъди нашри ин матлаб, дар синни 45- солаги муаллиф вафот кард)
16.10.2008
