SOS! НОМҲОИ ТОҶИКӢ АЗ БАЙН МЕРАВАНД!

Тақрибан -15 сол пеш дар як мақолаи калони худ бо номи «Ном ва худшиносии миллӣ», ки он замон ҳаракатҳои дингароёнаи ифротгарою навзуҳуре мисли салафиён ба таври осон ва озод чанд сол боз дар фазои иттилотию байни ҷомеа амал намудаву, аслан фаъолияти онҳо ба зарбулмасали тоҷикии «зери коса, нимкоса» шабоҳат дошт, оид ба амалҳои нанговари ин ҳаракати иртиҷоӣ, ки дар роҳи тарғиби ивази номҳои зебои ориёӣ ва хосатан қаҳрамонони эпоси миллиямон «Шоҳнома» хело мекӯшиданд, гуфта гузаштам.

Баъдан ин мақолаву дигар андешаҳоро дар бораи номҳои зебои ориёии Рустам, Суҳроб, Фаридун, Сом, Исфандиёр, Эраҷ, Баҳром, Ҷамшед, Хуршед, Фаромуз, Сиёвуш, Манижа, Манучеҳр, Комрон, Дилнавоз, Таҳмина, Рудоба, Яздонбахш, Нурангез, Фарангис, Аноҳита, Фирдавс  ва ғайраҳо, ки ин номҳо аз қаъри асрҳо аз ҷониби Худованди лакбахш ба мардуми ориёӣ арзонӣ дода шудаву маънои ҳамаи ин номҳои ориёӣ, нуру сафо, таҳамтанӣ, далерӣ, рӯинтанӣ, шуъои шоҳона ва монанди инҳоро доранд тариқи расонаҳои чопӣ ба хотири бедории миллат иншо намуда будам. Муттаасифона мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки руҷӯи арабикунонӣ ва дар ин асос ифротикунонии ҷомеаи пешқадаму дунявии Тоҷикистони озоду демократӣ айни замон бо маром давом дорад.

 

Амали тарҳрезигаштаи ҳаракатҳои нажодпарастии арабҳо

Дар ин асос яке аз роҳҳои асосие, ки ба хотири гум кардани асолату ақлу хирад ва ифтихори миллӣ гурӯҳҳои иртиҷоию дингарои ғайритоҷик – ғайриориёиии ҳаракатҳои панарабизм ва панисломизму пантуркизм пеш бурда истодаанд ин муборизаи ба истиллоҳ «фронти зидди эпоси миллии мардуми форсинажод «Шоҳнома» ва дар ин асос номҳои ориёнии тоҷикист, на чизи дигар. Мардуми камхон ва бесаводи тоҷик, ки имрӯз зери ҷаҳолати ба истиллоҳ руҳониёни бесавод ва хосатан «муллоҳои дайду» мондаанд, ба панду насиҳатҳои «ин олимони дин» оиди куфр будани номҳои тоҷикӣ – ориёӣ афтода, кӯшиш мекунанд, ки аз номҳои аҷдодии нафису зебои худ дур гашта, ба худ номҳои арабиро, ки аксаран маънои дуруште доранд, гиранд. Ин амал бошад хиёнат ба модари тоҷик, давлату миллат аст на чизи дигар.

Пайғамбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (дуруд бар руҳи поки ӯ) дар ҳадисҳои набавии худ фармудааст, ки ба фарзандон номи накӯ гузоред, на номҳои арабӣ, ки бархе аз онҳо дар тарҷума ба тоҷикӣ маънои «хаси пас аз таваллуди уштур ва ё гӯсола»-ро доранд. Дар ҳамон мақолаам гуфта будам, ки масъаларо саҳл бояд ҷомеа ва низоми давлатӣ напиндорад, ин тарғиби ивазкунии номҳои ориёии тоҷикӣ як амали тарҳрезигаштаи ҳаракатҳои нажодпарастонаи арабҳо зери ниқоби дини мубини ислом аст на чизи дигар. Ин ҳаракатҳо бо ҳамон гуна амал дар муқобили иди худовандии сари сол «Наврӯз», ҷашнҳои «Сада», «Меҳргон», «Шаби Ялдо» ва дигар урфу одатҳои қадимаи миллати мо дар набард қарор доранд ва муқобили чунин мубалиғони бешуур ва чунин амалҳо танҳо бо як панду насиҳат намешавад, ки пеши роҳи онҳоро гирифт.

 

Номҳои тоҷикӣ аз байн мераванд!

Мисоли барҷастаи он, ин аст, ки ҳафтаи гузашта зимни сафари хизматиям дар н.Восеъ дар якчанд мактабу муассисаҳо вобаста ба Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва эълом гаштани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» вохӯрӣ анҷом додам. Дар яке аз мактабҳои маркази н. Восеъ, ки дар замони истиқлолият сохта шудаву шароити бисёр хубе низ барои хонандагону омӯзгорон муҳайё гаштааст, дар ҳузури бештар аз 300 хонанда зимин вохӯрию суҳбат оид ба тарбияи ватандӯстӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ камина аз «Шоҳнома» ва муаллифи он «Донои Тӯс» ёд кардам. Ба суоли ман дар бораи аз байни аҳли нишаст чанд нафар доштани номҳои поку зебои Рустам, Суҳроб, Сом, Фаридун, Эраҷ, Манижа, Манучеҳра… аз байни устодон то шогирдон ҳамагӣ 2 нафар хонанда, ки яке Суҳробу дигаре Фирдавс ном доштааст, дигар ягон толиба, талаба, муаллима, муаллим чунин номҳои тоҷикиро надоштаанд. Ин амал бошад бародарон мояи сахти нигаронии ҷомеаи мо бояд бошад. Ҳатто замони коммунистсолорӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ низ кор то ба ин дараҷа набуд. Ёд надорам, ки русҳо ва болшевикон нисбати номҳои зебои ориёии мо тоҷикон овоз баланд карда бошанд!

 

Рустаму Суҳроб ва Таҳмина мояи ифтихори тоҷик

Шумо бубинед, ки ҷаҳони миллатпарасту арабпарастӣ кишварҳои арабӣ чи гуна дар муқобили Халиҷи Форс ва гулӯгоҳи Ҳурмузи миллати мо, ки зиёда аз 4 ҳазор сол чунин ном доранд, ба таври ҳасудона ва бахилии хоси араби нимваҳшӣ дар пайкоранд ва мехоҳанд, ки номи халиҷ на Форс, балки араб бошад.

Аз овони хурдсолӣ ёд дорам, ки номҳои Рустам, Суҳроб, Фаридун, Эраҷ, Исфандиёр, Сом, Таҳмина, Сиёвуш, Манижа, Гурдофарид…  мояи ифтихори ҳар як тоҷик буданд ва дигар миллатҳо низ аз номҳои мо баҳра мебардоштанд, зеро дигар мардуми даштнишин ва тамадуни бодиянишинӣ дошта, аз фарҳанг зиёдтар дар канор буданд ва номҳои гӯшнавозӣ тоҷикии хосатан «Шоҳнома» онҳоро ба тарафи худ мекашид ва ҳоло низ чунин аст.

Аз ин рӯ манъи пурраи номҳои арабӣ ва сахттар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ дар нисбати таҳқиру пастзании урфу одатҳои ориёии мардуми мо, барои тарғибу ташвиқи панарабизм ва дигар амалҳои ифротгароёна аз тарафи ҳаракатҳои зиддимиллӣ, ҳамчунин бекор кардани мораторияи ҳукми қатл дар нисбати чунин ашхоси зиддимиллӣ ва бо иборае «Заҳҳокони даврони мо» мо ба манфиати кор хоҳад буд.

Дар ин асос ҷомеаи хело бесаводи моро чандин сол боз ба ном «нухбагону ҳомиёни дин» талаққӣ карда истодаанд, ки «дар ин дунё ба ғайр аз тоату ибодат дигар ҳама кор пушаймонӣ дорад». Ақаллан андешае намекунанд, ки инсоният, фарзандони динҳои яҳуду насоро ва будоияву болшевикҳои ҷиноӣ ҳавопаймоҳои бузурги «Боинг», «Ту-154», «Мираж» ва ғайраҳоро истеҳсол намудаву ин «нухбагону ҳомиёни дин» тариқи ин техникаи аз тарафи ақли инсонӣ бо кору пайкори зиёд офарида, дарзамон роҳат карда ба Макка ва Мадина парида рафта, ҳаҷ карда онсон ба ватан бармегарданд!

Меандешам, ки ҳатман пеши чунин ҳаракатҳо дар зудтарин фурсат бояд гирифта шавад. Фардо ҳатман дер хоҳад шуд…

 

Варқаи Зайниддин,

ҳуқуқшинос,

махсус барои СССР 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube